Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қосим Ғорифӣ: "Ин инқилоб набуд, таҷовузи Артиши Сурх ба Бухоро буд" ВИДЕО


Қосим Одинабеки Ғорифӣ
Қосим Одинабеки Ғорифӣ

Донишманди тоҷик Қосим Одинабеки Ғорифӣ мехоҳад, ки таърихи асри гузаштаи тоҷикон бознависӣ шавад. Ӯ дар рисолаи илмияш, ки дар Узбекистон дифоъ кард, воқеаҳои соли 1920-ро дар Бухоро "на инқилоб, балки таҷовузи Артиши Сурх" номидааст.

Хабарнигори Озодӣ дар оғоз аз Қосим Одинабеки Ғорифӣ дар бораи рисолааш ва зарурати таҳқиқи мавзӯи сарнагунии Амороти Бухоро пурсид.

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Ҳанӯз дар давраи Шӯравӣ, вақте аспиранти Академияи улуми кишвар будам, рӯйи ин мавзуъ кор кардам. Пас аз эълони бозсозӣ, дар солҳои 1988-89, аспирант будам ва дар бойгониҳои Маскав, Тошканд, Душанбе ва Қӯрғонтеппаи собиқ таҳқиқро идома додам. Яке аз ангезаҳои асосӣ ин буд, ки Артиши Сурхро озодкунандаи ин сарзамин медонистанд, вале вақте ҳуҷҷатҳои махфӣ боз шуд, ман ҳам дастрасӣ пайдо кардам ва ҳақиқатро дигаргуна дидам.”

Радиои Озодӣ: Чӣ дидед дар ин ҳуҷҷатҳо?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Пеш аз ҳама онро дидам, ки инқилобе, ки гуё дар Бухоро рух дода бошад, инқилоб набуд, дурӯғ буд.”

Радиои Озодӣ: Ба мавзӯи инқилоб дар давоми суҳбат мерасем. Дар бойгониҳо чӣ ҳақиқати таърихиро дидед?

Дар Бухоро ҳарчанд норизоятӣ буд, аз ҷумла дар худи шаҳри Бухоро ва ё дар Ғарму манотиқи дигар шӯришҳо буд, замина барои инқилоб вуҷуд надошт

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Он ҷо як телеграммаеро дидам, ки Ленин аз Маскав ба Фрунзе фиристода буд. Тарҷумааш ба забони тоҷикӣ чунин мешавад: ҳар касе дар сараш салла дорад, ҷома мепӯшад, ҳисоб кунед, ки ёвари босмачиҳост ва то се ҳисоб карда, дар ҷояш паронед. Он гоҳ дар Осиёи Миёна сиёсат татбиқ мешавад. Баъдан ҳуҷҷатеро дидам, ки дар Душанбе, дар ҳамин теппаҳои ғарбии болои корхонаи сементбарорӣ, наздик ба 3 ҳазор одамро парондаанд. Дар Кӯлоб низ ҳамчунин. Аз ин рӯ, ҳамон вақт ният кардам, ки агар як рӯз зинда монам, таърихи ин давраро дигар хел бояд навишт. Бояд мардум ҳақиқатро донад. Инҳо бобову бобокалонҳои мо буданд.”

“Ҳамроҳшавӣ не, забткорӣ”

Радиои Озодӣ: Дар охири солҳои 80-ум ба таҳқиқи ин мавзуъ оғоз кардед ва соли 1992 китоберо бо номи “Аморати Бухоро: тахти вожгун ё истилои болшевикӣ” ба нашр расонидед. Аммо рисоларо соли 2023 дифоъ кардед. Чаро ин қадар дер?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Устод Ҷалол Икромӣ китобе доранд бо номи “Тахти вожгун”. Ман дар ин китоб инро навиштам, ки ҳамин кор тахти вожгун буд ё истило? Истилои болшевикӣ буданашро дар китоби худ исбот кардам. Албатта, бар асоси ҳуҷҷати бойгониҳо. Дар мавриди дифоъ кардани рисола. Мехостам мавзуъ бо номи “Ҳуҷуми артиши Сурх ба Аморати Бухоро” дифоъ шавад, ки номи мавзуъ дар он вақт қобили қабул набуд.”

