Ин гузориш, ки аз забони муовини нахуствазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова садо дод, мизони ӯҳдадориҳои ин кишварро дар муқобили Эъломияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ба баррасӣ гузошт.
Дар канори хонум Қурбонова дар ин нишаст вазири адлия, Бахтиёр Худоёров, муовини вазири аввали маорифи Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимов ва дигар мақомот ширкат доштанд.
ВОКУНИШ БА ГУЗОРИШ
Мутахассисони Кумитаи ҳукуқи кӯдаки СММ ба Тоҷикистон машварат доданд, ки дар самти таҳкими захираву зербиноҳои беҳдоштиву маърифатӣ кори бештар анҷом дода дар самти рафъи хушунат нисбати кӯдакон талоши зиёдтар ба харҷ диҳад. Эҷоди ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ яке дигар аз тавсияҳои СММ буд.
СММ мегӯяд, ки комиссиюни миллии ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон ҳанӯз хеле заъиф буда наметавонад ба таври дуруст ва корсоз иҷрои баъзе қонунҳоро нисбати атфол назорат кунад. Масъалаи дигари мавриди нигаронӣ ҷилавгирӣ аз фасод ва сарфи ҳадафноки маблағҳои буҷа аст, ки барои кӯдакон равона шудаанд.
Тақозои пардохти маблағ барои додани шаҳодатномаи таваллуд ва иллатҳои норӯшани поин бурдани синни издивоҷ дар Тоҷикистон, ки 17 солро ташкил медиҳад, аз масоили суолбарангезе буд, ки дар ҷараёни нишасти 53-юми Кумитаи ҳуқуқи кӯдак ба мақомоти Тоҷикистон дода шуд.
Қарор аст дар охири моҳи ҷорӣ, баъди муаррифӣ шудани гузоришҳои ҳама дигар кишварҳои ширкатдори ин нишаст машваратҳои комили СММ ба Тоҷикистон дар заминаи таъмини ҳимояти ҳуқуқи кӯдак ироа шавад.
НУКОТИ МЕҲВАРӢ
Руқия Қурбонова, муовини нахуствазири кишвар дар ин суханрониаш гуфт, ки Тоҷикистон “ӯҳдадориҳои сиёсии худро барои роҳандозии ислоҳоти иҷтимоӣ дар чаҳорчӯби барномаи Рушди ҳазора ва нақшаи кори “Ҷаҳони муносиб барои атфол”-и ҳукумат тақвият додааст. Вай гуфт, ки аз ҳадафҳои аслии Тоҷикистон айни замон беҳбуд бахшидани вазъи тандурустӣ ва таъмини дастрасии атфол ба низоми беҳдошт, маориф ва ҳам ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакони кишвар аст.
Дар масъалаи вазъи омӯзишу парвариши кишвар хонум Қурбонова ба назорати пайваста аз ҷараёни фарогирии кӯдакон бо таҳсил таъкид кард ва гуфт, ки соли 2009 вазъ назар ба солҳои аз ин пеш беҳбуд ёфта ҳоло 96 дар сади кӯдакони синни мактабӣ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар баробари саҳми ҳукумат ӯ ба кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ дар ҷалби атфол бо таҳсил таъкид кард ва гуфт, ки таваҷҷӯҳи вижа дар ин замина ба ҷалби духтарҳо ба хониш карда мешавад. Масъалаи дигар, гуфт ӯ, иҷрои барномаи давлатии сохтмону таъмири мактабҳои миёна аст, ки солҳои 2008-2015-ро дар бар мегирад ва ҳадафи он аз хонаҳои хусусиву вагонҳо ва сохтмонҳои маъмурӣ ва маконҳои ҷамъиятӣ ба биноҳои вижаи мактабӣ кӯч додани хонандаҳо мебошад.
Барномаҳои таълими мактабҳои миёна омӯзиши ҳуқуқро дар миёни хонандаҳо аз синфҳои 5-6 дар чаҳорчӯби дарсҳои адабиёт, таърих ва дарсҳои тарбиявӣ дар назар мегирад.
ҲИФЗИ СИҲАТ
Дар робита бо дастрасии атфоли Тоҷикистон ба хадамоти беҳдошт омори расмӣ ҳокист, ки харҷи ин бахш аз ҳисоби маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфта аз нишондоди 0,9 % соли 2002 ба 1,7 % дар соли 2008 баробар шудааст. Руқия Қурбонова гуфт, ки давлат барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон барои дастрасӣ ба хадамоти тиб дар соли 2008 10,3 доллари амрикоӣ масраф кардааст, ин дар ҳоле, ки соли 2002 ин хароҷот 1,8 доллари амрикоиро ташкил медод.
Вай афзуд, ки ҳоло муҳимтарин ҳадафи риштаи беҳдошти Тоҷикистон коҳиши мавридҳои маргу мири модару кӯдак ва ҷилавгирӣ аз тавсеаи бемориҳои уфунӣ ё сироятӣ мебошад. Ҳоло ҳукумати кишвар мегӯяд, ки назар ба нишондодҳои соли 1990 дар соли 2005 ҳодисаҳои марги модарон ба маротиб коҳиш ёфта ҳамакнун аз ҳар 100 ҳазор маврид 33 ҳодисаи ҳалокат ба қайд гирифта мешавад (соли 1990 ин нишондод бо 98 ҳодиса баробар буд).
Гузориш дар мавриди эмкунии ҳатмии кӯдакони то яксола дар Тоҷикистон ҳокист, ки ҳоло ба таври ҳатмӣ ва муназзам дар ҷумҳурӣ се навъи воксин пешниҳод мешавад: ин воксини зидди полиомиелит, маҷмӯи воксини зидди сиёҳсурфаву гулӯзиндонак ва воксини зидди сурхакон мебошад.