Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз қочоқи 20 тонна меваи хушки Узбакистон


Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон нагузоштаанд, 20 тонна меваи хушки Узбакистон аз роҳи қочоқӣ вориди кишвар шавад.

Кормандони Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд нагузоштаанд, як “КамАЗ” бо 20 тонна меваи хушки Узбакистон аз роҳи қочоқӣ вориди Тоҷикистон шавад. Ин бор бештар аз мавиз иборат буда, соҳибкор Бахтиёр Нормамадов талош доштааст, онро аз Узбакистон ба Суғд биёрад ва дар бозор ба фурӯш гузорад.

Вилояти Суғд як минтақаи содиркунандаи меваи хушк ба Русия ва кишварҳои дигар ба ҳисоб меравад. Тоҷирони суғдӣ аз қабл аз Узбакистону Қирғизистон меваи хушкро ҷамъ оварда, бо роҳи оҳан ба хориҷ аз Тоҷикистон содир мекарданд. Сокинони манотиқи марзӣ мегӯянд, бо вуҷуди баста будани сарҳадҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон, тоҷирони ҳар ду кишвар бо роҳҳои пинҳонӣ муомила ва додугирифтҳое анҷом медиҳанд.

Як манбаи огоҳ аз қазияи ошкор кардани меваи хушки воридотӣ аз Узбакистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тоҷири суғдӣ меваро аз Узбакистон аз гузаргоҳи гумрукии байни Спитамену Бекобод, ки барои гузаштани танҳо сокинони мавзеи маҳаллии баҳснок боз аст, ворид намудааст. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир, ки сарҳад ва гузаргоҳҳо таҳти назорат аст, бо роҳи қочоқ ворид кардани миқдори бузурги бор дар автомобилу мошинҳои боркаш аз Узбакистон ба Тоҷикистон ва ё баръакс, имкон надорад.

Суғд дар водии Фарғона аз замони Шӯравӣ минтақаи аслии содиркунандаи меваи хушк ба хориҷ, умдатан Русияву Қазоқистон маҳсуб меёбад. Солҳои охир низ бино ба маълумоти расмӣ, аз роҳи оҳани Хуҷанд ҳамасола ҳудуди 80 ҳазор тонна меваи хушк, аз ҷумла зардолу ва чормағз содир мешавад. Ҳамзамон тоҷирони суғдӣ аз Хуҷанду Исфараву Истаравшан ва Ашт меваи хушкро аз Қирғизистону Узбакистон низ ҷамъ меоранд.

То охири солҳои 90-и асри гузашта тоҷирони самарқандиву истаравшанӣ аз Самарқанд дар “КамАЗ”-ҳо навъҳои босифати мавизро ворид мекарданд ва дар бозорҳои минтақа ба фурӯш мегузоштанд. Ҳоло дар бозорҳои Суғд 1 кило мавиз 15-20 сомонӣ нарх дорад, аммо ба гуфтаи тоҷирон, дар Узбакистон ду баробар арзонтар аст.

Вале дар ҳоли ҳозир ин гуна додуситадҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорони Суғд ва навоҳии ҳаммарзи Узбакистон, бинобар баста будани марзу роҳҳо, то сатҳи поинтарин коҳиш ёфтааст. Вале соҳибкорону тоҷирон ва корхонаҳои бузурги ҳар ду ҷониб ба ҳам паёмҳои ҳамкорӣ медиҳанд ва роҳҳои доду гирифтро меҷӯянд.

Бобоҷон Домуллоев, раҳбари идораи кишоварзии Суғд мегӯяд, барои аз саргирии ҳамкориҳои ба ҳар ду ҷониб судманд, зарфияту имконоиятҳо вуҷуд доранд: “Дар сурати фароҳам шудани шароити ҳамкорӣ, мо аз Узбакистон метавонистем нуриҳои минералии арзон ворид кунем ва соҳибкорону деҳқонҳои мо мисли давраҳои пеш бозорҳои водии Фарғонаву Тошкандро бо меваҳои хушку тар, пур кунанд.”

Абдуфатоҳ Салимов, сокини ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, то чанд соли пеш сокинони зиёди ин маҳал бо сокинони ноҳияи ҳаммарзи Бекободи Узбакистон дар ду сӯи як наҳри марзӣ пинҳонӣ аз чашми марзбонону гумрукчиён доду гирифтҳо доштанд. Ба гуфтаи вай, ҳоло сокинони Узбакистон умдатан ба ворид кардани асбобҳои барқӣ ва дигар лавозимоти техникӣ аз Тоҷикистон ҳавасманданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ моҳе қабл бо эълони он ки соҳибкорони суғдӣ пешниҳоди корхонаи тракторбарории Тошкандро барои хариди мол пазируфтаанд, омодагии Тоҷикистонро барои густариши ҳамкориҳо бо Узбакистон таъкид дошта буд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта сатҳи тиҷорат миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳамагӣ 4.6 миллион долларро ташкил додааст, ки коршиносон онро “дар сатҳи пасттарин” дар гузаштаи муносибатҳои иқтисодии ин кишварҳо арзёбӣ мекунанд.

Вале соли равон нишонаҳои каме гармии муносибитҳои ин кишварҳо ба мушоҳида мерасад ва моҳи январ, бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, ҳаҷми табодули коло бо Узбакистон ба 79 ҳазор доллар расидааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 10,6 дарсад бештар будааст.

XS
SM
MD
LG