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Бале, дар Тоҷикистон, дар ҳамон вақт. Ин кор хеле давом кард ва баъдҳо аз матбуоти Осиёи Миёна огоҳӣ пайдо кардам, ки соли 2008 қарори ҳукумати Узбекистон дар мавриди бознигарии ҳаводиси солҳои 20-ум содир шудааст. Чун мавзӯи ман мувофиқ ба таърихи Бухоро буд, кори худро бо забони русӣ дар Шӯрои ҳимояи корҳои илмии Донишгоҳи давлатии Бухоро дифоъ кардам.”

Радиои Озодӣ: Дар таърихнигории Осиёи Миёна, аз ҷумла таърихнигории Тоҷикистон дар китобҳои дарсӣ менависанд, ки “ҳамроҳшавии Осиёи Миёна бо Русия”. Дар китоби Шумо хондем, ки бо ин фикр розӣ нестед. Дар ҳақиқат чӣ буд?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Чӣ гӯям?! Аслан сиёсати давлати Русия барои баромадан ба баҳри гарм буд, ки то кунун ба он муяссар нашудааст. Ҳоло тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бандари Чобаҳори Эрон роҳ пайдо карда истодаанд. Орзуяшон буд, ки ба ин даст ёбанд. Дувум, аз замони сохта шудани қалъаи “Верний” дар Алмато ва Бишкек забт оғоз шуд. Ҳеч гоҳе ҳамроҳшавӣ набуд, ин дурӯғ аст, балки забти Осиёи Миёна аз сӯйи ҳукумати подшоҳии Русия буд, ки аввал Верний, Тошканд, Қиззилтеппа ва баъдан қисме аз Бухоро то Когон ғасб шуд. Баъди ба қудрат расидани Ленин ин сиёсат дағалонатар давом ёфт ва ин ҳамла ба Бухоро ҳам сурат гирифт.”

Бомбаборони Бухоро дар рӯзи 2-юми сентябри соли 1920 (аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ)
Бомбаборони Бухоро дар рӯзи 2-юми сентябри соли 1920 (аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ)

Мактубро ба номи Ленин кӣ навишт?

Радиои Озодӣ: Дар таърих мехонем, ки мардуми Бухоро дар симои Файзулло Хоҷаеву ҷавонбухориён ё коммунистҳои Бухоро ба Артиши Сурх нома навиштанд, ки биёеду моро аз зулми ҳукумати Бухоро халос кунед. Ин нома то куҷо ҳақиқат дорад, оё инҳо аз пеши худ навиштанд ё водор карданд, ки ҳамин гуна як нома навишта шаваду заминаи ҳуқуқии ҳуҷум ба Бухоро пайдо гардад?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Мо аз таърих нағз медонем, ки бори аввал хостанд, амири Бухороро сарнагун кунанд, ки ноком шуданд, “Воқеаҳои Колесов” агар шунида бошед. Дуюм, Файзулло Хоҷаеву тарафдоронаш ҳатто ҳазор нафар ҳам набуданд. Ҳаминҳо низ байни худ ба гурӯҳҳо тақсим мешуданд. Шояд мактуб бо қалами Абдурауфи Фитрат навишта шуда бошад, аммо имзои Хоҷаев аст.”

Радиои Озодӣ: Чаро дар идома Русия тасмим гирифт давлати Бухороро аз байн барад, дар ҳоле ки ин як давлати нимамустамлика буд ва ба ҳама хостҳои Русия розӣ мешуд?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Он вақт ин ҳарфҳо буд, ки гуё ҳаракати муқовимат алайҳи Русияи болшевикӣ дар Фарғона бо амири Бухоро робита дорад. Дигар ин ки гуё Олимхон бо Эрону Афғонистон ва Англия робита дораду дар оянда хатаре ба вуҷуд меояд. Аммо ҳукумати болшевикии Русия медонист, ки ҳукумати Бухоро тавоноие надорад, ки пеши роҳи Артиши Сурхро бигирад. Асноде, ки ман дидам, он ҷо маълумоте буд, ки ҳарчанд амир қудрат надошта бошад ҳам, мардум барои муҳофизати дару бум, нангу номус ва Ватани худ бармехезанд. Ҳам дар Бухорои марказӣ, ҳам шарқию ғарбӣ.”

