Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА 9 зина боло шуд


Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), ки 24 ноябр нашр шуд, нӯҳ зина боло рафт ва дар байни 211 кишвар бо 231 имтиёз дар ҷойгоҳи 131-ум қарор гирифт. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсиони футболи Осиё мақоми 20-умро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 30-юм), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дувум (дар ҷаҳон 37-ум) ва Ҷопон дар ҷойи севум (дар ҷаҳон 45-ум) қарор доранд.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1634 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Бразилия (1544 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Олмон (1433 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии ФИФА Украина (29-ум), Русия (55-ум) ва Узбакистон (62-юм) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо аз Туркманистон (143) ва Молдова (162) пеш аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 моҳи ноябр бо тимҳои миллии Афғонистон ва Туркманистон ду бозии дӯстона кард. Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Футболбозони тоҷик бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ва бар тими Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буданд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Феҳристи ФИФА 22-юми декабр нав карда мешавад.

XS
SM
MD
LG