Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон кард


Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ намуд.

Додгоҳи олӣ рӯзи 29-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон -- ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Ҳамчунин додгоҳ чопи "Наҷот"- нашрияи ин ҳизб ва саҳифаи интернетии ҲНИТ-ро манъ карда ва мунташир намудани наворҳои савтӣ ва видеоӣ, рӯзнома ва адабиёт ва варақҳои ҳизбро ғайри муҷоз хондааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо иддаои доштани 45 ҳазор аъзо дувумин ҳизби бузурги кишвар баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба шумор мерафт ва баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳодияи мухолифони пешин дар соли 1997, расман фаъолияташро дубора оғоз бахшида буд. Додгоҳ дар оғози ҷанги шаҳрвандии 1992-97, низ фаъолияти ин ҳизбро мамӯъ карда буд.

Дар баёнияи Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки он рӯзи 29 сентябр дар хабаргузории расмии Тоҷикистон --"Ховар" пахш шуд, аъзои ин ҳизб ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ ва паҳн кардани ахбори иғвоангезона, муттаҳам мешаванд.

Бар пояи ин баёния, аъзои ҲНИТ дар ташкил ва ширкат дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ, муттаҳам шудаанд. Иттиҳоме, ки раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамвора онро радд карда ва таъкид менамуданд, ки мехоҳад дар раванди сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи Қонуни асосии кишвар фаъолият намояд.

Аммо дар баёнияи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба унвони мисол аз Ҳусниддин Давлатов, раҳбари бахши ҲНИТ дар ноҳия Рашт, Аловиддин Давлатов маъруф ба "Алии Бедакӣ" ва Абдуллоҳ Раҳимов, маъруф ба тахаллуси "Мулло Абдуллоҳ" ном бурда шудааст, ки дар соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 сарбози вазорати дифои Тоҷикистон ширкат карданд.

Ҳамчунин ба ҳодисаҳои моҳи июли соли 2012 вилояти Бадахшон ишора шудааст, ки дар он Сабзалӣ Маҳмадризоев, раҳбари бахши вилоятии ҲНИТ дар вилояти Бадахшон ва Шерик Карамхудоев, раҳбари бахши шаҳрии ин ҳизб дар нооромиҳо дар шаҳри Хоруғ ширкат карда ва ба нерӯҳои интизомӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳамкории аъзои ҲНИТ бо созмонҳои ифротгароии террористӣ назири Ҳизби исломии Туркистон ва бардоштани парчами созмони террористии "Давлати исломӣ" дар шаҳри Норак ва ноҳияи Шаҳритус низ, таъкид кардааст.

Дар ин баёния омадааст, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва аъзои дигари раёсти олии ин ҳизб аз соли 2010 ба ин тараф тавассути нашрияи "Наҷот" ва васоити дигари ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаву адоват ва низоми диниву миллиро нашр карданд.

Чанд рӯз қабл низ Додситонии кулли Тоҷикистон мақомоти ин ҳизбро ба даст доштан дар ошӯби ахири генерал Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карда буданд. Аммо ҳам Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва ҳам аъзои дигари боздоштшудаи ҲНИТ ин иттиҳомро радд намуданд.

Мавзӯи бастани фаъолияти ҲНИТ, ягона ҳизби исломӣ дар қаламравии Шӯравии собиқ ду сол боз аз забони коршиносон, сокинон ва васоити ахбори расмӣ садо медод. Матбуотии давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ тайи чанд моҳи ахир мактуби сокинону рӯҳониёне нашр мекарданд, ки бастани ин ҳизбро талаб мекунанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи моҳи марти парлумонӣ аз ду курсияш маҳрум шуд ва мақомот гуфтанд, ки ҲНИТ нуфузашро аз даст додааст.

Таблиғоти алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас ҳамлаи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикстон ба пойгоҳҳои нирӯҳои интизомӣ дар Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакӣ авҷ гирифт ва мақомот раҳбарияти ҲНИТ-ро ба тарҳрезии ҳамла ба биноҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва сохтмони Кумитаи радио ва телепвизиони Тоҷикистон муттаҳам карданд.

Раҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тамоми ин иттиҳомотро рад ва ин ҳамаро баҳонаи баста шудани ҳизб арзёбӣ мекунад. Феълан раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷӣ кишвар ба сар мебарад ва 13 узви аршади он бо иттиҳоми даст доштан дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG