Бо як тасмими Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, дар сатҳи раҳбарӣ ва мудирияти зиндону боздоштгоҳҳои вилояти Суғд тағйирот сурат гирифт.
- Мақомоти ин ниҳод гуфтанд, нав шудани раҳбарони аксар муассисаҳои ислоҳӣ бар асоси "ротатсия" сурат гирифтааст. Аммо намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар ин тасмимро идомаи ислоҳот дар шароити маҳбасҳо баъди ошӯби пурқурбонии моҳи ноябри соли 2018 арзёбӣ мекунанд.
Мақомоти нави зиндонҳо бояд инро хуб дарк кунанд, ки ҳатто агар дар пушти деворҳои сангину панҷараҳои мустаҳками зиндон ҳодисаи бад ё поймошавии ҳуқуқи маҳбус рух дод, дер ё зуд дастрасӣ омма мешавад
Дар пайи ошӯби зиндониҳо дар маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд (шаби 7 ба 8 ноябри соли гузашта) 23 маҳбус ва ду зиндонбон кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, маҳбусон мехостанд аз зиндон фирор кунанд ва пеши роҳи ин амали онҳо гирифта шуд, вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, эҳтимол бадрафторӣ ва азияти маҳбусон сабаби даст ба эътироз задани зиндониҳо шудааст.
Таҳқиқи ин парванда аз ҷониби сохторҳои Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом шуда, дар ду мурофиаи додгоҳии ҷудогона дар Хуҷанд феълан муҳокимаи даҳҳо зиндонии муттаҳам дар ташкили ошӯб ва масъулони собиқи зиндони рақами 3 идома дорад. Мурофиаҳо пӯшида аз чашми матбуот сурат мегиранд.
"Раиси зиндон вазифаи меросӣ нест"
Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноӣ, рӯзи 11-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, тағйирот дар сатҳи масъулони маҳбасҳо зиндони рақами 3-и Хуҷандро фаро нагирифт. Ӯ гуфт, дар ин муассиса тафтишоти ошби моҳи ноябр ба анҷом нарасидааст.
"Сардори муассисаи сукунатии воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фахриддин Мирзоев таъйин карда шуд. Бар асоси ин тағйирот, сардори зиндони рақами 5 Фаррухҷон Ҷалолзода таъйин шуда ва Исматулло Аҳмадзода масъули маҳкамаи тафтишотӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд таъйин карда шудааст", -афзуд Умаров.
Тавре мақомоти Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, дар қаламрави ин вилоят ду маҳбас ва ду муассисаи тафтишотӣ (СИЗО) вуҷуд дорад, ки ҳама дар шаҳри Хуҷанд ҷойгиранд. Тағйирот дар сатҳи мудирияти зиндонҳо баъди Суғд дар минтақаҳои дигари кишвар ҳам роҳандозӣ мешавад.
Диловар Исмоилов, сардори маҳбаси воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, ки дар забони мардум бо номи “Кирпичний” маъруф аст, гуфт, мудирияти зиндон мисли ҳар кори дигар доимӣ ё меросӣ нест. "Ҳар вақте ки мӯҳлати раҳбарӣ ба анҷом расид, бояд нафари дигар биёяд. Он чи ки бояд бетағйир монад, риояи тартибу низом ва қонун аст", - гуфт ӯ.
Исмоилов афзуд, "аз ошӯби Хуҷанд муддати зиёд нагузаштааст ва ин воқеа масъулияти роҳбарони зиндонҳоро даҳчанд мекунад. Дар чунин вазъият мақомот ҷиддитар кор мекунанд, то ҳамин хел ошӯб сар назанад."
"Дарси ҷиддӣ" барои масъулони маҳбасҳо?
Дар ҳоле ки мақомот дар сӯҳбатҳо бо матбуот ба риоя шудани қонун ва ҳуқуқи маҳбусон таъкид мекунанд, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ошӯби пурқурбонии Хуҷанд баёнгари вазъи риққатбори бархе аз зиндонҳои Тоҷикистон аст. Як ҳомии ҳуқуқ аз Эътилофи зидди шиканҷа гуфт, ошӯби зиндони Хуҷанд “як дарси ҷиддӣ барои масъулони маҳбасҳост”. Ин ҳуқуқшинос, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, дар шароити имрӯза ҳама гуна хабару гузоришҳо зуд паҳн мешаванд ва пинҳон кардани хабарҳои нохушоянд аз дохили зиндон ҳам дигар душвор мешавад.
