Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Интихобот дар Осиёи Марказӣ: Назорат беҳуда аст?”


Сомонаи мустақили "openDemocracy", қароргоҳаш дар Лондон, аз Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Шӯрои Аврупо хостааст, ки то замоне кишварҳои Осиёи Марказӣ дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалиашон даст ба кор нашаванд, нозирони худро ба маъракаҳои интихоботии ин кишварҳо нафиристанд. Ин сомона ахиран дар як матлаби таҳлилӣ таҳти унвони "Интихобот дар Осиёи Марказӣ: Назорат беҳуда аст?" ин даъватро матраҳ кардааст.

Танҳо нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой интихоботҳои Тоҷикистонро ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва демократӣ унвон кардаанд.

Муаллифи мақола Анна Ренншмид, ҳуқуқдони олмонӣ ва собиқ коршиноси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, менависад, бояд маъмурияти нозирони САҲА мушаххас шавад ва дар назди кишварҳои узви ин созмон ӯҳдадориҳои рӯшану возеҳ бигузорад. "То замоне ки ин ӯҳдадориҳо риоя нашавад, ҷомеаи байналмилалӣ бояд аз фиристодани нозирон ба интихоботи кишварҳои худкомаи Осиёи Марказӣ даст кашанд", - таъкид кардааст ӯ.

"Натиҷаҳо аз пеш маълуманд"

Ба навиштаи Анна Ренншмид, баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ давлатҳои Осиёи Марказӣ ба низомҳои авторитарӣ бадал шуданд ва мақомот дар ин кишварҳо ба амалӣ кардани арзишҳои демократӣ майли зиёд надоранд. "Чун натиҷаи интихобот дар ин кишварҳо аз пеш рӯшан аст, ба ин хотир ширкати созмонҳое мисли САҲА ва Шӯрои Аврупо дар ин маъракаҳо беҳуда аст", - гуфтааст ӯ.

Вай менависад, ҳокимони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамаи бахшҳои мақомотро дар панҷаи қудрати худ гирифта, ҳавлу ҳаворо ба табъашон мувофиқ намудаанд. Дар вокуниш ба ҳамин нукоти мақола, коршиноси масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов рӯзи 17 март гуфт, "ҳар сол аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳамин гуна пешниҳодҳо барои ислоҳи интихобот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад. Вале сарфи назар аз ин, нозирони ин созмонҳо дар маъракаҳои сиёсӣ ширкат мекунанд. Ин гуна пешниҳодҳо ба кишварҳои минтақа таъсир нахоҳад кард. Аз тарафи дигар, дигаргуниҳои ҷиддӣ ба миён наомадааст ва низоми интихобот ба ҳамон шаклест, ки дар замони Шӯравӣ буд. Вале ба ҳар ҳол ширкати нозирони созмонҳои байналмилалӣ як навъ фишор аст, контрол аст ва зарур мебошад."

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

"Демократия дар 20 сол сохта намешавад"

Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби демократ ва узви порлумони Тоҷикистон, гуфт, пешниҳоди созмону коршиносони байналмилалӣ дар амри баргузории интихоботҳои шаффоф ва одилона баҷо аст, вале ба якборагӣ сохтани демократия дар як ҷомеаи пасошуравӣ, мисли Тоҷикистон мушкил аст. Вай афзуд, кишварҳои ғарбӣ пас аз даҳсолаву садсолаҳо ба ҷомеаи демократӣ даст ёфтанд ва бояд ба кишварҳои дигар ҳам имкон диҳанд.

"Дар 20 сол давлати демократӣ сохтан саҳлу осон нест. Кишварҳои ғарбӣ садсолаҳо боз талош доранд", - гуфт ӯ.

Аммо сомонаи "openDemocracy" зикр кардааст, ки "режимҳои ҳоким дар Осиёи Марказӣ тамоми шохаҳои ҳокимиятро зери назорати худ даровардаанд ва дар порлумонҳои ин минтақа аҳзобе намояндагӣ мекунанд, ки дар сояи ҳукумат қарор доранд. Ва зуҳури ҳар навъ мухолифро сохторҳои махсус пахш ё саркӯб мекунанд, ки чунин вазъият сокинонро камҷуръат намуда, адами ниҳодҳои демократӣ маъракаҳои интихоботҳоро дар ин кишварҳо ба як дурӯғ табдил додааст."

Пушти пардаи интихоботҳо дар Осиёи Марказӣ

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Нозирони САҲА аз ҳар интихобот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гузоришҳои муфассале менависанд, ки хеле аз ҳақиқатҳоро рӯи об мебарорад, вале ҳақиқати асосии ин маъракаҳо – натиҷаҳои дурӯғинаш, ба ақидаи муаллиф, пушти парда мемонад. Муддати беш аз 20 соли ахир нозирони САҲА ва Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар дар интихоботҳои президентӣ ва порлумонии Тоҷикистон ширкат карда ва натиҷаи онҳоро муғойир ба меъёрҳои интихобот ва ғайридемократӣ хондаанд.

Танҳо нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой интихоботҳои Тоҷикистонро ҷавобгӯ ба мавозини байналмилалӣ ва демократӣ унвон кардаанд. Дар ҳар интихобт дар Тоҷикистон бештар аз 500 нозири байналмилалӣ аз САҲА, ИДМ ва СҲШ ширкат мекунанд.

Интихоботи охирин дар Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли 2015 баргузор шуда, интихоботи порлумонӣ буд. Дар пайи ин интихобот ҳизби наҳзати исломӣ ва коммунист аз курсиҳои худ дар Маҷлиси Намояндагон маҳрум ва ба ҷойи онҳо намояндагони ҳизби сотсиалист, ислоҳоти иқтисодӣ ва демократ вориди порлумон шуданд.

XS
SM
MD
LG