Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷоза ва як "аммо"-и Шӯрои уламо дар масъалаи ҳамли сунъӣ


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамл ё бордоркунии сунъӣ ба шарте иҷозат дода шудааст, ки агар зану марди бефарзанд бо якдигар никоҳи исломӣ ва издивоҷ дошта бошанд.

Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, бордоркунии сунъӣ барои зану мардеро, ки бо якдигар никоҳи исломӣ доранд, иҷоза додааст. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, 21 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзӯъ дар нишасти ахири уламои исломии ҷаҳон дар Кувайт, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шуд, низ баррасӣ гардидааст.

"Дар он ҷо ба натиҷае расидем, ки агар зану мард бо ҳам никоҳ дошта бошанд, метавонанд аз роҳи бордоркунии сунъӣ соҳиби фарзанд шаванд,"-гуфт ӯ.

Оқои Абдулқодирзода афзуд, "ин ҳамчун табобат аст ва иҷоза дода мешавад". Аммо, ба қавли ӯ, агар ин ҳамли сунъӣ аз никоҳи марди бегона бошад, иҷоза нест ва тифле ҳам, ки аз он ҳамл ба дунё меояд, “ҳаром” дониста мешавад.

"Агар фарзанд аз нутфаи худи инсон набошад, он раҳму шафқате, ки падар ба фарзандаш дорад, ба вуҷуд намеояд. Барои ҳамин, шариати Ислом иҷоза намедиҳад, ки мабодо чунин фарзанде ба дунё биёяду падараш нисбат ба ӯ шафқат надошта бошад," -- шарҳ дод ӯ.

Ин мавзӯъ ҳарчанд тайи тақрибан даҳ сол боз дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон матраҳ аст, аммо ба қавли мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чор соли охир аз чунин бордоркунии сунъӣ дар кишвар беш аз 100 кӯдак ба дунё омадаанд. Худи Шӯрои уламои Тоҷикистон низ чанд муддати пеш дар посух ба саволи маркази “Насл” ҳамли сунъиро танҳо ба шарти он ки аз зану марде, ки бо якдигар никоҳи исломӣ доранд, раво дониста будааст.

Ҳамли сунъӣ ё экстракорпоралӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба падидаи муқаррарӣ табдил ёфтааст ва давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ талош доранд, чунин марказҳоро барои аҳолии хеш бунёд кунанд. Аммо тақрибан дар ҳама ҷо ин амал ба бархе аз мухолифатҳо, аз ҷумла норозигии рӯҳониён рӯ ба рӯ гаштааст. Динҳои ҷаҳонӣ бордоркунии сунъии занро кори ғайриахлоқӣ мешуморанд ва бар инанд, ки мушкили бенаслии хонаводаҳо бо роҳи дигар, масалан, фарзанд хондани ятимон ҳал шавад.

Ҳангоми қабули қонунҳои марбут ба ҳамли сунъӣ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ду навбат вакили парлумон буд, гуфта буд, ба сатҳи қонун баровардани ин масъала дар кишваре, ки аксарияти кулли аҳолияш мусулмонанд, раво нест. Вале нукоти марбут ба ин амалиёт дар қонунгузориҳои солҳои 2002, 2006 ва 2010 аз тарафи парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.

XS
SM
MD
LG