Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳуров: "Ба самимияти Мирзиёев заррае шубҳа надоштем"


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, дар идомаи сафари давлатиаш ба Тоҷикистон рӯзи 10-уми март бо раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров суҳбат кард. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми суҳбат ду тараф бори дигар майли худро ба густариши муносибатҳо баён намуданад.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, ба самимияти Мирзиёев заррае шубҳа надоштанд. “Зеро муколамаи созанда миёни Узбекистон ва Тоҷикистон маҳз баъди ба қудрат расидани Шумо ба роҳ монда шуд”, - гуфтааст Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, “мо ҳамеша бовар доштем, ки дер ё зуд дар муносиботи неки бисёрасраи кишварҳои мо давраи наве эҷод мешавад ва ҳама чиз ба давраи муқаррарии худ бармегардад.”

Сухангӯи Маҷлиси Намояндагон гуфт, Шавкат Мирзиёев дар навбати худ таъкид кардааст, ки “муносибати дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардуми ҳар ду кишвар дорад.” Аз ин рӯ, ба қавли Шавкат Мирзиёев, “вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем.”

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, субҳи 9-уми март барои анҷоми сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд. Ӯ дар рӯзи аввали сафараш бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Душанбе, миёни ду кишвар 27 созишнома, санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуд. Муҳимтарин созиши ҳосилшуда ин то 30 рӯз бидуни виза ба кишварҳои якдигар сафари кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.

XS
SM
MD
LG