Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони тоҷик мунтахаби Афғонистонро шикаст доданд


Футболбозони тоҷик дар як бозии дӯстона тими миллии Афғонистонро шикаст доданд. Ин бозӣ, ки шоми 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо ягона голи задаи ҳамлагари тими мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ба поён расид. Ҷалилов ин тӯбро дар дақиқаи 74-уми бозӣ аз ҷаримагоҳ ба дарвозаи меҳмонон ворид кард ва бо ҳимояти зиёди мухлисон рӯ ба рӯ шуд.

Ин бозии шашуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон ба шумор мерафт. Дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик ғолиб шудаанд.

Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 баргузор шуд. Тими миллии Афғонистон ба ин бозӣ зери раҳбарии Анӯш Дастгири 27-сола ба Душанбе омадааст, ки муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби ин кишвар аст.

Анӯш Дастгир дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Ҷаҳон-2018 дар ҳайати тими Афғонистон ҳамчун нимҳимоятгар бозӣ кардааст. Мутахассиси хорватиягӣ Петр Сегрт, ки аз соли гузашта вазифаи сармураббии мунтахаби Афғонистонро ба зимма дошт, дар лаҳзаҳои охирин аз вазифааш сабукдӯш шудааст.

Дар тамрини тими миллии Афғонистон, ки 11 ноябр дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон бо раҳбарии Анӯш Дастгир доир шуд, 26 бозигар ширкат дошт. Аз байни онҳо танҳо ҳашт нафарашон аз бошгоҳҳои футболи Афғонистон ҳастанд. Ҳаждаҳ нафари дигар легионерҳоянд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Дания, Ҳиндустон, Олмон, Ҳолланд, Руминия, Норвегия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Тайланд, Малайзия ва Шветсия бозӣ мекунанд.

Ҳакамони ин бозӣ бо раҳбарии довари ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Александр Алиев аз Қазоқистон буданд.
Ин бозии шашуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон ба шумор мерафт. Дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик ғолиб шудаанд.

Натоиҷи бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон:

Бозии дӯстона
Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0
9 ноябри соли 2005, Душанбе.

Ҷоми даъвати AFC-2008. Марҳилаи ниҳоӣ
Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0
3 августи соли 2008, Ҳайдаробод, Ҳиндустон.

Бозии дӯстона
Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0
17 ноябри соли 2010, Душанбе

Бозии дӯстона
Тоҷикистон – Афғонистон – 3:2
4 июни соли 2013, Қӯрғонтеппа

Бозии дӯстона
Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0
4 майи соли 2014, Душанбе

Бозии дӯстона
Тоҷикистон– Афғонистон – 1:0

Гол: Манучеҳр Ҷалилов, 74.

Тоҷикистон: Алишер Додов, Эраҷ Раҷабов, Давронҷон Эргашев, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев (Муҳаммадҷони Ҳасан, 83), Нозим Бобоҷонов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 54), Искандар Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 42), Аҳтам Назаров, Парвизҷон Умарбоев (Бахтиёр Чориев, 86), Манучеҳр Ҷалилов (Аҳтам Ҳамроқулов, 86), Мӯҳсинҷон Парпиев (Сиёвуш Асроров, 54).

Афғонистон: Увайс Азизӣ, Алихил Абоссин, Амин Ҳасан, Саидхони Масеҳ, Зубайр Амирӣ, Файсал Шаиста (Шарифи Амируддин, 86), Нуруллоҳ Амирӣ (Задран Нур, 66),Ҷамоли Муҷиб (Мустафо Озодзой, 80), Аҳмад Ораш Ҳотифӣ, Милод Салом, Тоҳир Каничка (Фардин Ҳакимӣ, 80).
Огоҳонида шуданд: Мӯҳсинҷон Парпиев, Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон), Алихил Абоссин, Аҳмад Ораш Ҳотифӣ, Саидхони Масеҳ, Амируддин Шарифӣ (Афғонистон).

Сардовар: Александр Алиев (Қазоқистон).

Ёваронаш: Санҷар Исҳоқов, Самад Тергеусизов (ҳарду – Қазоқистон).

Довари эҳтиётӣ: Денис Измайлов (Қазоқистон).

Комиссари бозӣ: Азизҷон Достиев (Тоҷикистон).

13 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13 000 тамошогар.

XS
SM
MD
LG