Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафаров: "Тоҷикистон ба Варшава як ҳайати қавӣ мефиристад"


Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ба нишасти Варшава як "ҳайати қавӣ"-ро, бо шумули ду намояндаи собиқи ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, мефиристанд. Ин ҳайат баъд аз зуҳри 9-уми сентябр ба пойтахти Лаҳистон (Полша) хоҳад расид. Мухолифони тоҷик дар хориҷа низ рӯзи ҳаштуми сентябр бо нашри чанд акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сафарашон ба Варшава хабар доданд.​

  • Мулоқоти раҳбари САҲА дар Душанбе Туула Юрёла бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Мӯҳриддин. 6-уми сентябр
    Мулоқоти раҳбари САҲА дар Душанбе Туула Юрёла бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Мӯҳриддин. 6-уми сентябр
    Ҷаласаи солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ченакҳои ҳуқуқи инсон аз 10 то 21-уми сентябр дар Варшава баргузор хоҳад шуд. Масъулони созмон гуфтанд, ки дар он тақрибан 1800 нафар ба намояндагӣ аз ҳукуматҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии ҳудуди 60 кишвари узви САҲА иштирок мекунанд.

Мулло Абдураҳим, Мавлавӣ Айёмиддин...

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, рӯзи 8-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайати ҳукумат аз афроду намояндагони ниҳодҳои гуногун иборат аст. Худи ӯ ба ин нишаст ба ҳайси раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон меравад.

"Субҳи 10-уми сентябр, дар рӯзи аввали суханрониҳо, иштирок мекунем. Шахсан мехоҳам навбат гирифта, дар бораи вазъи ақаллиятҳои милливу динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳо дар кишвар суҳбат кунам", - афзуд ӯ.

Сафаров мегӯяд, ба ҷуз ӯ ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон "муовини аввали вазири умури хориҷӣ Низомиддин Шамсиддинзода, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷӣ Вафо Ниятбекзода, муовини раиси Маркази исломшиносӣ Рустам Азизӣ, устоди Донишкадаи исломӣ Абураҳим Каримов, собиқ намояндаи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ Мавлавӣ Айёмиддин Сатторов ва намояндагони баъзе ниҳодҳои дигар шомил ҳастанд."

Масъалаи ҳуқуқи башар дар ҳошия мемонад?

Абдураҳим Каримов
Абдураҳим Каримов

Дар оғози ҳафтаи равон ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон гуфта буд, ки барои иштирок дар нишасти Варшава даъват нашудааст. Баъзе сохторҳои дигари давлатӣ гуфта буданд, ба далели моҷароангез будани нишаст чандон майли иштирок дар онро надоранд.

Фақат намояндаи чанд созмони иҷтимоӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки дар нишасти солонаи Варшава иштирок дар масъалаи озодии баёну вуҷуди шиканҷа суханронӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, "Паём" - пойгоҳи интернетии мухолифини тоҷик дар хориҷа аз он нигаронӣ кардааст, ки Тоҷикистон ба ин нишаст бештар афроди сиёсиро мефиристад, на омбудсену намояндагони мақомоти интизомиро. Ин пойгоҳ навишт, "тибқи сенария ҳайати Тоҷикистон бояд тамоми диққатро дар ҷаласа равонаи ҲНИТ созад, то масъалаи нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвар дар ҳошия қарор гирад".

Хашми Тоҷикистон, тазоҳурот ва посухи САҲА

Ҳузури мухолифини тоҷик дар нишасти соли 2016
Ҳузури мухолифини тоҷик дар нишасти соли 2016

Тоҷикистон соли 2016 аз роҳ ёфтани мухолифин ба нишасти САҲА дар Варшава, ки бо намояндаи давлат вориди баҳс шуданд, ба хашм омад ва соли 2017 аз иштирок дар он даст кашид. Имсол низ мақомот аз тариқи хабаргузории расмии "Ховар" аз эҳтимоли ҳузури мухолифон дар нишасти Варшава норозигӣ карда, ба ин созмон ҳушдор доданд, ки дарашро ба рӯи, ба гуфтаи онҳо, афроди муттаҳам ба терроризм ва таҳти ҷустуҷӯ дар кишвар бубандад. Вагарна дари худи созмон дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд.

Субҳи 7-уми сентябр даҳҳо нафари рӯ ба ҳукумати Тоҷикистон ба нишони эътироз аз омодагии мухолифони тоҷик барои иштирок дар ҷаласаи САҲА дар Варшава таҷаммӯъ карданд ва дар миёни онҳо Гулчеҳра Шодмонова – модари нафари гумонбар дар ташкили ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ – низ буд.

САҲА ҳамеша таъкид кардааст, ки ҳамоиши даҳрӯзаи ҳуқуқи башари Варшава минбари озоди муколамаҳои сиёсии ҳам намояндагони давлат ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ аст ва дар кори ин нишаст афроду созмонҳои хоҳишманд иштирок мекунанд.

Тоҷикистон ҲНИТ-ро соли 2015 созмони террористӣ эълон кард, аммо САҲА даъватҳои мақомоти тоҷикро барои пуштибонӣ аз ин мавқеъ дастгирӣ накардааст.

XS
SM
MD
LG