Радиои Озодӣ: Саранҷом натиҷа ин шуд, ки Артиши Сурх ба Бухоро ҳуҷум кард. Аз рӯйи навиштаҳо, аз ҷумла осори академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, бар асоси тавофуқи пешакӣ бояд Аҳмадҷони Ҳамдӣ раиси Кумитаи инқилобии Бухоро, яъне роҳбари давлат мешуд. Вале ӯ ба бомбаборон кардани шаҳр розӣ намешавад. Баъдан мебинем, ки Абдуқодир Муҳиддинов, яке аз рӯшанфикрон ва чеҳраҳои пештози вақт ин мақомро мегирад. Оё дар бойгониҳо асноде ҳаст, ки Муҳиддинов ба бомбаборон кардани Бухоро розӣ шуда бошад?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “На. Мактуб менависад Файзулло Хоҷаев. Дигарон, Ҳамдӣ, аз ҷумла Муҳиддинов низ имзо мемонанд. Хоҳиш мекунанд, ҳуҷум сурат бигирад. Сипас ҳеч каси дигареро гӯш намедиҳанд, русҳо худашон аз Когон ба василаи ҳавопаймоҳо ба шаҳр ҳуҷум мекунанд. Дар назар дорам Артиши Сурхро, худи русҳо ҳам аз ин сиёсати нодуруст зарари калон дида буданд. Аз сӯйи дигар Файзулло Хоҷаев роҳбар таъйин мешавад, раиси Шӯрои нозирон. Ин Шӯро тамоми соҳаҳоро раҳбарӣ мекард. Ҳатто намояндаи Коминтерн менависад, ки дар Бухоро ба ҷойи як амир 100 амир пайдо шуд. Вақте ман ба Бухоро рафтам, ҳатто солҳои 2022-23 танҳо хонаҳои хешу табори Файзулло Хоҷаев саломат мондаанд, дигар ҳама зери бомбаҳо вайрон шуда буданд.”

Радиои Озодӣ: Пайомади ҳамин ҳуҷум чӣ қадар хисорот дошт?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Шумо нағз медонед, ки Бухоро маркази илму маърифат буд. Ҳатто то соли 1920. Ҳарчанд пасмонда буд ва вазъияти иқтисодиву иқтимоияш дар он даврон баробар ба Афғонистону Эрон буд. Шумо тасаввур кунед, ки дар асри 21 Эрон то куҷо пеш рафт. Илму маърифат аз Шарқ ба Ғарб кӯчида буд. Ба ҷуз аз Русияи подшоҳӣ ва ҳукумати болшевикӣ дигар касе ба Бухоро сармоягузорӣ намекард, маҳсулотро касе намехарид. Аз сӯйи дигар молҳои истеҳсолии Русия низ дар бозори ҷаҳонӣ харидори кам дошт. Осиёи Миёна бозори хубе барои Русия буд.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

"Инқилоб набуд, таҷовузи Артиши Сурх буд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:43:48 0:00

Чаро ишғол буд на инқилоб?

