Дар таҳлили созмони Save the Children, ки аслан ба манзури муайян кардани кишвари беҳтарин барои ҳифзи модарон дар соли 2014 анҷом шудаву 178 кишварро фаро мегирад, Тоҷикистон дар зинаи 134-ум ҷой гирифтааст. Шохиси мазкур аз рӯи 5 нишондод, ширкати занон дар пешбурди сиёсати кишвар, маргу мири модарон, мавориди марги кӯдакони синни то панҷсола, имконияти таҳсили кӯдакон, даромади нохолиси миллӣ омода шудааст.
Бар пояи ин гузориш, ширкати фаъоли занон дар ҳаёти сиёсӣ бештар дар Туркманистон будааст, ки 26 дарсади умури мудириятро занон соҳибӣ кардаанд. Дар Қирғизистон ин рақам ҳудуди 24 дарсад, Қазоқистону Узбакистон наздики 20 дарсад ва аммо дар Тоҷикистон поитар аз дигар кишварҳои Осиёи Миёна ва бештар аз 14 дарсадро ташкил додааст.
Аммо Галина Рабиева, вакили Маҷлиси Намояндагон ва собиқ мушовири президенти Тоҷикистон чунин натиҷагириро қобили қабул намедонад. Зеро ба гуфтаи вай, иштироки занони тоҷик танҳо дар мақомоти қонунгузор, яъне парлумон 17 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондод мутобиқ ба вазъи куллӣ дар ҷаҳон аст.
Хонум Рабиева афзуд, «аз сӯи дигар ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки 40 дарсади аъзои онҳо занон ҳастанд, ки ин ҳам ба назари ман нишондиҳандаи хуб аст. Инчунин дар идоракунии давлатӣ ва ҳатто ба мақомҳои раҳбарикунанда аллакай занон пешбарӣ мешаванд. Як мисоли оддӣ ахиран дар Бруссел масъалҳои рушди соҳибкорӣ баррасӣ шуд, ки онҷо мувоини вазири иқтисод ва раҳбари ассосиатсияи соҳибкорон, ки ҳар ду зан буданд, баромад карданд. Ҳоло мо як вазир ва муовини сарвазири зан дорем, чунин кадрҳо зиёд шудаистодаанд ва насиб дар ояндаи наздик аз ҳисоби занҳо сафиру вазир ҳам таъин мешаванд. »
Аммо нозирони умур мегӯянд, бо онки 54 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва бо вуҷуди тасвиби чандин барномаи давлатии боло бурдани мақоми зан, мизони ҳузури “ҷинси латиф” дар тақсими мансабҳои давлатӣ бо мардон ҳатто баробар нест. Ҳарчанд бино бар омори расмӣ ҳоло ҳудуди 30 дарсади курсиҳои раҳбарикунанда дар ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистонро занон ишғол кардаанд, аммо боз ҳам ба таъкиди нозирони умур, он занҳое, ҳам ки феълан дар мақомҳои раҳбарии вазоратхонаҳо ва ё дигар ниҳодҳои давлатӣ фаъолият мебаранд, аксаран аз ҷумлаи наздикони мақомоти баландпоя ва ё аз як маҳал ҳастанд.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ бо ишора ба «гуруснагии кадрӣ» дар Тоҷикистон мегӯяд, ин яке аз мушкилиҳоест, ки барои пайдо кардани занони арзанда, ки тавонанд дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши бориз дошта бошанд, халал эҷод мекунад. Ҷаноби Муллоҷонов дар ин замина гуфт, «масалан духтароне болаёқате, ки донишгоҳро хатм мекунанд,ё шавҳар мекунанд ва ё Тоҷикистонро тарк карда дар хориҷа кору фаъолияти худро идома медиҳанд. Албатта бо назрдошти он, ки раҳбарии занон аз мардон ва бархӯрди онҳо ба масъалаҳо фарқ мекунад, беҳтар мебуд агар теъдоди онҳо дар ҳукумат баробар бошад то ин, ки дар дар тасмимгириҳои муҳими давлатӣ, саҳми якхеле дошта бошанд.»
Дар ҳамин ҳол, занони фаъоли аҳзоби сиёсӣ нобаробарии иҷтимоиву иқтисодӣ ва падарсолории ҷомеаи Тоҷикистонро аз омилҳое медонанд, ки бонувони тоҷикро осебпазир мекунад ва барои ҳузури бештари онҳо дар умури сиёсӣ монеа мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари мушкилоти ҷомеаи тоҷик ба ҳамин қишр вобаста аст ва занон ҳам бо ширкати фаъолонаи худ дар тасвиби қонунҳо метавонистанд ба ҳалли онҳо кӯмак кунанд.
Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, «ҳанӯз дар ҷомеаи мо, ки суннатӣ аст, барои занон роҳ чандон ҳамвор нест. Бо он, ки дар марказҳои шаҳр ва вилоятҳо як гуна пешравиҳо ҳаст бо инҳо наметавон иктифо кард. Чунки дар маҳаллаҳо вазъ нисбатан дигар аст ва ва бояд барои боз кардани роҳ ба онҳо чора андешид ва имкониятҳо фароҳам кард то онҳо битавонанд саҳми худро дар ҳаёти сиёсии кишвар бигузоранд.»
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аксаран дар мулоқотҳояш аз нақшу ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва ҳузури онҳо дар мақомоти идории кишвар ёдрас мешавад. Ҳамчунин бо ҳадафи боло бурдани ҷойгоҳи зани тоҷик дар умури сиёсӣ 8 соли қабл барномаи давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул шуд. Аммо бо ин ҳам гуфта мешавад, занҳо дар ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз нақши калидӣ ё таъйинкунанда надоранд ва мақомҳои раҳбарӣ ҳам ба онҳо чандон бовар карда намешавад.