Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷаммӯъ бо талаби баргардонидани Кабирӣ ба Тоҷикистон (АКС ВА ВИДЕО)


Як гурӯҳ, ки худро "ҷавонон фаъол" мехонанд, дар назди намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе ҷамъ омада ва хостори баргардонидани Муҳиддин Кабирӣ ба Тоҷикистон шуданд.

Ҳудуди 70 нафар ҷавонон, ки аксарияташон донишҷӯёни макотиби олии пойтахт буданд, қабл аз зӯҳри рӯзи 20-уми феврал дар назди намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе таҷаммӯъ намуда, талаб карданд, ки масъулони ин ниҳод ба номаи қаблан фиристода онҳо посух бидиҳад.

Умари Қурбон, яке аз ҷавонони дар ин гирдиҳамоӣ ширкатдошта гуфт, бор севвум аст, ки онҳо ба дафтари Иттиҳодияи Аврупо нома менависанд, аммо дипломатҳои ин намояндагӣ ба номаи онҳо посух намегӯянд. Вай афзуд: “Мо дар муроҷиатномаи хеш ба намояндагии Иттиҳодияи Аврупо ҳанӯз рӯзи 5−уми январ пешниҳод карда будем, ки хоиноне мисли роҳбари собиқи ҳизби мамнӯи ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ба Тоҷикистон баргардонанд. Инҳо сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистонро танқид карда истодаанд. Онҳо мегӯянд, ҷавонон дар Тоҷикистон озодӣ надоранд, аммо мо дар ин ҷо озодона ҷамъ омадем ва гуфтанием, ки ҷавонон дар Тоҷикистон озоданд.”

Ин ҳамсуҳбати Озодӣ гуфт, ҳайрон аст, ки чаро афроде чун Муҳиддин Кабирӣ дар ҷустуҷӯи полиси байналмиллалӣ− Интерпол қарор доранд, аммо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо онҳоро натанҳо боздошт накардаанд, балки ба онҳо иҷоза медиҳанд дар минбарҳои баланд суханронӣ кунанд?!

Дар ин гирдиҳамоии ҷавонон, ки тақрибан 2 соат идома кард, шиорҳое мисли “Хоинонро ба ватан баргардонед!” ва “Иттиҳодияи Аврупо ба муроҷиати мо посух бидиҳед!” садо медоданд. Бо вуҷуди эътирозу шиорпартоии ин гурӯҳи ҷавонон, касе аз намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ба назди эътирозгарон набаромад, аммо нигаҳбонони ин намояндагии дипломатӣ ба ҷавонон гуфтанд, ки дар дафтар касе нест, ки ба муроҷиати онҳо посух бидиҳад. Ба дунбол, ҷавонон бо таъкиди ин ки рӯзи душанбе дигарбора дар инҷо таҷаммӯъ хоҳанд кард, маҳалро тарк карданд.

Ин ҷавонони эътирозгар тавассути посбонҳои ин дафтар ба масъулони намояндагии Иттиҳодияи Аврупо расонданд, ки агар ба номаи онҳо давоми ду рӯзи оянда посух дода нашавад, беш аз 10 ҳазор ҷавонони тоҷик омодаанд, ки ба назди ин намояндагӣ ҳозир шаванд. Онҳо мегӯянд, ки даъвати худро дар шабакаи Фейсбук нашр карданд ва 10 ҳазор ҷавонон онро пазируфтанд ва танҳо ба хотири халалдор нашудани назму тартибот умум, танҳо қисми хурде аз онҳо имрӯз ба инҷо омадаанд.

Ин гурӯҳи ҷавонон аз ин қабл низ дар назди сафоратхонаҳои Олмон ва Амрико дар шаҳри Душанбе таҷаммӯъ намуда ва посухи номаи худ дар мавриди ихроҷи сарони мухолифони тоҷик аз Олмон ва Амрикоро тақозо карда буданд. Ин ҷавонон дар моҳи октябр бо супурдани нома ба ин ду намояндагии дипломатӣ, хостори ихроҷи Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷон Атовуллоев ва Абдулмалик Абдуллоҷонов аз он кишварҳо шуда буданд. Ба иддаои онҳо, ин се мухолифи умдаи ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар Олмону Амрико паноҳ бурдаанд ва аз онҷо бо истифода аз пойгоҳҳои интернетӣ, алайҳи ҳукумат мубориза мебаранд.

Ин гурӯҳи ҷавонони ташкили гирдиҳамоиро як навъ ҳаққи шаҳрвандии худ ва далели озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд. Аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, ташкили ин гирдиҳамоӣ бо нақзи қонунҳои Тоҷикистон доир шуда, ба муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо метавонад латма ворид кунад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, гурӯҳи ташаббускори ин гирдиҳамоӣ бояд нахуст аз ҳукумати шаҳр барои ин кор иҷозат мегифт, дар ғайри сурат корманди пулис ин гирдиҳамоиро бояд пароканда карда, ширкатдорони онро ба ҷавобгарӣ мекашиданд.

Вай афзуд, “намояндагии Иттиҳодияи Аврупо аз масъуниятҳои дипломатӣ бархӯрдор аст. Барои ҳамин, ин ниҳод ба номаву мактубҳо мувофиқи салоҳдиди хеш посухи хаттӣ медиҳад. Агар посух ҳам надиҳад, қонунҳои Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шаҳрвандон ба онҳо дахл надоранд ва онҳо муваззаф нестанд, ки шарҳ бидиҳанд, ки чаро посух надоданд.”

Дар гузашта низ чанд дафъа дар назди сафоратхонаҳои Амрико дар шаҳри Душанбе як дафъа бо талаби ба Тоҷикистон супурдани сарвазири собиқи ин кишвар Абдумалик Абдуллоҷонов, ки бино ба хабарҳо, 20 сол боз дар Амрико ба сар мебарад, чунин як тазоҳурот доир шуда буд. Бори дигар як гурӯҳ дар пайи боздошти Александр Содиқов бо иттиҳоми ҷосусӣ дар назди сафорати Бритониё ҷамъ шуда, ба сӯи бинои сафорат сангандозӣ ҳам карданд.

Аммо дар маҳофил бар ин назаранд, ки ин гирдиҳамоиҳо ташкилшуда буда, ширкаткунандагонаш бидуни ҷазо раҳо мешаванд. Онҳо дар ин робита ба қонунгузории кунунии Тоҷикистон ишора мекунанд, ки барои ташкил ва ширкат дар тазоҳуроти бидуни иҷозат ҷазоҳои сангин муқаррар кардааст, вале ширкаткунандагони раҳпаймоиҳои, ба ақидаи онҳо, "фармоишӣ" танҳо барои зоҳир боздошт ва баъди андаке бо ягон ҷазои сабуке, мисли ҷарима, озод мешаванд.

XS
SM
MD
LG