Радиои Озодӣ: Ин ҳуҷум дар таърихи мо бо номи Инқилоби Бухоро ёд мешавад. Бархе донишмандон бо ин розӣ нестанд. Аз назари Шумо, агар инқилоб набуд, чӣ буд?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Аз назари ҷомеашиносӣ, аз назари илмӣ дар Бухоро замина барои инқилоб вуҷуд надошт. Ҳарчанд норизоятӣ буд, аз ҷумла дар худи шаҳри Бухоро ва ё дар Ғарму манотиқи дигар шӯришҳо буд. Аммо ба ин маъно набуданд, ки инҳо барои сарнагунии низом ё амир талош кунанд. Ин инқилоб набуд, ҳизби комуннист обрӯй надошт, ҷавонбухориёнро ҳатто мардум чашми дидан надоштанд. Фикри инҳо ба ислоҳоти мактабу маориф ва ин чизҳо банд буд, муваффақиятҳое ҳам доштанд. Вале дар маҷмуъ замина барои инқилоб вуҷуд надошт. Ҳатто вақте амири Бухоро баъди бомбаборон аз шаҳр фирор мекунад, мардум аз пушташ гиря мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Аммо ҳамин гиря кардани мардум, ҳамин ки мардум ҷонибдори ҷадидону навгароҳо набуданд, аз назари бархе донишмандони мо гуё ҷаҳолати онҳо бошад.

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Аввалан мардуми одӣ моҳияти инро ҳис намекард, ки пешрафт бояд бошад, мактабу маорифи нав низ бояд бошад. Инро амир ҳис мекард. Бояд нагӯйем, ки амир як шахси бесавод буд. Ба ёд дошта бошед, ки ӯ Корпуси кадетии Петербургро хатм карда буд, таҳсилоти аврупоӣ дошт. Дигар ин ки шоир низ буд, сеюм илми исломӣ дошт. Чаҳорум, вазъи ҷаҳонро ҳис мекард. Дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба Русияи подшоҳӣ ёрии бузург низ кард. Дар маҷмуъ мефаҳмиданд ва барои пешрафт ҳаракат дошт, аммо фурсат даркор буд. Масалан миёни амир ва Георгиий V ҳатто шартнома буд, ки то соли 1921 роҳи оҳан то Кӯлоб бунёд шавад. Аммо инро Эмомалӣ Раҳмон дар асри бистуяк бунёд кард. Агар Русияи Сурх ба Бухоро ҳуҷум намекард, шояд ин чизҳо барвақт амалӣ мешуд.”

Радиои Озодӣ: Аз байн рафтани давлати Бухоро хуб буд ё бад?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Ба назари ман бад. Якум, аз қадимулайём аз давлати Исмоили Сомонӣ то давлати амири Бухоро забони давлатӣ форсии тоҷикӣ буд. Тамоми низоми давлатдорӣ низоми давлатдории Сомониён буд. Пас, давлати мо ҳам будааст. Илму маърифату адабиёт садсолаҳо бо забони тоҷикӣ буд. Баъди ба ном инқилоб ин ҳама аз миён рафт. Ин магар зарар набуд? Ҳарчанд давлат дар дасти турктаборҳо буд, аслан давлатдорӣ дар ихтиёри тоҷикҳо буд.”

Маркази таърихии шаҳри Бухоро
Маркази таърихии шаҳри Бухоро

Чаро Ҷумҳурии халқи Бухоро дер напоид?

Радиои Озодӣ: Саранҷом Бухоро мавриди ҳуҷум қарор гирифт, давлати Бухоро аз байн рафт, амир фирор кард. Дар ин ҷо як давлати мустақиле бо номи Ҷумҳури Халқии Шӯравии Бухоро ташкил шуд. Ва давлатҳое ба мисли Туркия, Афғонистон кафили истиқлолу амнияти он буданд. Ҳукумати Русияи болшевикӣ замонат дода буд, ки инро ба расмият мешиносад ва равобити дипломатӣ барқарор мекунад. Аммо дидем, ки ин давлат ҳам дер напойид ва дар муддати 3,5 сол аз байн рафт. Чаро умри ин давлат кам буд?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Барои он умри зиёд надид, ки ба тариқи сунъӣ ин ҷумҳуриро ташкил карда буданд. Дувум, масъалаи кадр, ки дар Бухоро намерасид. Кадрҳоро аз туркзабонҳои Тотористону ҳатто Туркия меоварданд. Ин таъсири худро расонд. Устод Айнӣ ишора мекунанд, ки вақте туркҳоро барои омӯзиш мефиристонданд, мардум забони онҳоро намедонист ва тарҷумонҳо тарҷума мекарданд. Дигар ин ки, барои ҳукумати Шӯравӣ Бухоро ҳамчун давлати мустақил даркор набуд, ки бо давлатҳои Эрону Афғонистон ва кишварҳои дигар доду гирифт кунад. Чизи дигар ин ки аксари нозироте, ки ташкил шуда буд, тарафдори ҳаракати муқовимат буданд.”

