Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат иҷозат дод ҳомиёни ҳуқуқ қисмҳои ҳарбиро бубинанд


Вазорати дифои Тоҷикистон иҷоза додааст, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва дафтари ваколатдори ҳуқуқи башар бо вазъи риояти ҳуқуқи сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ ошно шаванд.

Инъикоси пайвастаи масоили бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва ё "дедовшина" дар қисмҳои низомӣ вазорати дифоъро маҷбур кардааст, дари қисмҳои низомиро ба рӯи ҳомиёни ҳуқуқ боз кунанд, ки худашон бубинанд, дар воқеӣ муносибати бераҳмонаву зӯроварӣ ва бадрафтории афсарону сарбозони собиқадор бо сарбозони навхидмат вуҷуд дорад, ё не.

Ҳусниддин Нидоев, намояндаи дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони ваколатдор ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ҳафтаи гузашта дар қисми ҳарбии 07017-и вазорати мудофиа қарор доштанд ва дар муддати ду рӯз таҳқиқ карданд, ки то чӣ ҳад ҳуқуқи сарбозон риоят мешавад. Ӯ афзуд, то поёни имсол ҳомиёни ҳуқуқ ба асоси барномаи нахустин мониторинги қисмҳои низомӣ ба чанде аз ин воҳидҳои низомӣ мераванд: “То охири сол чаҳор қисми низомӣ дар назар аст. Мо ҳаматарафа бо сарбозон сӯҳбат мекунем, ҷойи хоби онҳо, ҳолати санитариро мебинем. Ҳаматарафа чӣ ҳуқуқе, ки хизматчиёни ҳарбӣ доранд, месанҷем.”

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Азбаски пешакӣ омода кардани муассисаву иншооат аз ҷумла қисмҳои ҳарбӣ ва сарбозон қабл аз сафари мақомҳои баландпоя дар Тоҷикистон расм шудааст, баъзеҳо мегӯянд, мумкин аст, айни корро пеш аз боздиди ҳомиёни ҳуқуқ ҳам дар қисмҳои ҳарбӣ анҷом диҳанд. Айни замон гурӯҳи намояндагони ваколатдори ҳуқуқи инсон ва “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар як қисми низомии вилояти Суғд қарор доранд.

Дилрабо Самадова, раҳбари ин созмон, ки худи ӯ ҳам ҷараёни мониторниги қисмҳои ҳарбӣ ширкат дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми боздид бо сарбозон сӯҳбатҳои алоҳида сурат мегирад ва аз онҳо дар бораи шароити хизмату рафтори афсарон ҳам мепурсанд.

Ба гуфтаи Ҳусниддин Нидоев, ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони ваколатдори ҳуқуқи инсон омӯзиши вазъи риояти ҳуқуқи сарбозонро дар қисмҳои ҳарбии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ идома медиҳанд ва бар асоси мушоҳидаҳояшон гузориши комиле омода мекунанд. То кунун ингуна гузориш дар Тоҷикистон нашр нашудааст. Соли 2014 тақрибан ҳар ҳафта гузорише дар бораи мавҷудияти бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нашр мешуд ва дар он сол ду сарбоз ҳам бар асари бадрафтории ҳамхидматонашон кушта шуданд.

Аз ҷумла Акмал Давлатов, марзбони ҷавон рӯзи 17-уми апрел бар асари латукуби ҳамхизматонаш кушта шуд. Дар қисми низомии 2758 дар ноҳияи Спитамен яке аз сарбозони ҷавонро то ҳадде латукӯб карданд, ки ӯ бар асари хунрезии дохилӣ ҷон дод. Намунаи дигари мавҷудияти бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, қазияи пурсарусадои Шаҳбол Мирзоев, сокини ноҳияи Ашт ва сарбози нерӯҳои

Шаҳбол Мирзоев.
Шаҳбол Мирзоев.

марзбонии Тоҷикистон аст, ки тобистони имсол ҳамхидматаш Усмоналӣ Ғайратов бо бадрафторӣ ба камари ӯ осеби сахт расонд ва Шаҳбол то кунун бистарист ва роҳ рафта наметавонад.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, муносибати бераҳмона ва “дедовшина”, ки помоли ошкори ҳуқуқи инсон аст, дар Тоҷикистон сабаби худкушии сарбозону фирори онҳо аз артиш ва бахусус коҳиши эҳсоси ватанпарастӣ дар байни аҳолӣ мешавад. Ҳамин вазъ сабаб шудааст, ки ҷавонони тоҷик аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ҳазар мекунанд ва як пурсиши вазорати дифои Тоҷикистон дар байни сарбозони ҷавон дар соли 2013 нишон додааст, ки 70 дар сади онҳо даъватнома барои хидмат дар сафи артишро гирифтаанд, вале нахостаанд, довталабона ба кумиссариати ҳарбӣ биёянду ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар пайванданд.

XS
SM
MD
LG