Кумитаи тадорукоти анҷумани муассисони нахустин Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ин созмони нави вакилони мудофеъро дар моҳи сентябр таъсис диҳанд.
Абдуқаюм Юсуфӣ, вакили мудофеъ аз Коллегияи адвокатҳои “Сипар”, марказаш дар Душанбе, рӯзи 20 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи чоршанбе Кумитаи тадорукот қарор кард, ки анҷумани муассисони Иттиҳоди адвокатҳоро тақрибан рӯзҳои 18-19 сентябр барпо кунад, чунки тибқи қонуни нави адвокатура, ин анҷуман набояд дертар аз 27 сентябр баргузор шавад."
Ба фарқ аз Иттиҳоди журналистон ё Иттиҳодияи адибон, ки узвияти хабарнигорон ва шоирону адибон дар ин созмонҳои эҷодӣ ихтиёрист ва монеи фаъолияти онҳо намешаванд, вакилони мудофеъ дар ғайри сурати узвият дар Иттиҳоди адвокатҳо ҳаққи фаъолият нахоҳанд дошт.
Қонун “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, ки моҳи марти соли равон ба иҷро даромад, дар баробари маҳдудиятҳое, чун ҳатмӣ шудани имтиҳони касбӣ барои адвокатҳо, дар як иттиҳодияи касбӣ гирди ҳам овардани вакилони дифоъро низ пешбинӣ мекунад. Дар банди аввали ин қонун Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон ҳамчун созмони воҳид, мустақил, ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии касбӣ бар пояи узвияти ҳатмии адвокатҳои ин кишвар маънидод шуда, ҷумлаи аввали банди сеюми қонуни адвокатура талаб мекунад ки: “Адвокат бояд узви Иттиҳоди адвокатҳо бошад.”
Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон бояд дар зарфи 6 моҳ аз рӯзи ба иҷро даромадани қонуни фаъолияти адвокатӣ таъсис шавад ва баъд аз таъсис ва сабти номи он танҳо аъзои расмии ин созмон ҳаққи идомаи фаъолияти адвокатиро ҳифз хоҳанд кард. Абдуқаюм Юсуфӣ мегӯяд, ба ҷуз аз фароҳам сохтани заминаи ҳуқуқии фаъолияти баъдии вакилони дифоъ, як ҳадафи асосии дигар аз таъсиси Иттиҳоди адвокатҳо боло
бурдани нуфузи адвокат дар низоми адлияи Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, аз нақши феълии адвокат дар ин низом “на пурра қонеъ аст ва на тамоман ноқонеъ, зеро пурра қонеъ будан ин ба маънои розӣ будан аз он низомест, ки дорем”.
Ислоҳи қонуни адвокатураи Тоҷикистон дар ҳолест, ки вакилони мудофеъ дар низоми адлияи кунунии Тоҷикистон нақши чандоне надоранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ин низом дар ҳоли ҳозир ҳарфи аввалро ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ, яъне мақомоти тафтишотӣ мезанад ва додрасҳо низ ҳукми худро асосан бар пояи хулосаи айбдоркунӣ содир мекунанд, ки ин боиси ҳатто бо истеҳзо дар матбуот “говсуд” унвон шудани бисёре аз мурофиаҳо мешавад. Ҳарфи адвокат ва далелу тавҷеҳҳои ӯ дар додгоҳҳои Тоҷикистон дар аксари маворид ба инобат гирифта намешавад, ки ин бисёрии вакилонро навмед ва ҳатто аз ин касб дилсард мекунад.
Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеъ аз вилояти Суғд вале мегӯяд, ҳарчанд таъсиси Иттиҳоди адвокатҳо ва узвияти кулли вакилони дифоъ дар ин созмон, тибқи қонуни нав, ҳатмист, вале гумон аст, ки ин Иттиҳод нақш ва нуфузи адвокатҳоро боло барад. Вай бар ин аст, ки “худи қонуни нав “Дар бораи фаъолияти адвокатӣ” боз ҳам маҳдудтар кардани фаъолияти адвокатҳоро дар назар дорад. Дар асл мушкили низоми
ҳуқуқиии Тоҷикистон дар низоми адвокатура нест ва аз ин рӯ, бо вуҷуди ҳар навъ ислоҳот, чизе тағйир намеёбад, гуфт ӯ. "Аз тарафи дигар, то замоне, ки як ислоҳоти куллӣ сурат нагирад, ба додгоҳҳо мустақилият надиҳанду салоҳиятҳои додситонӣ ва мақомоти қудратӣ бахусус дар ҷараёни мурофиаҳои додгоҳиро маҳдуд накунанд, нақши адвокат бадтар мешаваду беҳтар – не”, мегӯяд Бахтиёр Насруллоев.
Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон низ намоишӣ будани нақши адвокат дар низоми кунунии адлияи Тоҷикистонро эътироф мекунанд. Фаррух Рауфов, муовини сардори раёсати тафтшиоти парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон соли гузашта дар як нишасти бахшида ба масоили ҳуқуқи башар, дар 12 банд мавридҳои умдаи “поймол шудани ҳуқуқ ба ҳимоя” танҳо дар ҷараёни тафтишотро баршумурдааст, ки аз ҷумла бе ширкати адвокат анҷом шудани амалҳои тафтишотӣ, бо ҳар баҳона ба дасткашӣ аз вакил маҷбур кардани гумонбарон, мамониат ё эҷоди маҳдудият ба мулоқоти адвокат бо муваккилаш, беҷавоб гузоштани дархостҳои, ба гуфтаи Рауфов, “асоснок”-и ҳимоятгаронро дар бар мегирад. Ин намояндаи додситонӣ ҳамчунин иқрор кардааст, ки дар бисёр мавридҳо “айбдоршавандагон ба ҳимоятгарони худӣ, ё ба истилоҳ “кисагӣ” таъмин карда мешаванд” ва “бинобар аз тарафи муфаттишон ҷалб шудани адвокатҳои фармоишӣ, ё ба истилоҳ “худӣ”, баъзе маҳкумшудагон то ҳол гумон мекунанд, ки адвокатҳо дар ҳайъати мақомотҳои тафтишотӣ фаъолият менамоянд.”
Ба ақидаи Абдуқаюми Юсуфӣ, такяи додрасҳои Тоҷикистон танҳо ба хулосаи мақомоти тафтишотӣ ба ҳангоми судури ҳукм меросест, ки аз низоми адлияи таъқиботии замони Шӯравӣ мерос мондааст: “Муттаассифона, чунин аст. Ин мероси давраи Шӯравиро дар кишвари мо то ҳол ҳамон хеле ки ҳаст, бурда истодаанд, ҳолатҳое, ки зиёданд". Дар ҳоли ҳозир, бино ба ҳисобҳо, дар Тоҷикистон тақрибан 2000 вакили мудофеъ кор мекунанд. Онҳо асосан дар 8 коллегияи адвокатҳо гирди ҳам омадаанд. Баъди таъсиси Иттиҳоди адвокатҳо ҳамаи онҳо бояд зери боми як созмон муттаҳид шаванд.
Абдуқаюм Юсуфӣ аз коллегияи адвокатҳои “Сипар” умедвор аст, ки аз як гиребон сар баровардани адвокатҳо имкон медиҳад, ки онҳо муштаракан иқдом кунанд ва ба тақвияти нақши худ дар низоми адлияи Тоҷикистон ноил шаванд. Вале Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеъ аз вилояти Суғд чунин хушбин нест. Ба ақидаи ӯ, то замоне ки волоияти қонун нест ва додгоҳҳои Тоҷикистон мустақил нестанд, адвокат дар ин кишвар дар зери сояи пурҳайбати додситону додрас ҳамчунон як фигураи камранг боқӣ хоҳад монд.