Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Любомир Новак: Ман бачаи Тоҷикистону Яғнобам (ВИДЕО)


Любомир Новак
Любомир Новак

Любомир Новак, ховаршиноси чеху словак ва муаллифи “Луғати яғнобӣ” ба чехӣ” мегӯяд, ҳоло дар фикри навиштани китоби таърихи Тоҷикистон ба забони чехист.

Дар Моджани, маҳаллае дар канори Прага қалбе ба ёди Тоҷикистон ва ба ёди Яғноби Тоҷикистон метапад. Қалби Любомир Новак, ховаршиноси шинохтаи чеху словак, ки бахши аъзами пажӯҳишҳои пурарзишаш марбути таърих, забон ва адабиёти тоҷик аст. Любомир Новак, ки ба тоҷикӣ хеле равон, мисли як тоҷики асил сӯҳбат мекунад, ҳатто баъди сафараш ба Тоҷикистон номи тоҷикии Остон ҳам гирифтааст ва аз ин таассуф мехӯрад, ки барои сӯҳбат бо ин забоне ки дӯст медорад, на ҳамеша дар Прага ҳамсӯҳбат пайдо мекунад.

Любомир Новак 13 майи соли 1981 дар шаҳри Миява (Стара Типа)-и Словакия ба дунё омада, соли 2005 риштаи бостоншиносии Донишгоҳи Боҳемияи ғарбиро дар шаҳри Плзени Ҷумҳурии Чех ва соли 2013 риштаи забоншиносии Донишгоҳи Карели шаҳри Прагаро хатм кардааст. Рисолаи докториашро соли 2013 дар мавзӯи “Масъалаҳои архаизм ва навоварӣ дар забонҳои эронии шарқӣ/Problem of Archaism and Innovation in the Eastern Iranian Languages” ҳимоя кардааст. Любомир Новак аз соли 2012 дар Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Чех ба ҳайси бостоншинос кор мекунад.

Любомир Новак: Ман бачаи Тоҷикистону Яғнобам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:15 0:00

Одамон дар Тоҷикистон хеле хушрӯянд. Ман дар Тоҷикистон хеле хурсанд будам, худамро мисли дар Ватан ҳис мекардам. Тоҷикистон дар ҳақиқат барои ман як Ватани дигар шудааст.
Любомир Новак

Любомир Новак муаллифи ду китоб ва 27 мақолаи илмист, ки аксаран ба таъриху забони мардуми тоҷик ихтисос ёфтааст. Ӯ аз ҷумла дар соли 2010 дар Прага китоби “Jaghnóbsko-český slovník (s přehledem jaghnóbské gramatiky) // Яғнобӣ-чехӣ луғат (яғнобӣ зивоки дастури феҳрастипӣ) (Прага 2010) яъне Луғати яғнобӣ ба чехӣ (бо феҳрасти дастури забони яғнобӣ)”-ро нашр кард ва барои таблиғи забони яғнобӣ дар Фейсбук саҳифаи вижаеро бо номи “Яғнобӣ зивок” таъсис додааст.

Мо имрӯз барои як сӯҳбати тоҷикона бо Любомир Новак ба манзилаш ба Моджани омадем. Ба манзиле, ки ҳар гӯшааш бӯе аз Тоҷикистону аз таъриху аз мардумаш мекунад, манзиле, ки аз ҳар гӯшааш дар аксҳову китобҳо ва ашёву асбоби дигар таърихи Тоҷикистон ба забон меояд, манзиле, ки чор девораш мисли соҳиби ин хона ба тоҷикӣ ҳарф мезананд.

Радиои Озодӣ: Любомир, салом. Ҳарчанд дар манзили Шумо меҳмонем, вале боз ҳам хуш омадед ба меҳмонии Радиои Озодӣ.

Любомир Новак: Шумо ҳам хуш омадед ба хонаи ман.

Любомир Новак: Ман бачаи Тоҷикистону Яғнобам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Ибтидо мешавад чанд ҷумла дар бораи худатон маълумот диҳед, ки бачаи куҷоед, куҷо хондед, куҷо кор мекардеду ҳоло куҷо кор мекунед?

Любомир Новак: Ман бостоншиносам ва дар Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Чех кор мекунам. Қаблан дар осорхонаи шаҳри Прибрам кор мекардам. Бостоншиносиро дар Донишгоҳи Плзен омӯхтам ва баъдан риштаи забоншиносиро дар Прага хатм кардам. Ман дурага ҳастам. Модари ман аз Словакия аст ва падарам – аз Чехия. Ва ман худамро ҳам чех ва ҳам словак ҳисоб мекунам.

Радиои Озодӣ: Ошноии Шумо бо забони тоҷикӣ аз куҷову чӣ гуна шурӯъ шуд?

Любомир Новак: Вақте ҳангоми мутолиаи Геродот чанд калима аз забони скифиро фаҳмидам, хостам, ки дар бораи забонҳои эронӣ маълумоти зиёдтаре ба даст биорам. Ибтидо бо забони форсӣ ошноӣ пайдо кардам. Хуб забони форсии муосир ширин аст, вале вақте фаҳмидам, ки як лаҳҷаи форсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ба чунин натиҷа расидам, ки тоҷикӣ хушрӯтар аз форсист. Завқи ман ба забони тоҷикӣ аз ҳамин ва аз пайванд бо забони яғнобӣ шурӯъ шуд. Мо яғнобиро аз тоҷикӣ наметавонем ҷудо кунем, чунки ин ду забон якҷоя вуҷуд доранду зиндагӣ мекунанд.

Радиои Озодӣ: Зимнан ба тоҷикӣ мисли як тоҷики асил сӯҳбат мекунед, хеле зебо. Тоҷикиро кӣ ёд дод ба Шумо?

Любомир Новак: Ман забони тоҷикиро дар Тоҷикистон ёд гирифтам. Соли 2007, вақте бори аввал ба онҷо рафтам, фақат русиро медонистам ва ба русӣ сӯҳбат мекардам. Соле баъд, вақте бори дувум ба Тоҷикистон рафтам, ба худ гуфтам, ки бояд ҳатман тоҷикиро биомӯзам. Дар Тоҷикистон дар хонаи яғнобшиноси маъруф Сайфиддин Мирзозода будам ва бо аҳли оилааш кӯшиш мекардам, ки ба тоҷикӣ сӯҳбат кунам ва ҳам ба яғнобӣ. Дар ниҳоят, ман аз аҳли оилаи оқои Мирзозода ёд гирифтам забони тоҷикиро.

Радиои Озодӣ: Зимнан, номи тоҷикии Шумо Остон аст дар Фейсбук. Таърихи ин ном чӣ хел аст? Кай ва чӣ гуна Любомир Остон ном гирифт?

Любомир Новак: Дар хонаводаи акаи Сайфиддин ба ҳар меҳмони хориҷӣ ном мемонданд. Азбаски ман дар остонаи дар сигор мекашидам, аввал фикр мекардам, ки шояд барои ҳамин маро Остон ном кардаанд. Вале баъд фаҳмидам, ки ин ном маъноҳои дигар ҳам дорад. Намедонам, чаро ба ман маҳз ҳамин номро доданд, вале ман аз ин хурсандам. Чунки метавонам бигӯям, ки бо ин ном ман аз аҳли мардуми Яғноб ҳам шудам, чун яғнобиҳо маро як яғнобӣ ҳисоб мекунанд.

Радиои Озодӣ: Ва як бахзи аъзами пажӯҳишҳои шумо низ дар мавриди забони яғонист ва шумо ҳатто луғати яғнобӣ ба чехиро таҳия ва чоп кардед. Ин луғат меваи ҳамон сафарҳо буд?

Любомир Новак: Бале, бале. Ин ҳам меваи сафарҳои ман ба Тоҷикистон буд ва ҳам меваи рисолаи илмиам барои дарёфти дараҷаи доктор. Ман барои сохтани ин луғат ягон 7 сол сарф кардам ва ҳар калимае, ки ба яғнобӣ ёфтам, ба он ворид кардам. , ки ин кори хеле сахт буд Фикр мекунам, ки агар ин луғатро наменавиштам, имрӯз ба забони яғнабӣ сӯҳбат карда наметавонистам. Ин як луғати корпус аст, чунки тамоми калимаҳое, ки яғнобиҳо истифода мебаранд, дар ин луғат ҳаст. 8000 калимаро дар бар мегирад, ки аз он тақрибан 4 000 калимаааш калимаҳои асли яғнобианд ва 4 ҳазори дигараш – калимаҳое, ки аз забони тоҷикиву узбакӣ ва дигар забонҳои Осиёи Миёна ба гӯиши мардуми Яғноб шомил шудаанд.

