Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мулоқоти наздикон бо боздоштшудаҳои ҲНИТ


Наздикони 13 узви боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ барои аввалин бор баъд аз оғози мурофиаи додгоҳӣ бо онҳо мулоқот кардаанд.

Барои бори аввал баъд аз оғози мурофиаи 13 узви Раёсати олии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Додгоҳи олӣ, ба наздиконашон иҷозат дода шуд, ки бо онҳо мулоқот намоянд. Бархе наздикони аъзои боздоштшудаи ҲНИТ мегӯянд, дар мурофиаи додгоҳии ахир ҳам низ ширкат кардаанд. Аммо Додгоҳи олӣ сабаби иҷозаи мулоқоти наздикони аъзои боздоштшудаҳои ҲНИТ-ро шарҳ надод, зеро бар асоси қонунугузорӣ, танҳо баъди анҷоми мурофиа ва содир шудани ҳукм, иҷозаи мулоқоти наздикон бо маҳкумшудаҳо дода мешавад ва он ҳам як дафъа.

Билоли Зубайдуллоҳ, фарзанди Зубайдуллоҳи Розиқ -- яке аз аъзои боздоштшудаи Раёсати ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ 4 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 3 март бо даъвати мақомот модараш дар боздоштгоҳ бо падараш мулоқот кардааст. Вай ба нақл аз модараш мегӯяд, ки вазъи саломатии Зубайдуллоҳи Розиқ хуб аст ва ҳеҷ шикояте надорад. Вай гуфт, аз ин қабл онҳо аз аҳволи саломатии падараш нигарон будаанд, вале акнун маълум шуд, ки мушкиле вуҷуд надорад.

Гулдаста Ҷобирова, хоҳари Зарафо Раҳмонӣ -- дигар аъзои боздоштшудаи ҲНИТ мегӯяд, ки бо иҷозатномаи расмии Додгоҳи олӣ рӯзи 4 март ба мулоқоти хоҳараш рафтааст ва то сеюним соат бо ӯ дидорбинӣ кардааст. Вай мегӯяд, писари хурдии Зарафоро ҳам ҳамроҳаш бурда буд ва хоҳараш вақти бештари худро бо кӯдакаш сипарӣ кард. Ба гуфтаи Гулдаста Ҷобирова, саломатии хоҳараш бад нест, "танҳо қалбаш андаке дард мекунад". Вай мегӯяд, Зарафо ҳам ба сурати умумӣ ҳеҷ шикояте накард ва гуфт, ки вазъаш мӯътадил аст.

Ҳамингуна, аз рӯи иттилои Радиои Озодӣ, ҳамсарони Раҳматуллоҳи Раҷаб, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ва Саидумар Ҳусайнӣ низ бо шавҳаронашон дар боздоштгоҳ мулоқот кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Сафаралӣ Норов, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи аъзои ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ махфӣ аст ва аз ин рӯ то ба поён расидани мурофиа ва содир шудани ҳукм, онҳо ҳақи мулоқот надоранд: “Ин хел иҷозат мумкин нест, чунки мурофиа пӯшида мегузарад ва вақте, ки ҳукм баромад, мумкин аст як маротиба иҷозаи мулоқот дода шавад. Ман намедонам сабаби ин иҷоза чӣ метавонад бошад.”

Дар мавриди ширкати наздикони аъзои ҲНИТ дар мурофиаи додгоҳӣ, ҷаноби Норов гуфт, “онҳо ҳақҳи ширкат ва гӯш кардани ҷараёни додгоҳро надоранд ва танҳо ҳамчун шоҳид метавонанд даъват шаванд ва баъди суолу ҷавоб, боз берун раванд.”

Ҳамсари яке аз наздикони аъзои раёсати ҲНИТ ба радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 3 март ба мурофиаи додгоҳӣ роҳ ёфт ва ҳамчун шоҳид ба саволҳои додрас посух дод. Ин зан, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, аз ӯ пурсидаанд, ки ҳангоми боздошти шавҳараш 16 сентябр дар вақти кофтукови манзил чӣ чизҳо бурда шудааст. Вай гуфт, дар мурофиа танҳо як маротиба ҳузур дошт ва танҳо аз тариқи вакили дифоъ оид ба ҷараёни мурофиа хабардор мешаванд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи 13 узви раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро рӯзи 9-уми феврал оғоз кард. Онҳо дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода дар таърихи 4 сентябри соли 2015 гумонбар дониста мешаванд. Худи аъзои ҳизб ин иттиҳомро рад мекунанд.

Дар курсии айбдоршавандаҳо 13 узви раёсат ва шӯрои сиёсии ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосиддинов нишастаанд. Онҳо 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

XS
SM
MD
LG