Радиои Озодӣ: Баъди барҳамхӯрии Ҷумҳурии халқи Бухоро идеяи тақсимоти милливу ҳудудӣ дар Осиёи Миёна иҷроӣ шуд. Гуё бар асоси ҷойгиршавии қавмҳои ин сарзамин барои онҳо давлат месохтанд. Аммо барои тоҷикҳо давлате дар ҳайати Шӯравӣ дар назар гирифта нашуд. Чаро?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Мақсади асосии ҳизби вақти коммунист, ҳарчанд ҳаммилаттони мо низ дар қудрат буданд, барҳам додани давлатдории тоҷикон буд, ки аз Сомониён сар мешуд. Дувум, забони форсии тоҷикро забони феодалҳо эълон кард.”

Радиои Озодӣ: Чаро бо гузашти солҳо диди илмиву таърихнигории мо ба ин ҳодисаҳо, ки бисёр машкуку мармузу пур аз печу хам аст, дигар намешавад?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Инашро намедонам. Лекин орзу мекунам таърихи ин давра, таърихи солҳои 20-ум, давраи муҳоҷират, обод кардани Тоҷикистони азиз аз диди нав навишта шавад. Ҳоло кор ба дараҷае расидааст, ки мардуми одӣ ба таври стихиявӣ аз пойин ин таърихро навишта истодаанд. Бояд инро таърихнигорони ҳирфаӣ нависанд.”

Радиои Озодӣ: Шумо дар рисолаатон мегӯед, ки дар Узбекистон нисбат ба ин ҳаводис диди дигар аст. Аз ҷумла менависед, ки Маҷлиси Олии ин кишвар Иброҳимбек Чақобевро, ки дар таърихнигории мо бо номи Иброҳимбеки Лақай маъруф аст, сафед кард. Ин гуна чеҳраҳоро мо зиёд дорем. Инҳо ҳам ниёз ба сафед шудан доранд? Ва чаро бояд сафед шаванд?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Зеро аз тарафи ҳукумати вақт сиёҳ шудаанд. Сенати Узбекистон ҳамаи ин шахсиятҳоро сафед кардааст. Дар Тоҷикистон низ пешниҳодҳо ҳаст. Аммо дар таърихнигории илмӣ, ба он дараҷае, ки ҳоло дар Узбекистон ба он давра баҳо дода мешаваду омӯзиш рафта истодааст, ки дар ҳоли анҷомёбист, дида намешавад.”

Босмачӣ гӯем ё..?

Радиои Озодӣ: Шумо ҳаракати муқовимат ё миллӣ-озодихоҳӣ ҳаракатеро ном мебаред, ки дар таърихнигорӣ бо номи босмачигарӣ ёд мешавад. Чаро бо истилоҳи босмачигарӣ мувофиқ нестед?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Барои он мувофиқ нестам, ки дар ватанаи худамон омада моро босмачӣ эълон карданд. Ин шармовар аст.”

Радиои Озодӣ: Босмачӣ, яъне чӣ?

Қосим Одинабеки Ғорифӣ: “Босмачӣ, аз вожаи туркии босма, яъне ғоратгар. Дар ватани худамон, ки мо хонаву ватану дину худамонро муҳофизат мекунем, моро эълон карданд босмачӣ. Ин вожаро ҳанӯз аз замони Русияи подшоҳӣ истифода мебурданд ва барои мо ҳам ба кор бурданд. Ин идеологияи ҳизби коммунист, идеологияи сурх буд.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG