Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 маъмури зиндони Хуҷандро барои роҳ додан ба исён ҷазо доданд


Исён дар инҷо сар зад ва нерӯҳои махсусро барои фӯру нишондани он даъват кардаанд.
Исён дар инҷо сар зад ва нерӯҳои махсусро барои фӯру нишондани он даъват кардаанд.

Додгоҳи вилояти Суғд 8 маъмури зиндони шаҳри Хуҷандро барои саҳлангорӣ ва роҳ додан ба ошӯби маргбор дар ин зиндон ба зиндон маҳкум кардааст.

Падари яке аз посбонҳое, ки ба дувуним соли шартии зиндон маҳкум шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, 8 маъмури зиндон барои саҳлангорӣ дар иҷрои вазифа дар рӯзи 8-ноябри соли гузашта ба дувуним солии шартии зиндон маҳкум шуданд.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки дар додгоҳ ҳузур доштааст, додситон аз додгоҳ талаб дошт, ки муттаҳамон ба ҷиноятро то ба 6 солии зиндон маҳкум кунанд, вале додгоҳ ҷазои сабуктарро нисбат ба кормандони зиндон раво дидааст.

Айни замон хабаргузории "Азия Плюс" хабар додааст, ки 9 маъмури зиндон барои саҳлангорӣ аз 2.5 то 4 соли ба зиндон маҳкум шудаанд. Радиои Озодӣ барои дарёфти ҷузъиёт ба мақомоти интизомӣ ва додгоҳӣ муроҷиат кард ва мунтазири посух аст.

Дар натиҷаи исён дар зиндони шаҳри Хуҷанд ба гуфтаи мақомот, 25 нафар аз ҷумла ду маъмури зиндон кушта шуданд. Баъди ин исёни бесобиқа, ки ба гуфтаи мақомот, тундравони исломӣ барангехтаанд, чанд мақоми вазорати алдия, ки зиндонҳо тобеи он ҳастанд, аз мақом барканор шуданд. Ҳамчунин чанд нафар аз масъулони зиндонро бо иттиҳоми саҳлангорӣ дар иҷрои кор дастгир карданд.

Мақомот гуфтанд, ки гурӯҳи зиндониҳо бо ҳадафи фирор аз зиндон ошӯб бардоштанд. Бархе расонаҳои мустақил аз қавли наздикони зиндониҳо мегӯянд, ки бераҳмиву латукӯби маҳбусон аз ҷониби посбонон сабаби сар задани ошӯб шудааст. Мурофиаи 30 маҳбуси муттаҳам дар ошӯб пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи рақами 2-и дар ин шаҳр моҳи март оғоз ёфт ва идома дорад.

XS
SM
MD
LG