Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адиб Холид. Садсолагии Ҷумҳурии Бухоро


Бомбаборони Бухоро дар рӯзи 2 сентябри соли 1920 (аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ)
Бомбаборони Бухоро дар рӯзи 2 сентябри соли 1920 (аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ)

Ба дунболи матлаби таърихнигори тоҷик Камолиддин Абдуллоев зери унвони "100 сол бе Бухоро" "Блогистон" навиштаи ховаршиноси маъруф, устоди Донишгоҳи Карлтон дар Нортсфилди Миннесота Адиб Холид "Сад соли “инқилоб”-и Бухоро"-ро мунташир намуд. Ҳарду матлаб баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Имрӯз бахши дувуми асари Адиб Холидро нашр мекунем, ки ба баъзе аз масъалаҳои марбут ба сарнагунии аморати Бухоро рӯшанӣ меафканад.

Адиб Холид
Адиб Холид

Адиб Холид

Садсолагии Ҷумҳурии Бухоро

Як қарн пеш, дар сентябри соли 1920 Бухоро ҷумҳурӣ шуд. Амир қабл аз он, ки рӯзи 2 сентябр шаҳр аз сӯи Артиши Сурх бомборон шавад, фирор кард. Чанде баъд Шӯрои инқилобӣ, ки аксаран аз муҳоҷирони бухороӣ иборат буд, қудрати расмиро ба даст гирифт. Кунгураи намояндагони халқ, ки дар қасри тобистонаи амир ташкили ҷаласа дод, дар таърихи 6-уми октябр Бухороро Ҷумҳури халқии шӯравӣ эълон кард.

Ин як иттифоқ ё ҳодисаи муҳиме буд. Ҷумҳуриҳо – давлатҳо ҳадди ақал дар назария ё теория беш аз онки аз сӯи ҳокимони авлодӣ идора шаванд, бо иродаи мардум идора мешаванд ва меваи тасаввуроти нави сиёсиянд. Дар ҷаҳони ислом аввалин ҷумҳурӣ соли 1918 дар Озарбойҷон арзи ҳастӣ кард. Ҷумҳурии Туркия, ба фарқ аз он, танҳо соли 1923 таъсис ёфт. Ҷумҳуриҳо дар ҷаҳони ислом ба таври умумӣ баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум маъмул шуданд. Бинобар ин Бухоро яке аз нахустин таҷрибаҳо аз шеваи нави машруияти сиёсӣ дар ҷаҳони ислом буд.

Моҳияти ин ҷумҳурӣ чӣ буд? Он чӣ гуна ба вуҷуд омад ва кӣ онро идора мекард?

Осон аст, фикр кардан, ки ҳукумати нави Бухоро чизе беш аз лухтаки дастнишондаи болшевикҳо набуд. Вале чунин нигоҳ содагароёна хоҳад буд. Муҳоҷирони бухороӣ, ки ҳукумати навро таъсис доданд, дидгоҳҳои ислоҳталабонаи худро доштанд, ки мехостанд пиёда кунанд. Ин як эътилоф буд: Муҳоҷирон ба кӯмаки артиши шӯравӣ ниёз доштанд, дар ҳоле ки шӯравиҳо ниёз ба касе доштанд, ки ҳукумат кунад. Ҳарду ҷониб саҳми хосси худро доштанд ва вақт нишон дод, ки ҳамбастагии онҳо номумкин аст. Аз сӯе ҳам худи бухороиён ончунон гуногун буданд, ки таърихи деринаашон ҷудо аз ҳам буд. Бубинем, гузаштаи онҳое, ки ҳукумати нави Бухороро таъсис доданд чӣ буд.

Эътилофи гурӯҳҳои мухталиф – тоҷирон, уламои ислоҳотхоҳ, ҷадидҳо – фишорашро барои ислоҳот дар Бухоро дар оғози қарни 20-уми оғоз карда буд. Онҳо умед доштанд, ки амир таҳсилоти замонавӣ, қонунҳои нави ҳифзи моликият ва ҷилавгирӣ аз ҳукмҳои худсарона ва шеваҳои нави сиёсати иқтисодиро ҷорӣ мекунад.

Ислоҳоҳталабон ба мухолифати аксарияти уламо (муллоҳо), ки мадрасаҳои зиёд ва машҳуркунандаи Бухороро идора мекарданд, рӯбарӯ шуданд. Ин уламо намехостанд таҳсилоти нав вориди Бухоро - “қалъаи ислом” шавад. Онҳо бо равиши нави таҳсил ё усули ҷадид мухолиф буданд. Уламо бар амир, ки худро тарафдори ислом ва суннат муаррифӣ мекард, нуфузи зиёд доштанд. Амир ҷонибдори уламо буд. Чанд мактаби нав бо усули ҷадид дар Бухоро пайдо шуд, вале дарҳои он хеле зуд баста шуд.

