Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари бе визаи тоҷикистониҳо ба Узбекистон аз 16 март иҷозат шуд


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Душанбе, 9-уми марти 2018
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Душанбе, 9-уми марти 2018

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, рӯзи 14-уми март бо судури як фармон равуои бе визаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави кишвараш иҷозат дод. Фармони Мирзиёев рӯзи 16-уми марти имсол мавриди иҷро қарор мегирад.

Тайи чанд рӯзи гузашта сокинони зиёди Тоҷикистон ба гузаргоҳҳои марзӣ шитофтанд, вале сарҳадбонҳо гуфтаанд, ки ҳанӯз муқаррароти нав ба иҷро надаромадааст.

Дар ин фармон ба мақомоти Узбекистон дастур шудааст, ки муқаррароти созишномаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон ба таври истисноӣ, яъне то замони тасвибаш аз тарафи порлумонҳо, ба иҷро дароранд.

Расонаҳои расмии Узбекистон навиштаанд, ки ин иқдом барои фароҳам овардани шароити мусоид нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми таҷлил аз ҷашни Наврӯз рӯи даст гирифта шудааст.

Раисиони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи 9-уми марти имсол дар Душанбе созишномаеро имзо карданд, ки будубоши бе раводиди шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати 30 рӯзро пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мегӯянд, ки ин созишнома рӯзи душанбеи 19-уми март дар порлумон баррасӣ хоҳад шуд. Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот рӯзи 15-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин созишнома яке аз санадҳое муҳиме ба шумор меравад, ки ба рӯзномаи иҷлосияи рӯзи душанбеи порлумон ворид карда шудааст.

Вай дар иртибот ба санадҳои дигаре, ки зимни сафари давлатии президенти Узбекистон ба Тоҷикистон ҳосил шуданд, гуфт, аз он хотир, ки созишномаи "будубоши бе раводиди шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати 30 рӯз" муҳимтар буд, банобар ҳамин зудтар барои баррасӣ фиристода шуд ва санадҳои дигар ба шакли дастаи санадҳо вориди порлумон хоҳанд шуд ва ба тасвиб хоҳанд расид.

Дар ин бора бештар бихонед:

Марзи Тоҷикистону Узбекистон
Марзи Тоҷикистону Узбекистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 14-уми март ин созишномаро барои баррасӣ ва тасдиқ ба порлумон фиристод. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "созишнома аз рӯзи гирифтани огоҳиномаҳои хаттӣ дар мавриди иҷро шудани расмиёти дохилидавлатӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад."

Аз ин қабл, дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар тавзеҳи созишномаи миёни Душанбе ва Тошканд гуфт, сафари сокинон ба кишварҳои якдигар, танҳо пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо, амалӣ хоҳад шуд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки шаҳрвандони кишвар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба Узбекистон сафар намоянд.

Тайи чанд рӯзи гузашта ва дар пайи имзои созишномаи равуои бераводид миёни ду кишвар, сокинони зиёди Тоҷикистон ба бовари ин, ки низоми виза пурра бардошта шудааст, ба гузаргоҳҳои марзӣ шитофтанд, вале сарҳадбонҳо ба онҳо гуфтанд, ки ҳанӯз муқаррароти нав ба иҷро надаромадааст.

Ҳоло Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, ба таври истисно иҷоза додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон то замони тасвиби ин созишнома аз тарафи порлумонҳо бидуни раводид ба қаламрави кишвараш равуо кунанд. Ин сафар аз 16-уми марти имсол имконпазир мешавад.

Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити ин кишвар бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хеле сард шуд ва мизони ҳамкориҳо ҳам коҳиш ёфт. Тайи якуним соли охир яхи муносибатҳо миёни Тошканду Душанбе об шуд ва ду тараф ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои то ин дам баста, баргузории рӯзҳои фарҳангу парвози ҳавопаймоҳо ва убури қаторҳо аз марзи якдигар пардохтанд.

XS
SM
MD
LG