Як мақоми Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи парвандаҳои 13 узви баландпояи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) алакай ба поён расидааст ва ҳайъати раисаи ин мурофиа ба хотири судури ҳукми муттаҳамон дар хонаи машваратӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Озодӣ, ҳукми ин 13 узви раёсати ҲНИТ бояд рӯзҳои наздик эълон шавад. Ӯ афзуд, баъди судури ҳукм бар асоси қонун ба наздиконашон иҷозати мулоқот бо ин муттаҳамон дода хоҳад шуд.
13 узви раёсат ва шӯрои сиёсии ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосиддинов рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд. Алайҳи ҳар кадоми онҳо аз ду то 15 иттиҳом эълон шудааст. Як иттиҳоми асосӣ ба зидди ин аъзои баландпояи ҲНИТ ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Назарзода мебошад. Худи аъзои ҳизб ин иттиҳомро рад мекунанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи ин 13 узви раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро рӯзи 9-уми феврал оғоз кард.
Дар ҳамин ҳол, наздикони Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ мегӯянд, вазъи саломатии Сайидумар Ҳусайнӣ дар боздоштгоҳ рӯз ба рӯз бадтар мешавад, вале мақомот бо баҳонаи ин ки мулоқот бо ӯ ба ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ халал меорад, иҷозаи вохӯрӣ намедиҳанд.
Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, писари Сайидумар Ҳусайнӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор дорад, рӯзи 6 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, муддатҳост падараш дар боздоштгоҳ аз бемории миён ва пойҳояш азият мекашад.
Вай гуфт, бародараш модараш мехоҳанд бо Саидумар Ҳусайнӣ мулоқот кунанд, вале мақомот бо ҳар баҳона иҷозаи вохӯрӣ намедиҳанд.
Вай гуфт, дар ибтидои моҳи март бо оғози мурофиаи додгоҳии аъзои мамнӯъи ҲНИТ ба аъзои хонаводаҳои дигар боздоштшудагони ин ҳизб иҷозаи мулоқот дода буданд, вале ба хонаводаи онҳо ин имкон дода нашуд.
Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ афзуд, аз як сӯ фишори равонӣ ва аз тарафи дигар шаротити танги боздоштгоҳ дарди миён ва пойҳои падарашро бештар кардааст.
Ҳамсари Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, узви дигари боздоштшудаи ҲНИТ низ аз вазъи саломатии ҳамсараш изҳори нигаронӣ кард. Ҳамсари Сайфуллоҳзода гуфт, шавҳараш аз дарди сар шикоят мекунад ва ҳар ҳафта аз дорухона барояш даво мебарад, вале имкони мулоқот бо ӯро надорад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 сентябри соли 2015 ҳизби наҳзати исломиро дар фаъолиятҳои ифротгароёна, аз ҷумла ба даст доштан дар ошӯби генерал Назарзода айбдор ва фаъолияти ин ҳизбро манъ кард. Раҳбарони ҲНИТ ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ошӯби рӯзҳои 4-16 сентябри Абдуҳалим Назарзода барои мақомот танҳо баҳонае барои бастани ин ташаккули умдаи мухолифин шуд.