Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МТС: "80% пурсидашудаҳо гурӯҳи Назарзодаро террористӣ гуфтанд"


Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон.
Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон.

Бар пояи як назарсанҷӣ, ки Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон анҷом додааст, 80 дарсади пурсидашудаҳо гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзодаро террористӣ гуфтаанд.

Бино ба назарсанҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, 80 дарсади сокинони Душанбе гурӯҳи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзодаро террорристӣ медонанд.

Ин марказ дар пайи назарсанҷии рӯзҳои 29 ва 30 сентябр бо иштироки 831 сокини шаҳри Душанбе ба ин натиҷа расидаст. Дар ин миён 52 дарсади дигар ба пайванди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо гурўҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боварӣ доштаанд. Бар пояи ин назарсанҷӣ, 32 дарсади пурсидашудаҳо мард ва 68 фоиз занҳо буданд.

Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази мутолеоти стратегӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аксарияти пурсидашудаҳо маълумоти олӣ дошта ва дар мақомотҳои давлатӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ кор мекунанд. Ба гуфтаи ин масъули МТС, зарурати ин пурсиши оҷил дар ҳоле буд, ки пас аз ҳодисаҳои ахири кишвар дар атрофи гунаҳкор будан ё набудани генерал Назарзода ва фаъолияти ҲНИТ сару садоҳо ба миён омад ва онҳо тасмим гирифтанд афкори мардумро дар робита ба ин ҳодисаҳо маълум намоянд.

Ҷаноби Сафаров гуфт, сокинони пойтахт дар ҷараёни посух гуфтан ба 9 суоли марбут ба ошӯби гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ва фаъолияти ҲНИТ, мавқеъи худро муайян кардаанд. Ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, бар пояи ин назарсанҷӣ, аксари пурсидашудаҳо Ҳизби наҳзати исломиро мояи ихтилоф дар ҷомеа медонанд. Ба бовари ӯ, аз нисф зиёди мардум гуфтанд, ки бо рў овардан ба силоҳ, Ҳизби наҳзат ба созишномаи сулҳ латма зад.

Назарсанҷии МТС оид ба ҳаводиси ахир дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Аммо пажӯҳишгарон бар инанд, ки дар гармии вуқӯъи ҳодисаҳо анҷом додани як чунин назарсанҷӣ бармаҳал аст ва натиҷаи он метавонад эҳсосотӣ бошад.

Ҷамшед Қудусов, раҳбари созмони таҳқиқотии «Сотсервис» мегӯяд, гузаронидани назарсанҷӣ замоне, ки ҳанӯз бӯи ин ё он ҳодиса аз димоғи сокинон нарафтааст, ба хулосаҳои он ҳам бетаъсир намемонад: “Аммо бо мурури замон ва аз хотирҳо дур шудани ин воқеаҳо, фикру ақида ҳам метавонад тағйир ёбад. Вале ин пурсишҳои сотсиологӣ аст ва дар тамоми ҷаҳон чунин пурсишҳо нисбати ҳаргуна чорабиниҳои сиёсӣ гузаронида мешавад ва ин ягон чизи ғайриоддӣ нест.”

Аммо ба бовари таҳлилгарон, анҷоми ин назарсанҷӣ дар рӯзҳое сурат гирифт, ки барномаву изҳоротҳо тавассути сохторