Пажӯҳиши раёсати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон муайян кардааст, ки беш аз 40 дарсади занҳои қобили таваллуд дар ин минтақа аз бемории ҷоғар ранҷ мебаранд. Ин ниҳоди давлатӣ мегӯяд, дар ҷараёнии таҳқиқот, ки аз боғчаҳои кӯдакон то муассисаҳои давлатиро фаро гирифта буд, ҳудуи 1000 нафари дигар ошкор шуд, ки ба тозагӣ гифтори маризии ҷоғар шудаанд.
Раёсати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон мегӯяд, ин пажуҳишро дар бемористон, кӯдакистон, корхонаву идораҳои давлатӣ ва мактаҳои 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва дар миёни занони аз 18 сола боло тариқи сӯҳбат анҷом додааст.
Феълан дар вилояти Хатлон шумораи умумии занон 1 милиону 443 ҳазору 58 нафарро ташкил медиҳанд.
Илёсиддин Саидов, раиси Маркази бемориҳои ғадуди дарунии вилояти Хатлон рӯзи чоршанбе, 9-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадафи пажуҳишро ҷилавгирӣ густариши бемории ҷоғар миёни занон унвон кард.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Саидов, тибқи муроҷиати занон ба бемористонҳо шумораи гирифторони ин беморӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта даҳ дарсад афзудааст.
Ба таъкиди ҷаноби Саидов, ин беморӣ бояд, пеш аз ҳомиладорӣ ё дар давраи ҳомиладорӣ муолиҷа шавад. «Зани ҳомиладор, вақте ки бемории ҷоғар дорад табобат накунад оризаҳои зиёде дорад. Масаланд ноқисулақлии кӯдак ва рушд накардан, инчунин осебе ба мағзи сари кӯдак мерасонад ва фавти модару кӯдак аз эҳтимол дур нест,» - гуфт Саидов.
Ҳарчанд ин масъули маркази бемориҳои ғадуди дарунӣ дар мавриди маргу мири занону кӯдакон дар вақти зоимон аз ин беморӣ мушаххас чизе нагуфт, аммо афзуд, бемории ҷоғар, ки аз набуди йод дар инсон пайдо мешавад, метавонад бо марги бемор анҷом шавад. Ӯ гуфт, аломатҳои аслии ин маризӣ варамии гӯлӯ, душвор шудани нафасгирӣ ва инчунин бемадорӣ аст. Табибон тавсия медиҳанд, нафаре, ки дар худ ин аломатҳоро мушоҳида кардааст бояд дафъатан ба духтур муроҷиат кунад.
Пизишкон мегӯянд, табобати бемории ҷоғар аз 6 моҳ то 2 сол идома мекунад, вале харидории доруҳо на ба ҳама бемор даст медиҳад, чун ҳазинаи марҳалаи табобат гарон меафтад.
Давлатбӣ Каримова, зани 30-сола аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, яке аз даҳҳо зане аст, ки аз бемории ҷоғар дар давраи ҳомиладорӣ то ҳол ранҷ мекашад.
Хонум Каримова, мегӯяд, ки агарчи беморияш дар рӯзҳои гармо рӯ мезанад ва азияташ медиҳад, вале ӯ имкони табобатро надорад. «Дар рӯзҳои гарми нафасам мегирад ва бетоқат мешавам, вале агар каме гиря кунам худамро хуб эҳсос мекунам, аммо барои табобат кардан пулам намерасад. Ман, ки дар деҳот корҳои кишовазӣ мекунем пули кофӣ барои табобат надорам ва боз доруҳое, ки барои мо духтурон тавсия медиҳанд гарон аст.»
Дар ҳамин ҳол, Моҳбегим Давлатмаҳмадова, мудири шӯъбаи бемориҳои камйодӣ дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло барномаи вижаи кӯмак ба беморони ҷоғар рӯи даст аст, ки барои беморон дастрасӣ ба дору ва дигар имконоти табобатро осон мекунад. Хонум Давлатмаҳмадова мегӯяд, “то соли 2001 барномаи махсусе аз ҷониби фонди Оғохон буд, ки қурси лепиадолро барои пешгии аз бемории ҷоғар медоданд ва дар байни занон ва кӯдаконе, ки бемории ҷоғар буданд тақсим мекардем, вале ҳоло ин барномаҳо нест."
Бинобар иттилои расмӣ теъдоди гирифторони бемории ҷоғар дар Тоҷикистон, ҳудуди 27 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва бештари онҳо занону духтарон будаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки пизишкони хатлонӣ мегӯяд, дар шаҳру навоҳии ин вилоят камбуди ҷой барои муолиҷаи беморони ҷоғар дар бемористонҳо ба мушоҳида мерасад.