Тоҷирони бухороӣ аз ин рӯ писаронашонро барои гирифтани таълимоти муосир, ки дар Бухоро ғайриимкон буд, ба ҷойҳои дигар мефиристонданд. Файзулло Хоҷаев (1996-1938) писари як тоҷири сарватманди шаҳр, ба як мактаб дар Маскав фиристода шуд. Бештари дигар писаронашонро ба ҷойҳое фиристоданд, ки таълимоти муосир онҷо вуҷуд дошт. Истанбул яке аз маконҳое буд, ки барои таҳсил бартарӣ дода мешуд. Он пойтахти яке аз кишварҳои пурқудрати мусалмонӣ дар он замон буд ва мусалмонон дар саросари ҷаҳон онро ба унвони намунае аз ислоҳотхоҳӣ ва модернизм медиданд. Шуморе аз донишҷӯёни бухороӣ дар Истанбул таҳсил карданд, ки маъруфтарини онҳо Абдурауфи Фитрат (1886-1938) буд. Ӯ чаҳор солро ((1909-1913) дар пойтахти усмониҳо сипарӣ кард.

Дар Истанбул ӯ дар бораи ислоҳот чанд рисола навишт. Фитрат ва дигар ислоҳотхоҳони Бухоро умедвор буданд, ки амир ибтикори амалро ба даст мегирад ва ҳам ислом ва ҳам давлати Бухороро ислоҳ мекунад – хадамоти беҳдошти умумӣ ва барномаи иқтисодиро дар қаламрави худ пиёда мекунад.

Фитрат ба амир муроҷиат кард, “аълоҳазрат, падари меҳрубони бухороиён, подшоҳи миллатпаноҳ”, дер нашуда иқдом кун, қабл аз он, ки “имомҳои мо бо кашиш, азони мо бо садои ноқус ва масҷидҳои мо ба калисо мубаддал шаванд”. Амир ба ин таваҷҷуҳе надошт.

Баъдан дар моҳи феврали соли 1917 ҳукумати подшоҳӣ дар Русия сарнагун шуд. Мавҷе аз хушҳолӣ саросари императории Русияро фаро гирифт. Ислоҳотхоҳони Бухоро умедвор буданд, ки тағйирот дар кишвари онҳо низ рух хоҳад дод. Шуморе аз онҳо ба Ҳукумати муваққати Петроград барқия фиристоданд: “Мо аз ҳукумати нави Русия мехоҳем, ки ҳар чӣ зудтар ба давлати мо бигӯяд, ки тарзи идоракуниро бар асоси озодӣ ва баробарӣ тағйир диҳад”.

Амир ба ислоҳот розӣ шуд ва баёния содир кард. Он то апрел амал кард, аммо баъдан ӯ ба зудӣ ақибнишинӣ кард ва аз муҳофизакортарин нерӯҳои шаҳрро барои ҳамла ба ислоҳоталабон ва саркӯби онҳо истифода кард. Вақте ҷадидҳо барои “сипосгузорӣ” аз амир барои ислоҳот ҷамъомади умумӣ созмон доданд, аз сӯи тазоҳуркунандагон мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар бесарусомониҳои баъдӣ нерӯҳои амир шумораи зиёде аз ҷадидҳоро боздошт карданд ва дигаронро аз аморат берун ронданд. Садриддин Айнӣ, мударриси мадрасаи Мири Араб ва яке аз ҷадидҳо 75 шаллоқ хӯрд. Акси ӯ пас аз муҷозот намоди гӯё аз он давра мебошад.

Ин саркӯб ва таъқибҳо ислоҳталабонро тундравтар кард, ки акнун номи нав -Ҷавонони Бухоро ё ҷавонбухориёнро ба худ гирифта буданд. Онҳо ба фикри роҳи ҳалли тундравтаре шуданд.​

Баъд аз озору азият аз сӯи амир дар соли 2017, ҷавонбухороиён шефтаи идеяи инқилоб шуданд. Аммо онҳо ба равиши худ ба инқилоб меандешиданд – тағйири бунёдии ҷомеаи худ. Идеяи онҳо дар бораи инқилоб ҳамсонии чандоне бо идеяи режими Шӯравӣ надошт.

Дар моҳи августи соли 2020, вақти Артиши Сурх нақшаи ҳамларо дошт, фармондеҳи он Михаил Фрунзе ҳамаи муҳоҷирони бухороиро зери фишор қарор дод, ки ба Ҳизби коммунисти Бухоро шомил шаванд. Иҷбор ба узвият дар Ҳизби коммунист онҳоро коммунист насохт ва рафтори воқеии Ҷумҳурии Бухоро иртиботи каме бо коммунизм дошт.

Шӯрои инқилобӣ аз сӯи Файзуллоҳ Хоҷаеви 24-сола раҳбарӣ мешуд ва котиби он Абдулқодир Муҳиддинов буд. Ҳар ду писарони тоҷирони сарватманди шаҳр буданд. Дар соли 1921 амакбачаи (ё амак) Файзулло Хоҷаев бо номи Усмон Хоҷаев раҳбари кумитаи иҷроияи ҷумҳурӣ шуд. Абдурауфт Фитрат баргашт ва раҳбари шӯрои умури иқтисодӣ ва баъдан вазири маориф шуд.

