Як пажӯҳиш муайян кардааст, ки донишмандони илми риёзиёт ё математикаи Русия баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ на дар ватани худ, балки дар Ғарб муваффақтар шудаанд. Таҳқиқоте, ки аз ҷониби донишмандони Донишгоҳи таҳқиқоти милии "Мактаби олии иқтисодиёт" дар Маскав анҷом шудааст, собит мекунад, ки баъди тарки Русия кардани мавҷи риёзидонҳо, дастоварди донишмандони маҳаллӣ аз 70 то 50 дарсад коҳиш ёфтааст. Таҳқиқоте, ки дар миёни 1000 математики руси ба ғарб кӯчбаста анҷом ёфтааст, нишон медиҳад, ки онҳо дар муқоиса бо ҳамкорони хориҷии худ аз лиҳози дарёфти машғулияти илмии баландтар, нашри китобу таҳқиқот ва муаррифӣ дар доираҳои илмии ҷаҳонӣ хеле пешрафт кардаанд.
Дастовардҳои баландтаринро математикҳои рус дар муассисаҳои илмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва баъдан Фаронса ҳосил кардаанд ва ин пешрафтҳои онҳо аз ҷониби ҷомеаи риёзидонҳои ҷаҳон эътироф шудааст. Дар даврони Шӯравӣ мактаби математикаи рус яке аз баландтарин дар ҷаҳон ҳисоб мешуд мегӯянд донишмандон ва баъди солҳои 1990-ум Русияро мағзҳои беҳтарини соҳа тарк кардаанд.
Яке аз муаллифони ин таҳқиқот Владлен Тиморин, профессор ва декани факултаи математикаи донишгоҳи миллии "Мактаби олии иқтисодиёт" дар Маскав аст, ки ҳамроҳаш тавассути Скайп сӯҳбате анҷом додем.
Радиои Озодӣ: Ҷаноби Тиморин, сабаб чист, ки донишмандони рус дар давоми беш аз 20 соли гузашта бештар дар Амрикову ғарб муваффақ шуданду дар Русия не?
Владлен Тиморин: Пеш аз ҳама як нуктаи муҳимро ёдовар шавам, ки таҳқиқоти мо амиқ ва густарда нест, мо аз рӯи нишондодҳои дастрас ин хулосаҳоро нашр кардем. Мо аз рӯи нишондодҳои математикӣ, вале бидуни ҷалби коршиносони соҳа худ сари ин мавзӯъ кор кардем. Албатта, ҷои тааҷҷуб нест, ки донишмандони зиёд баъди суқути Шӯравӣ кишварро тарк карданд. Бахусус дар фосилаи солҳои 1990-ум то оғози 2000-ум беҳтарин донишмандон рафтанд. Онҳое, ки рафтанд, ба ҳисоби миёна, назар ба ҳамкоронашон дар Русия маҳсулнокии беҳтар доранд. Яъне, мо беҳтаринҳоро аз даст додем. Ҳарчанд дар ин ҷо ҳам
донишмандони хуб ҳастанд. Дар маҷмӯъ, сатҳи математикаи донишмандони рус ҳамоно баланд боқӣ мемонад ва Русия аз ин назар дар миёни 8 кишвари беҳтарини ҷаҳон қарор доранд. Аз рӯи таҳқиқоти 25 маҷаллаи илмии ҷаҳон, ки мо онҳоро таҳқиқ кардем, мешавад гуфт, ки нақши математикҳои рус хеле баланд аст. Яъне нақш, таҳқиқот ва корҳои илмии математикҳои рус, дар муқоиса бо дигар донишмандон, барҷаста аст.
Радиои Озодӣ: Ин тамоюл бешубҳа барои оянда паёмадҳои номатлуб дорад.
Владлен Тиморин: Агар мо паёмадҳои фирори мағзҳоро барои илми математика арзёбӣ кунем, ин ҷо ҳеҷ тағйироте намешавад. Муҳим нест, ки дар кадом нуқтаи ҷаҳон кас нишаста кори худро пеш мебарад. Чунки ин илм байналмилалӣ аст. Агар аз назари манфиати худи Русия бинем, пас ба хулосае меоем, ки ҳоло сатҳи ин илм на дар пояи даврони шӯравӣ аст. Солҳои охир вазъ каме ба эътидол меояд ва муҳим ин аст, ки дар оянда вазъ беҳтар шавад. Шароит барои пешрафт вуҷуд дорад. Бовар меравад, ки рейтинги математикҳои даврони шӯравӣ баландтар буд ва онҳоро дар сегонаи беҳтаринҳои ҷаҳон ҷой дода буданд.
Радиои Озодӣ: Мактабҳои олии русӣ имрӯз ҳам дар чашми шаҳрвандони Тоҷикистон ба феҳрасти бонуфузтарин донишгоҳҳое шомил мешаванд, ки кафолати додани дониши босифату баланд ва ҳам замонати пайдо кардани шуғли сердаромадро медиҳанд. Оё шумо дар доираи таҳқиқоти худ савияи риёзидонии донишҷӯёни хориҷӣ, масалан тоҷиконро омӯхтаед ва дар ин замина чӣ гуфта метавонед?
Владлен Тиморин: Дар чаҳорчӯби ин таҳқиқот мо ба масъалаи савияи дониши математикии донишҷӯёни хориҷӣ муроҷиат накардем, вале аз рӯи таҷрибаи омӯзгории худам дар донишгоҳи «Мактаби олии иқтисодӣ» чанд нуктаро таъкид карда метавонам. Дар донишгоҳи мо дар риштаи магистратура ва аспирантура донишҷӯёни хориҷӣ ба забони англисӣ дарс мехонанд. Дар миёни онҳо донишҷӯёни тоҷик нестанд. Мо чанд студенте аз Канада, ИМА, Чин, Арманистон ва Украина дорем. Ҳақиқат ин аст, ки на ҳама донишгоҳҳо дар Русия сифати баланди таълимро пешниҳод мекунанд. Дар бахши математикаи донишгоҳи мо беҳтаринҳо аз саросари Русия омада таҳсил мекунанд. Умуман, вақте барои омӯзиши математика беҳтарин донишҷӯҳо аз хориҷа ҳам меоянд, онҳо танҳо дар чанд донишгоҳ, аз ҷумла донишгоҳи мо мехонанд. Масалан, барномаҳои бакалавриати мо комилан ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла донишгоҳи Кембриҷ ё донишгоҳи технологии Массачусетс аст. Дар риштаҳои аспирантураву магистратура, мутаассифона, сифати донишҳои донишҷӯёни хориҷӣ пасттар аст.
Радиои Озодӣ: Яъне шумо ба ҷавонони тоҷик машварат медиҳед, ки дар мактабҳои олии Русия илми математикаро омӯзанд ва ё беҳтар аст ба Амрико бираванд, ки онҷо ҳам донишмандони рус кор мекунанд?
Владлен Тиморин: Агар беғараз ва аз рӯи ҳақиқат бигӯям, сатҳи дониш дар риштаи бакалавриат ин ҷо хеле хуб аст ва шарт нест, ки донишҷӯ дар хориҷа таҳсил кунад. Инро Шӯрои байналмилалии коршиносони соҳаи математика ҳам эътироф мекунанд. Дар масъалаи идомаи таҳсил дар магистратураву аспирантура дигар кори шахсии ҳар кас аст. Масалан, ба ҳамон донишгоҳи технологии Массачусетс имсол се донишҷӯи рус дохил шуд, ки ҳарсеаш дар донишгоҳи мо бахши бакалавриатро хатм кардааст.