Радиои Озодӣ: Мардуми тоҷик чӣ гуна омад дар назари шумо дар ҷараёни ин сафарҳо? Бо чӣ фарқ мекунанд, барои мисол, аз чехҳову словакҳо, ки аҷдоди хунии худи шумоянд?

Любомир Новак: Ман бо як мағзи тоза ба Тоҷикистон рафта будам, ки ҳама чизро ба чашм бубинаму биомӯзам. Ва фаҳмидам, ки тоҷикҳо бисёр одамони хубу дилашон тоза аст. Онҳо хеле меҳмондӯстанд. Дар инҷо словакҳо назар ба чехҳо бештар меҳмоннавозанд, лекин тоҷикҳо ҳатто аз словакҳо дида меҳмондортаранд. Ин хеле аҷоиб буд бароям, чунки ҳар касе ки вомезшрдам, маро барои меҳмонӣ даъват мекард. Вале ман барои рафтани ба ҳамаи ин меҳмониҳо вақт надоштам. Чизи дигаре ки дидам, ин буд, ки одамон дар Тоҷикистон хеле хушрӯянд. Ман дар Тоҷикистон хеле хурсанд будам, худамро мисли дар Ватан ҳис мекардам. Тоҷикистон дар ҳақиқат барои ман як Ватани дигар шудааст.

Радиои Озодӣ: Оё ковишҳои шумо дар ховаршиносӣ танҳо бо масъалаҳои таъриху забони Тоҷикистон маҳдуд мешаванд ваё дар бахшҳои дигару дар бораи халқҳои дигар низ пажӯҳишҳое доред?

Любомир Новак: Бештар дар бораи забонҳои эронӣ кор мекунам. Кори доктории ман дар бораи архаизмҳо ва инноватсияҳоё вожаҳои кӯҳнаву нав дар забонҳои шарқии эронист. Завқи ман бештар ба омӯхтани забони яғнобӣ ва забонҳои помирист. Ба таҳқиқи таърихи Осиёи Миёна ҳам завқ дорам, бештар ба таърихи Суғдиён ва таърихи Осиёи Марказӣ дар марзҳои калон.

Радиои Озодӣ: Ҳоло рӯи кадом мавзӯи марбут ба Тоҷикистон кор мекунед? Шунидем, ки дар фикри навиштани Таърихи Тоҷикистон ба забони чехӣ ҳастед, рост аст?

Любомир Новак: Бале. Ҳоло як фикр ҳаст. То ҷое фаҳмидам, ҳанӯз ба забони чехӣ ва ҳам ба забонҳои дигари Аврупо ягон китоби таърихи Тоҷикистон нест. Ва фикре ба сарам омад, ки агар вақт биёбам, иншоАллоҳ, метавонам китоби таърихи Тоҷикистонро бинависам. Баъзе чизҳо ёфтам алакай, чун ҳоло дар Осорхонаи миллии Чехия намоиш дар бораи даврони Кӯшониён ва Буддизм дар Афғонистон идома дорад. Ман барои китоби ин намоиш як мақола навиштам дар бораи давраи то таърихӣ дар Афғонистон. Чанд мавзӯъ аз ин мақоларо ҳам метавонам барои навиштани як мақола дар бораи давраи то таърихӣ дар Тоҷикистон истифода барам. Ва баъд мехоҳам бевосита ба навиштани худи китоби таърихи Тоҷикистон шурӯъ кунам.

Радиои Озодӣ: Хеле шуд нарафтед Тоҷикистон?

Любомир Новак: Фақат се бор рафтам ва бори охирин дар соли 2009. Вале умедворам, ки ин сафари охиринам ба ин кишваре, ки хеле дӯсташ медорам, нест.

Радиои Озодӣ: Ҳатман дилатон гум мезанад дилатон барои Тоҷикистону Яғнобаш?

Любомир Новак: Хеле-хеле! Ин кишвар бароям хеле ҷолиб аст. Ман кӯҳистонро дӯст медорам ва Тоҷикистон саропо кӯҳистон аст. Ҷангал надорам мисли Аврупои мо, вале кӯҳистонаш ин “камбудӣ”-ро мепӯшонад. Ман, ростӣ, худро дар Тоҷикистон чун дар Ватани худам ҳис мекунам.

Радиои Озодӣ: Сипос барои сӯҳбати хеле гарму самимӣ ва тоҷикона, Любомир ё Остон. Умедворам, ки ҳарчӣ зудтар ба орзуятон бирасед ва шуморо дар Тоҷикистон бубинем.

XS
SM
MD
LG