Озодӣ: Оё бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон солҳои охир камтар шудааст?
Самадова: "Дар муқоиса бо солҳои гузашта, вазъи таъмин бо хӯроку либос, шароити зист ва муносибати сарбозони собиқадор бо навхидматҳо беҳтар шудааст, зеро афсарони воҳидҳои низомӣ ба ин масъалаҳо бештар аҳамият медиҳанд. Аммо айни замон як таҳқиқе, ки мо соли гузашта ҳамроҳ бо 5 созмони ғайриҳукуматии дигар дар саросари Тоҷикистон анҷом додем, намоёнгари он аст, ки мушкилот ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Дар ҷараёни ин таҳқиқ мо бо бештар аз 1000 нафар, аз ҷумла сарбозони собиқ, афсарон, сарбозон ва падару модарони онҳо сӯҳбат кардем, ки нишон дод, меҳтарсолорӣ ва бадрафтории сарбозони калонсолу афсарон бо сарбозони навомада дар тамоми гӯшаҳои кишвар мушоҳида мешавад. Дар тамоми воҳидҳои низомӣ усулҳои хоси ба истилоҳ тарбияи сарбозон ба назар мерасад."
Озодӣ: Инҳо чӣ гуна усуланд ва кадом навъи он бештар дида мешавад?
Самадова: "Яке аз усулҳои бисёр бераҳмона бо номи “гулшукуфт” аст, ки ба сарбозони навомада фармон медиҳанд, тамоми ангуштони худро мисли ғунча ҷамъ кунанд ва сипас ба сари ангуштони онҳо бо сагаки оҳанини тасмаи сарбозӣ мезананд ва аз ӯ мехоҳанд, ки ангуштонашро ба тадриҷ боз карда гӯяд, ки “гул шукуфт” ва баъдан бигӯяд, ки аз кадом ноҳия ба артиш даъват шудааст. Яъне, ман сарбоз аз Хуҷанд ба артиш даъват шудаам ва мегӯям, ки гул аз Хуҷанд мешукуфад. Усули дигар ҳаст, ки дар рӯзҳои аввали хидмати сарбозӣ истифода мекунанд. Ин усул “рутбаи генерал” унвон дорад ва чунин аст, ки ба сарбози навомада амр медиҳанд, либосашро кашад ва сипас ба сари китфони ӯ бо тасма мезананд ва доғҳое, ки мемонад, рутбаи аввалине ҳисоб мешавад, ки гӯиё Шумо дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ гирифтед. Усулҳои зиёди дигар ҳаст ва бар изофаи ҳамаи ин, таҳқиру тавҳини сарбозон мушоҳида мешавад ва ҳангоми пурсишҳои мо аксари сарбозон мегуфтанд, ки хидмат бе лат хӯрдан намешавад ва ин як бахши хидмат дар сафи артиш аст. Ин бисёр бад аст, ки сарбозон, одамони калонсол, ҳомиёни ватан зӯровариро, мисли як ҷузъи хидмат ва як чизи табиӣ қабул мекунанд."
Озодӣ: Чунин ҳодисаҳое буд, ки бадрафториҳо сабаби худкушии сарбозон шуда бошад?
Самадова: "Бале, буд. Мо як мавридеро сабт кардем, ки як ҷавон баъд аз таҳқир шудан дар воҳиди низомӣ худро кушт. Баъд аз ин додгоҳ, ҳайати афсарон ва сарбозеро, ки ҷавонро ба худкушӣ расонданд ба ҷавобгарӣ кашид. Чунин ҳодиса буд ва додгоҳ ҳукм кард, ки одамони ҳамон воҳиди низомӣ сарбозро бо таҳқиру тавҳин ба худкушӣ расондаанд."
Озодӣ: Аммо то куҷо худи мақомоти низомӣ ва ҳукумат барои рафъи чунин зуҳуроти бад дар воҳидҳои низомӣ чораҳои мушаххас меандешад?
Самадова: "Нишондиҳанда ин аст, ки тайи солҳои охир, аз ҷумла соли 2011 ва 2012, мақомоти Тоҷикистон ва ниҳодҳои қудратӣ эътироф мекунанд, ки масалан облава ва ё боздошти худсаронаи ҷавонон барои даъват ба артиш вуҷуд дорад. Эътироф мекунанд, ки дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ меҳтарсолорӣ ҳам дида мешавад. Худи эътирофи ин масъала, қадами аввал барои муқобила бо он аст. Бо назардошти кори додгоҳҳои низомӣ ва ниҳодҳои тарбияи афсарон, ниҳодҳои дигари марбута метавон гуфт, ки ҳукумат эътироф мекунад, ин мушкил вуҷуд дорад ва онро нодида гирифтан ва пинҳон кардан роҳи ҳал нест, балки бо он бояд мубориза бурд. Мо чанде пеш бо як ҷавоне, ки хидматро тамом карда буд, сӯҳбат доштем ва ӯ гуфт, ки ҳангоми даъвати вай ба артиш нисбат ба онҳо усули “шашак”-ро истифода мекарданд, ки чунин аст. Пас аз пур шудани 6 моҳи хидмат ба дунбаи сарбоз шаш бор бо тасма мезананд ва бо ҳамин гӯиё шаш моҳи сахттарини хидмат пушти сар шуд. Аммо ба гуфтаи ҳамин сарбоз дар даъвати баъдӣ ин бадмуомилагӣ дигар набудааст, зеро афсари бахши тарбиявӣ ҳар бегоҳ сарбозонро тафтиш мекардааст, ки дигар усули шашакро ба кор набаранд. Ин бисёр хуб аст, вале агар Шумо аз ҳар ҷавоне, ки дар артиш хидмат кардааст, бипурсед, ки “гулшукуфт” ва ё “шашакзанӣ”-ро медонед, ба Шумо гуфта медиҳанд."
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!