"Мақомоти нави зиндонҳо бояд инро хуб дарк кунанд, ки ҳатто агар дар пушти деворҳои сангину панҷараҳои мустаҳками зиндон ҳодисаи бад ё поймолшавии ҳуқуқи маҳбус рух дод, дер ё зуд дастраси омма мешавад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ӯ таъкид кард, ки тағйир дар сатҳи раҳбарият ё мудирияти зиндонҳо бояд бунёдӣ ва фарогир бошад ва раҳбарони нав бояд бидонанд, ки тарзи иҷрои масъулиятҳо, бархӯрд бо маҳбусон ва риояи қонун нисбат ба онҳо дар авлавияти корашон қарор гирад. "Вагарна тағйири як раҳбар бо раҳбари дигар натиҷа намедиҳад”, - гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Ӯ афзуд, мақомоти зиндонҳо бояд ҳамин нуктаро дуруст дарк кунанд, ки шахси маҳкумшуда "аллакай муҷозот шудааст, вай мӯҳлати аз ҷониби қонун муқарарршударо дар пушти панҷара сипарӣ мекунад. Вале айни замон, ӯ инсон аст ва бояд дар шароити инсонӣ нигаҳдорӣ шавад, то ки баъди тарки ин макон тавонад дубора ба зиндагии маъмулӣ ва бидуни дилсиёҳиву шикастарӯҳӣ баргардад".
Мақомот вуҷуди шиканҷа ва бадрафториву муҷозоти худсаронаи зиндониҳоро рад мекунанд. Вале дар хабарҳои пароканда аз дохили зиндон, аз ҷумла зиндони рақами 3-и Хуҷанд гуфта шуд, ки маъмурияти собиқ даст ба азияти маҳбусон, ба вижа онҳое, ки бо парвандаҳои ба истилоҳ сиёсии мисли узвият дар ҳизбу созмонҳои мамнӯъ зиндонӣ шудаанд, мезананд. Мақомот ҳеҷ гоҳ ин хабарҳоро расман тасдиқ накардаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ҳаққи боздиди озод аз зиндонро надоранд
Сардори пешини маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд Файзулло Сафарзода як ҳафта баъди сар задани ошӯб аз мақомаш барканор ва ба мӯҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Нисбат ба ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "сӯистифода аз мақом" ва "хунукназарӣ" парванда боз шуда тафтишот идома дорад. Дар ҳоли ҳозир иҷрокунандаи вазифаи раиси ин маҳбас Диловар Арабзода таъин шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бо ин ки сардори нави раёсати зиндонҳо баробари шурӯи кор ба санҷиши вазъи маҳбасҳову сӯҳбат бо зиндониҳо пардохтааст, ин ҷараён барои ҷомеа шаффоф сурат намегирад ва ҳамоно ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба дохили зиндонҳо дастрасӣ надоранд. Созмони байналмилалии Салиби Сурх даҳсолаҳо аст, ки ҳаққи ворид шудан ба муассисаҳои бастаи Тоҷикистонро надорад ва аз имкони арзёбии мустақили вазъ маҳрум аст.
Абдураҳмон Шарифзода, як ҳуқуқшиноси Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, то замоне ки Тоҷикистон протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷаро ба тасвиб нарасонад, барои созмонҳои ҳуқуқи башари маҳаллӣ низ иҷозаи вуруд ба маҳбасҳо фароҳам оварда намешавад. Қабули ин эъломияро чанд сол аст, ки СММ ва дигар ҳамкорони байналмилалии Тоҷикистон тақозо мекунанд. Шарифзода гуфт, дар ҳолатҳои хеле маҳдуд намояндгони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаққи ворид шудан ба маҳбасро доранд.
Ӯ афзуд, "ҳоло созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гоҳ-гоҳ вориди зиндонҳо мешаванд ва мониторинг анҷом медиҳанд. Ин бидуни роҳнамоӣ ва иҷозаи Омбудсмен номумкин аст. Ва агар ворид ҳам шаванд, ҳатман дар паҳлӯи намояндаи Идораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ворид мешаванд. Намояндаҳои созмони зидди шиканҷа бо маҳбус суҳбат намекунанд, намояндаи Омбудсмен суҳбат мекунад ва баъд натиҷаи суҳбаташро ба онҳо нақл мекунад”.
Танҳо иқдоме, ки Тоҷикистон зери фишори ҷомеаи байналмилалӣ дар амри мубориза бо шиканҷа дар солҳои гузашта анҷом дод, ин ворид кардани моддаи вижаи “шиканҷа” ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аст. Вале ин модда ҳам дар ҳолатҳои хеле кам истифода мешавад ва дар ҳолатҳои зиёд кормандони интизомӣ барои шиканҷаи афрод бо парвандаҳои мисли “берун рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ” ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, ки ҷазои сабуктар дорад.
Созмонҳои байналмилалӣ борҳо Тоҷикистонро барои шиканҷа танқид карда ва аз мақомот хостаанд, ки шиканҷаро аз байн бибаранд.
Соли гузашта беш аз 40 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздиконашон ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон шикоят кардаанд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта дар робита ба шиканҷа чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз карда, ду парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд.