Гурӯҳе аз модарони маҳбусони гумонбар дар ташкили ошӯби маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ ва Юсуф Раҳмон, Додситонии кулли кишвар номаи додхоҳӣ навишта, хостори баррасии одилонаи қазияи фарзандонашон шудаанд.
"Дар Суғд касе ба шикоятамон гӯш накард"
Ин гурӯҳ, ки иборат аз 8 нафар ҳастанд, мегӯянд, дар мақомотҳои интизомии вилояти Суғд ба шикояту муроҷиатҳояшон расидагӣ нашуд, бино бар ин, маҷбур шуданд, ба Душанбе биоянд. Онҳо гуфтанд, субҳи имрӯз, 18-уми март номаи онҳоро дар Дастгоҳи раиси ҷумҳур қабул намуда, ваъда додаанд, ки онро мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷааш онҳоро хабардор хоҳанд кард.
Наздикони маҳбусони гумонбар дар ошӯб гуфтанд, то фардо, 19-уми март номаи дастаҷамъонаи худро ба Додгоҳи оливу Додситонии кулл мерасонанд.
Рӯзи 11-уми март дар боздоштгоҳ (СИЗО)-и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд паси дарҳои баста мурофиаи додгоҳии маҳбусони гумонбар дар ташкили ошӯби маҳбаси рақами 3 оғоз гардид.
Маъсуда Содиқова, сокини шаҳри Исфара, модари Фарҳод Содиқов, яке аз гумонбарони ошӯби маҳбаси Хуҷанд дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад дар мурофиаҳои додгоҳии фарзандаш ширкат карда, бубинад, иттиҳоме, ки нисбати Фарҳод эълон кардаанд, то куҷо исботи худро меёбад.
"Лекин моро роҳ намедиҳанд, намедонам фарзандам дар чӣ аҳвол аст, намедонам мурофиаҳои ӯ чӣ гуна мегузарад. Ман модарам, магар ҳаққи дохил шудан ба толори додгоҳро, ки тақдири фарзандамро мебинанд, надорам. Барои ҳамин ба назди Дастгоҳи президент рафтам, ки арзу доди худро ба президент расонем",-афзуд вай.
Содиқова гуфт, ки фарзандаш ду сол қабл ба гумони дуздӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шуд ва, ба бовари модар, мурофиаҳои додгоҳии писараш "одилона сурат нагирифт". Ӯ гуфт, ин навбат мехоҳад барои одилона ва аз рӯи қонун баргузор шудани мурофиаҳо мубориза барад. "Бовар надорам Фарҳод дар ҳодисаи Хуҷанд даст дошта бошад. Дар бораи парвандаи писарам ҳеҷ маълумоте ба мо намедиҳанд",-мегӯяд вай.
"Намонданд бо писарам гап занам"
Ҳамсӯҳбатонамон гуфтанд, аз президент хоҳиш доранд, ки қазияи фарзандонашонро таҳти назорати ҷиддии худ гирифта, ба мақомоти Додситонии кулл ва Додгоҳи олӣ дастур диҳад, ки барои ширкаташон дар мурофиаҳо, шиносоии бештар ба парвандаҳо ва таъмини гумонбарон адвокатҳое, ки наздикони гумонбарон интихоб кардаанд, шароит фароҳам оранд.
Мӯъҷиза Шоҳмуродова, модари Сафронуддин Шоҳмуродов, ки фарзандаш бо иттиҳоми ифротгароӣ ҳукми 14 соли зиндонро пушти сар мекунад, гуфт, ягона хоҳишаш ҳамин аст, ки парвандаи писараш одилона баррасӣ шавад ва як бор бо ӯ сӯҳбат кунад.
