Мурофиаи 30 маҳбуси муттаҳам дар ошӯби зиндони Хуҷанд пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи рақами 2-и дар ин шаҳр дар моҳи март оғоз ёфта, идома дорад. Вокуниши додгоҳ ба талаби додситон маълум нест, ба муҳокима наздикони гумонбаршудагон роҳ наёфтаанд ва вакилони онҳо аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд.
Дар ошӯби шаби 6-7-уми ноябр, ки дар пайи он, ба гуфтаи мақомот, 25 нафар -- 23 зиндонӣ ва ду корманди маҳбас -- кушта шуд, пайравони гурӯҳҳои ифротӣ муттаҳам мешаванд.
Мақомот: "Тақрибан 4 моҳ омодагӣ дида буданд"
Як манбаи огоҳ аз ҷараёни мурофиа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳбусоне, ки дар ошӯб даст доранд, ба "куштор", "монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ", "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ" ва "зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат", айбдор мешаванд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, аксар муттаҳамоне, ки дар даст доштан дар ошӯб айбдор мешаванд, қаблан бо гуноҳи узвият дар гуруҳҳои ифротӣ ва даст доштан дар амалҳои террористӣ аз 15 то 25 сол ҳукми зиндон доштанд. Мақомот гуфта буданд, ки гумонбарони иштирок дар ошӯб, "тақрибан чор моҳ" омодагӣ дида буданд.
Қаблан, созмони тундрави ДИИШ гуфта буд, ин ошӯб бо дастури онҳо сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мақомот, андешаҳои ҷиҳодӣ дар ошӯб нақши асосӣ дошт, вале ин гурӯҳ ҳеҷ дастуре аз ин созмони тундрав нагирифта буданд.
Модари як маҳбус: "Ӯ ҳеҷ гуноҳе надорад"
Дар бораи қурбониёни ошӯб низ, иттилои зиддунақиз аст. То кунун ҳеҷ пайванди зиндониёни муттаҳам дар ошӯб бо наздикони худ дидор накардаанд ва ба мурофиа низ роҳ намеёбанд.
Тошбӣ Ашӯрмадова, модари Амиралӣ Давлатов, ки ӯро мақомот яке аз тарроҳони ошӯб дар зиндон меноманд, гуфт, пас аз ошӯб то ҳол писарашро надидааст. Амиралӣ Давлатов бо иттиҳоми даст доштан дар таркиши як дискоклуб дар Кӯлоб дар соли 2014, ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд. Мақомот ӯро муттаҳам мекунанд, ки ӯ яке аз онҳое буд, ки дигар маҳбусонро ба ошӯб даъват кардааст.
Тошбӣ Ашӯрмадова, модари Амиралӣ ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, писараш дар ошӯби зиндони Хуҷанд даст надорад.
"Аз ҳамон шаби ошӯб дигар мо писарамонро дида наметавонем. Ӯ ҳеҷ гуноҳе надорад. Бо тӯҳмат нишаста буд ва боз ба тӯҳмати дигар гирифтор шуд. Дирӯз писари дигарам хӯрок бурдам, қабул карданд, вале гуфтаанд, ки нишон намедиҳем",-гуфт ӯ.
Модарони дигар маҳбусон низ мегӯянд, ҳеҷ иттилое дар бораи писаронашон надоранд.
Боздошти масъулони зиндон пас аз ошӯб
Ошӯб дар зиндони Хуҷандро натиҷаи хунукназарӣ ва бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон медонанд. Феълан, Файзулло Сафарзод, раҳбари собиқи маҳбаси сеюм ва 8 корманди зиндон ё нозири ин маҳбаси Хуҷанд ҳам ба ҳайси гумонбар дар "хунукназарӣ", дар додгоҳи ҳарбӣ муҳокима мешаванд.
Дар парванда гуфта мешавад, нозирону кормандони зиндон Фарҳод Сафаров, Диловар Қушматов, Муин Хушқадамов, Лутфиддин Зуҳриддинов ва Оятулло Боқиев дар шаби ошӯби Хуҷанд навбатдор буданд ва барои рух додани ҳодиса бояд ҷавоб диҳанд. Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи онҳо дар "хунукназарӣ" гумонбар мешаванд ва бархе иттиҳомоти дигар ҳам доранд.
Маълум нест назари худи онҳо ба ин иттиҳомот чист ва то куҷо худро гунаҳкор эътироф мекунанд.
Пурқурбонитарин ошӯб дар зиндонҳои Тоҷикистон
Аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд наздики ҳафт моҳ моҳ сипарӣ шуд. То ҳанӯз ҷузъиёти ошӯбро расман шарҳ надодаанд, ба ҷуз ин, ки гуфтанд, он аз ҷониби онҳое ташкил шудааст, ки бо иттиҳоми тундгароӣ ҳукм гирифтаанд.
Дар пайи ҳодиса раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябри соли 2018 Иззатулло Шарифзода аз мақом барканор шуд. Вай дар вазифаи муовини вазири адлия ва ҳамзамон сардори Идораи зиндонҳо беш аз 12 сол фаъолият кард.
Ба ҷойи ӯ ба курсии муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳо Мансурҷон Умаров омад. Умаров то ин дам ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон меноманд. Раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомот хостанд, ки ҳодиса ҳамаҷониба баррасӣ шавад.