Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Созишномаи лағви раводид базудӣ ба иҷро медарояд". ВИДЕО, АКС


Мулоқоти руасои Тоҷикистон ва Узбакистон. Акс аз вебсайти президенти Узбакистон.
Мулоқоти руасои Тоҷикистон ва Узбакистон. Акс аз вебсайти президенти Узбакистон.

Сокинони Тоҷикистон ва Узбекистон метавонанд, ки ба муддати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои якдигар сафар намоянд. Дар ин -бора рӯзи 9-уми март раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев пас аз мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар дар "Қасри Миллат"-и Душанбе ба мувофиқа расиданд.

Ин созишнома ва дар маҷмӯъ 27 санади ҳамкорие, ки имрӯз имзо шуданд, пас аз мувофиқати парлумонҳои ду кишвар ба ҳукми иҷро медароянд.

Шавкат Мирзиёев дар оғози мулоқоти як ба як бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "вақте аз хиёбонҳои Душанбе мегузаштам, аз чашмони мардум мехондам, ки мардуми тоҷик ташнаи гарм шудани равобит бо Узбекистон ҳастанд".

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чанд вакили парлумон ва дипломатҳои баландпоя гуфтанд, ки бо назардошти аҳамияти сиёсии санади лағвкунандаи виза барои шаҳрвандон, ҷараёни тасвиби он ҳам аз ҷониби парлумонҳои ду кишвар зиёд тӯл намекашад ва дар фурсати наздиктарин тасвиб хоҳад шуд.

"Ин санадест, ки қабули онро мардуми ду кишвар муддатҳо интизор буданд ва ҳоло танҳо як расмият мондааст, ки баъди тай кардани он дигар дар фурсати як ҳафта ё даҳ рӯз санад қонунӣ мешавад",- гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ яке аз вакилони парлумони Тоҷикистон.

Сафари таърихии Мирзиёев ба Тоҷикистон

Дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Душанбе, миёни ду кишвар дар маҷмӯъ 27 созишнома ва санадӣ байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шудааст.

​Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти матбуотии худ сафари Шавкат Мирзиёв ба Тоҷикистонро "таърихӣ" хонд ва гуфт, ки "мо ба созиши таърихӣ бо Узбекистон даст ёфтем". Ӯ ҳамчун гуфт, ки ният доранд, ки ҳаҷми доду гирифт миёни ду кишварро дар оянда то ба 1 миллиард доллар бирасонанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон марзи ду кишварро "сарҳади дӯстӣ" номид ва гуфт, ба созиш расиданд, ки аз захираҳои кӯли Сарез барои рушди ду кишвар истифода кунанд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ин сафараш аз он ҷиҳат таърихӣ аст, ки ҳайатҳои ду кишвар ҳама масъалаҳоро ҳал карданд. "Агар аз ман суол кунед, ки ягон масъалаи муҳими ҳалношуд боқӣ монд ё не, ман дақиқан мегӯяд, ки не",-афзуд Шавкат Мирзиёев.

Вай гуфт, ки гуфтугӯҳояшон бо тарафи Тоҷикистон осон набуд, аммо ҷонибҳо мақсади ягонаи ҳалли ин масоилро доштанд. "Талошҳои мо хости мардуми ду кишвар буд ва мақсади ягонаи мо ҳам хурсанд кардани мардум аст",-афзуд вай.

Ниёзи Узбекистони ба захираҳои барқи обии Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Узбекистон дар иртибот ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои минтақавӣ ниятҳои баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштироки ҷониби кишвараш дар бунёди тарҳҳои энержии Тоҷикистон, дар ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳи Роғунро баён кардааст.

Вай аз ҷумла гуфт, "ҳарчанд дар масъалаи Роғун, ки хеле мавзӯи ҳассос буд, мо ба мувофиқа расидем, комиссияи махсус дар ин масъала корро идома медиҳад ва ҳатто имконоти бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Зеро Узбекистон тасмим гирифтааст, дар 5 соли баъдӣ 32 дарсади нерӯи истифодашавандаашро аз ҳисоби нерӯи барқи обӣ таъмин кунад. Ҳеҷ кишваре мисли Тоҷикистон имконоти фарохи захираҳои барқи обиро надорад ва мо инро муштарак истифода хоҳем кард."

Сафари бевиза ва сирӯза ба Узбекистон имконпазир шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Мирзиёев: "Аз чашмони мардум хондам, ки тоҷикон хоҳони гармии равобит ҳастанд"

Шавкат Мирзиёев дар оғози мулоқоти як ба як бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "вақте аз хиёбонҳои Душанбе мегузаштам, аз чашмони мардум мехондам, ки мардуми тоҷик ташнаи гарм шудани равобит бо Узбекистон ҳастанд".

