Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи сафари бевиза ба Узбекистон барои тасдиқ ба порлумон рафт


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми март созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи сафари шаҳрвандон ба кишварҳои якдигарро барои баррасӣ ба Маҷлиси Олӣ ирсол кардааст. Ин созишнома рӯзи 9-уми март дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, имзо шуда буд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин созишнома тартиб ва шароити мусофирати шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистонро ба кишварҳои якдигар танзим менамояд. Манбаъ мегӯяд, ки созишнома аз рӯзи гирифтани огоҳиномаҳои хаттӣ, дар мавриди иҷро шудани расмиёти дохилидавлатӣ, эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад.

Аз ин қабл дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар тавзеҳи созишнома миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи сафарҳои дуҷонибаи шаҳрвандон гуфт, ки сафари сокинон ба кишварҳои якдигар, танҳо пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо, амалӣ хоҳад шуд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки шаҳрвандони кишвар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба Узбекистон сафар намоянд.

Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи 9-уми март созишномаеро ба имзо расониданд, ки будубоши бераводиди шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати 30 рӯзро пешбинӣ мекунад.

Тайи чанд рӯзи гузашта ва дар пайи имзои созишномаи равуои бераводид миёни ду кишвар, сокинони зиёди Тоҷикистон ба бовари ин, ки низоми виза пурра бардошта шудааст, ба гузаргоҳҳо марзӣ шитофтанд, вале сарҳадбонҳо ба онҳо гуфтанд, ки ҳанӯз муқаррароти нав ба иҷро надаромадааст.

Ҳоло муқаррароти рафтуомади бидуни визаи панҷрӯза барои сокинони наздимарзӣ амал мекунад ва онҳо метавонанд то 30 км ба ҳудуди кишварҳои якдигар ворид шаванд. Тоҷикистон бо Узбекистон 1339 километр марзи муштарак дорад ва дар ҳоли ҳозир сокинон тариқи беш аз даҳ гузаргоҳ метавонанд ба кишварҳои якдигар рафтуомад намоянд.

XS
SM
MD
LG