Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳамсояҳоро дилпур кардааст, ки "Роғун" онҳоро бе об намегузорад


Давлати Тоҷикистон ба кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ дар Алма-ато итминон додааст, ки аз обанбори Роғун тарзе истифода мекунад, ки маҷрои кунунии дарёҳои фаромарзӣ тағйир нахоҳад ёфт.

Сароҷ Кумар Ҷа, роҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз анҷоми давраи панҷуми ҳамоиши намояндагони ҷомиаҳои шаҳрвандии кишварҳои болообу поёноби Осиёи Марказӣ бар сари натиҷаҳои ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғун аз 14 то 18 июл дар шаҳри Алма-Ато, изҳори назар кардааст.

Кумар Ҷа гуфтааст, ду гузинаи истифода аз сарбанди нерӯгоҳи Роғун вуҷуд дорад. Ба гуфтаи вай, ҳоло Тоҷикистон аз квоттаи об пурра истифода намекард. Тоҷикистон аз соли 2005 то 2011 1,2 миллиард метри мукааб камтар аз квоттаи муқарраршуда об масраф мекард ва барои пур кардани обанбори нерӯгоҳи Роғун метавонад аз квоттаи обаш пурра истифода кунад. Дар ин сурат миқдори партоби об ба сӯи кишварҳои поёноб коҳиш хоҳад ёфт.

Аммо ба гуфтаи Кумар Ҷа, давлати Тоҷикистон ният дорад обанбори Роғунро тарзе истифода кунад, ки ҳаҷми кунунии об дар дарёҳои фаромарзӣ тағйир наёбад. Чун ҳоло обанбори нерӯгоҳи Норак барои нигоҳдории 4,2 миллиард мукааб об барои моҳҳои октябр март истифода мешавад ва дар сурати бунёди Роғун низ аз ин бештар об дар обанборҳо нигоҳдорӣ намешавад.

Бинобар ин Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, сохтмони неругоҳи Роғун дар ҷаҳорчӯби қонунҳои байналмилалии муосир имконпазир аст. Сароҷ Кумар Ҷа, роҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи миёна дар гуфтааст « бинобар натиҷаҳои гузориши гурӯҳи коршинсони мустақил бунёди садди Роғун дар доираи қонунҳои байналмиллаии муосир бо дарназардошти машваратҳои коршиносон ва ҳамчунин таҳти назорати мониторинги доимӣ имконпазир аст.»

Аммо ҷаноби Ҷа гуфтааст, сармоягузорӣ шудани тадқиқоти Роғун ва маънои онро надоранд, ки бонк дар оянда сохтмони онро сармоягузорӣ мекунад. Дар идомаи суҳбат ин масъули Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки ҳангоми арзёбии тарҳи Роғун, коршиносон ҳамчунин варианти таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ бидуни бунёди ин нерӯгоҳро низ баррасӣ карданд. Аммо ба гуфтаи Кумар Ҷа, бинобар арзёбии коршиносн бунёди нерӯгоҳи Роғун роҳи аз ҳама арзони таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ аст.

XS
SM
MD
LG