Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фатвои Маркази исломӣ алайҳи "ҷавонони салафимаоби тоҷик"


​Шӯрои уламои Маркази исломӣ ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурияро "ҷавонони салафимаоб" дониста, бозгашти онҳоро ба кишвар хатарбор донистааст.

Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, бо қабули фатвои нав ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурияро "ҷавонони салафимаоб" хонда ва бозгашти онҳоро ба кишвар хатарбор донистааст. "Барояшон муҳим нест, ки киро мекушанд - модари тоҷик ё кӯдаки ширхорро? Дар камтарин муддат Тоҷикистонро ба Сурияву Ироқ, Яману Афғонистон мубаддал мекунанд," -- гуфта шудааст дар ин фатво.

Шӯрои уламо, ки аз маҷмӯи имом-хатибон ва донишмандон иборат аст, мегӯяд, фатвои навро ҳафтаи гузашта “дар асоси далелҳои қуръонӣ, аҳодиси набавӣ ва дигар сарчашмаҳои шаръӣ” содир кардааст. Аммо нусхаи расмии он тоза ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Ин шӯро мегӯяд, ки "Салафия" вобаста ба шароиту замон шаклашро тағйир медиҳад ва ҳарчанд фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст, аммо пайравонаш ҳанӯз аз ақидаҳои худ мунсариф нашуда ва мумкин аст, ҳар замон даст ба кор шаванд. Бинобар ин, аз сокинони Тоҷикистон расман дархост шудааст, ки дубора алайҳи пайравони ҷараёни “Салафия” ва ақидаи пайравонаш дасту остин барзананд.

"Куштор, ғоратгарӣ, одамсӯзӣ ва тамоми даҳшати Сурия, Ироқ, Афғонистону Покистон натиҷаи фаъолияти “Салафия” аст. Маҳз “Салафия” бо тарғиби бемазҳабӣ, такфири мусулмонон, ҷорӣ намудани ақидаи тундрав чандин кишварҳои ободу оромро ба вартаи ҷанг кашида, имрӯз мехоҳад дар Тоҷикистон низ ҳамин равияро ҷорӣ созад", -- таъкид шудааст дар фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Ин ниҳоди содиркунандаи фатво дар идома аз ҳодисаҳои хунини Порис ёдоварӣ карда, онро низ ҳосили ақидаи “Салафия” донистааст: “Дар натиҷаи “ҷиҳод”-и салафиён садҳо мардуми бегуноҳ кушта шуда, муқовимати олами ғарб ба мусулмонон бештар ва шадидтар гашт. Бинобар ин Салафия дар асл душмани ашаддии дини мубини Ислом буда, тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад, то ин дини сулҳҷӯ ва адолатпарвар аз рӯи замин маҳв гардад.”

Ҷараёни Салафия дар миёнаи солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, пайравонаш бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "Омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд.

Аммо дар моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Баъди афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва инки аксари онҳо пайравони Салафия будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14 декабри соли 2014 ин ҷараёнро “экстремистӣ” эълон кард.

То кунун даҳҳо тан ба ҷурмим пайравӣ аз Салафия дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ шудаанд. Нахустин додгоҳи пайравони Салафия соли 2009 дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор ва равонаи зиндон шуданд, ки дар миёни онҳо Эшони Сироҷиддин низ буд.

XS
SM
MD
LG