Мегӯяд, ӯро намонданд як бор бо писараш гап занад, ки чӣ ҳодиса рух дод ва чӣ хел шуд, ки нисбаташ боз парванда боз шуд. Ба гуфтаи Мӯъҷиза Шоҳмуродова, писараш дар Русия буд, аз он ҷо Туркия рафтааст. "Мақомот моро гуфтанд, ки «гӯед, биёяд». Даъваташ кардем, худаш омад, бояд озодаш мекарданд, лекин боздошт карда, ҳабсаш карданд",-гуфт хонум Шоҳмуродова.
"Умедворем нома ба мақомот мерасад"
Наздикони маҳбусони гумонбар дар ошӯб гуфтанд, то фардо номаи дастаҷамъонаи худро ба Додгоҳи оливу Додситонии кулл мерасонанд.
Ҳасиратбибӣ Раҷабова, модари Дӯсталӣ Ҳамдамов, яке аз гумонбарони дигари ширкатдори ошӯби маҳбаси Хуҷанд аст. Раҷабова гуфт, ки рӯзи 18-уми март дар Додгоҳи олӣ ба онҳо гуфтаанд, ки фардо, соати 15 номаи худро биёранд. Вай афзуд, "мо ҳамаамон дирӯз аз Суғд ба Душанбе омадем, умедворем, ки номаи мо ба дасти президент ва раиси Суди оливу Прокурори генералӣ мерасад".
Ҳамсӯҳбатонам таъкид карданд, ки аз рафти тафтишоти пешакии парвандаи наздиконашон розӣ нестанд ва бисёр мехоҳанд раиси ҷумҳурро аз наздик дида, арзу додашонро бевосита ба ӯ расонанд.
Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки парвандаи маҳбусони гумонбарро баррасӣ дорад, рӯзи 18-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин парванда муҳри махфӣ дорад, бино бар ин дар ин бора наметавонанд ҳарф зананд.
Ошӯби пурсару садои маҳбаси Хуҷанд
Ошӯб дар маҳбаси низомаш сангини рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд, шаби 7 ба 8-уми ноябри соли гузашта сар зад. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса беш аз бист нафар маҳбусон ва маъмурони маҳбас кушта шуданд.
Тафтишоти аввалия беш аз 30 маҳбуси зиндони низомаш сангини рақами 3-и шаҳри Хуҷандро ба содир кардани ҷиноятҳои зиёд, аз ҷумла "куштор", "монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ", "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ" ва "зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат", айбдор медонад. Бино ба иттилои дастрас, дар парвандаи маҳбусон дар маҷмӯъ 21 моддаи Кодекси ҷиноӣ зикр шудааст, ки гумонбарон дар нақзи он муттаҳам мешаванд.
Мурофиа чор моҳ баъди ошӯби пурқурбоние шурӯъ шуд ва дар курсии айбдоршавандаҳо беш аз 30 маҳбуси зиндони Хуҷанд қарор доранд. Исми додраси парвандаи ифшо намешавад ва мақомот дар Додситонии кулл ва ҳам Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, ба далели ин, ки ин парванда мӯҳри махфӣ дорад, ҷузъиёташ ошкор намешавад.
Мақомот гуфтанд, ки гурӯҳи зиндониҳо бо ҳадафи фирор аз зиндон ошӯб бардоштанд, вале ин ошӯб пахш шуд. Манобеи ғайридавлатӣ ва бархе расонаҳои мустақил бо такя ба наздикони зиндониҳо мегӯянд, ки бераҳмиву латукӯби маҳбусон аз ҷониби зиндонбонҳо, сабаби сар задани ошӯб шудааст.
Даҳҳо нафар аз пайвандони зиндониҳо -- аксар падару модарон санаи 11-уми март, дар рӯзи аввали мурофии гумонбарони ошӯб бо умеди роҳ ёфтан ба мурофиаи додгоҳӣ дар пушти дарвозаи боздоштгоҳ ҷамъ шуда буданд, аммо барои ҳеҷ нафари онҳо иҷозаи ворид шудан ба мурофиа дода нашуд. СИЗО-и рақами 2 дар фосилаи чандсад метр дуртар аз худи зиндони рақами 3-и Хуҷанд ҷойгир аст.