Раиси ҷумҳури Узбекистон ин сафари худ ба Душанберо "таърихӣ" номид ва гуфт "ин сафар воқеан таърихӣ аст ва умедворам, ки робитаҳои ду кишвар дар ояндаи назди ба сатҳи ҳамкориҳои стратегӣ бардошта мешавад". Раиси ҷумҳури Узбекистон ҳамчунин гуфт, тӯли чандин сол Тоҷикистону Узбекистон муносибатҳои начандон хуб доштанд ва ҳоло мардуми ду кишвар аз ин сафари ӯ интизориҳои зиёд доранд.

Таҳлилгарон сафари президенти Узбекистон ба Тоҷикистон-ро "таърихӣ" унвон мекунанд, чун ин нахустин сафари давлатии раҳбари кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон дар 18 соли охир мебошад.

Ба қавли Мирзиёев, гарм шудани равобити Тоҷикистону Узбекистон дар як соли ахир самараи заҳматҳои руасои ду кишвар аст, ки дар чандин мулоқоту гуфтугӯҳо садду мушкилиҳои дар тӯли солҳои гузашта ҷамъшударо баррасӣ ва роҳи ҳалли онро пайдо карданд.

Шиллики 21 гулӯла ба эҳтироми Мирзиёев

Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев субҳи 9-уми март бо сафари давлатӣ вориди Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси ҷумҳури Узбекистонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дигари тоҷик пешвоз гирифтанд.

Маросими расмии истиқбол аз раиси ҷумҳури Узбекистон дар "Қасри Миллат" сурат гирифт ва ба истиқболи Шавкат Мирзиёев 21 гулӯлаи тӯп ба ҳаво андохта шуд.

Пас аз музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар Маҷмааи "Истиқлол" форуми соҳибкорони ду кишвар бо ширкати руасои ҷумҳури ду кишвар баргузор шуд. Ба дунбол Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар ифтитоҳи Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии ширкату корхонаҳои истеҳсолии Узбекистон, ки дар маҷмаии "Манеж" баргузор шуд, иштирок карданд. Ин намоишгоҳ то рӯзи 11-уми март идома хоҳад кард.

Соҳибкорони Узбекистон дар ҷустӯҷуи бозор дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Яке аз бахшҳои мавриди таваҷҷӯҳи барномаи сафари мақомоти Узбекистон ба Тоҷикистон -- баргузории консерти муштараки устодони ҳунари ду кишвар дар "Кохи Борбад"-и Душанбе буд, ки "Шоми Дӯстӣ" ном дошт ва шоми рӯзи 9-уми март баргузор шуд. Дар ин барномаи ҳунарӣ овозхонҳои маъруфи ду кишвар Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, дастаҳои ҳунарии "Лазги" ва "Шашмақом"-и Узбекистон ҳунарнамоӣ кунанд.

Дар рӯзи дувуми сафари оқои Мирзиёев ба Тоҷикистон --10-уми март, мулоқоти ӯ бо раиси порлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва сарвазир Қоҳир Расулзода дар назар аст. Таҳлилгарон сафари президенти Узбекистон ба Тоҷикистон-ро "таърихӣ" унвон мекунанд, чун ин нахустин сафари давлатии раҳбари кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон дар 18 соли охир мебошад.

Робитаҳо гармтар мешаванд

Дар оғози моҳи марти имсол Тоҷикистону Узбекистон расман 9 гузаргоҳи марзиро дар миёни ду кишвар ифтитоҳ карданд ва муқаррароти аз солҳои пеш амалкунандаи убуру мурури бидуни раводид барои сокинони наздимарзӣ, ки ахиран кор намекард, дубора фаъол шуд.

Ҳоло шаҳрвандони ин ду кишвар умедворанд, ки баъди сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва имзо шудани созишномаҳои ҳамкорӣ, эҳтимоли бардошта шудани низоми раводид пурра ҳал мешавад. Дар ин сурат сокинони ду кишвар новобаста аз маҳалли зисташон метавонанд бидуни мамноиат вориди кишварҳои ҳамдигар шаванд.

Мақомоти ду кишвар мегӯяд, дар муқоиса бо соли 2015, ки табодули молу колои миёни ду кишвар чизе дар ҳудуди 12 миллион доллар буд, соли 2017 ба беш аз 126 миллион доллар баробар шуд ва тавсеаи ҳамкорӣ бар асоси созишномаҳои нав метавонад тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодии байни ҳамсоякишварҳоро боз ҳам густариш диҳад.

Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити ин кишвар бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хеле сард шуд ва мизони ҳамкориҳо ҳам коҳиш ёфт. Тайи якуним соли охир яхи муносибатҳо миёни Тошканду Душанбе то ҳадде об шуд ва ду тараф ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои то ин дам баста, баргузории рӯзҳои фарҳангу парвози ҳавопаймоҳо ва убури қаторҳо аз марзи якдигар пардохтанд.

XS
SM
MD
LG