Яке аз иқдомҳои зудраси ҳукумати нав ин таъсиси рӯзнома буд. Дар нахустин шумора дар мақолаи тӯлонӣ бо номи, “Ҳамватанони Бухоро! Озодӣ ва баробарии шумо муборак бод!", Файзуллоҳ Хоҷаев аз амир барои истисмор, фасод ва бетаваҷҷуҳӣ ба ниёзҳои “сарзамини муқаддаси Бухоро” интиқод кард. Дар он ишорае ба Коммунизм, Русия ё 1917 набуд.

Ҷумҳурият талош дошт дар мадрасаҳои маъруфи Бухоро ислоҳот биорад, шабакаи мактабҳои нав ба усули ҷадидро таъсис диҳад, иқтисодро танзим кунад ва тиҷорати хориҷиро эҷод намояд. Он ҳамчунон талош кард робитаҳои дипломатиро бо дигар кишварҳо барқарор намояд, сафоратро дар Кобул ва намояндагии дипломатиро дар Туркия таъсис диҳад. Ин кори як давлати миллӣ буд, на инқилобӣ ба шаклу қолаби Шӯравӣ.

Ҷумҳурият ба чолишҳои сахт рӯбарӯ буд. Манбаъҳои маҳдуд дар ихтиёр дошт ва машруияти он аз сӯи ҳамаи шаҳрвандон ба расмият шинохта нашуд. Амир дар оғоз ба Бухорои шарқӣ (Тоҷикистони кунунӣ) фирор кард ва муқовиматеро оғоз кард, ки то замони азиматаш ба Кобул идома ёфт. Бекҳои маҳаллӣ/волиҳо аз қабули ҷумҳурият худдорӣ карданд ва ба қиёми мусаллаҳона даст заданд. Иттиҳоми Шӯравӣ ин муқовиматгаронро “босмачӣ” мехонд. Артиши Сурх бар зидди онҳо мубориза мекард.

Ҳукумати Шӯравӣ Бухорои мустақилро эътироф кард, аммо манфиатдор набуд, ҷавонбухориёнро иҷозат диҳад, ки ончӣ мехоҳанд, анҷом диҳанд. Онҳо тамоми кортҳоро рӯи даст доштанд. Ин возеҳ буд, ки ҷумҳурӣ бидуни кӯмаки Артиши Сурх наметавонист давом биёварад. “Сафир”-и Шӯравӣ дар Бухоро саъй мекард сиёсатҳоро дикта кунад.

Бинобар ин ҳукумати ҷумҳурӣ дар вазъияти сахте қарор дошт. Усмон Хоҷаев дар феврали соли 1922 вақте раҳбари ҳукумат буд, бо як сафар ба Бухорои шарқӣ рафт -- ҷое ки ба истилоҳ “босмачиҳо” ҳузур доштанд ва ба гарнизони Артиши Сурх дар Душанбе ҳамла кард. Артиши Сурх муқобила кард ва Усмон Хоҷаев ба Афғонистон фирор намуд. Вай баъдан муқими Истанбул шуд ва то замони маргаш дар соли 1968 як фаъоли зидди коммунист буд.

Писари амакаш Файзулло роҳи дигаре дошт. Ӯ раҳбари Ҷумҳурии Бухоро боқӣ монд. Дар моҳи феврали соли 1924 вақте мақомоти шӯравӣ идеяи тақсими ҳудуди миллӣ сарзаминҳои Осиёи Миёнаро пеш гирифтанд, Файзулло Хоҷаев таъсиси Узбекистонро дар заминаи Бухоро пешниҳод кард.

Пешниҳод муваффақомез буд. Дар таърихи 27-уми октябри соли 1924 Ҷумҳурии Бухоро барҳам хӯрд ва қаламрави он байни ҷумҳуриҳои навтаъсис -- Узбекистон ва Туркманистон тақсим шуд. Узбекистон бештари қаламрави Бухороро шомил худ кард ва қаламравҳоеро низ аз Туркистон. Тоҷикистон ҷумҳурии худмухтор дар ҳайати он буд.

Ҷумҳурии халқии шӯравии Бухоро каме беш аз чаҳор сол арзи ҳастӣ кард. Ин дар шароити бисёр душвор як талоше буд аз сӯи ҷадидҳои бухороӣ, то ҳадафҳои худро пиёда кунанд – ҳадафҳое, ки пайванди зиёде бо болшевикҳо надоштанд. Ин талошҳо бинобар мухолифатҳо аз дохили Бухоро ва хусумати ҳукумати Шӯравӣ ноком монд. Бухоро ҳамчун давлат дар соли 1924 аз байн рафт. Аммо Узбекистон ва Тоҷикистон арзӣ ҳастӣ карданд.

XS
SM
MD
LG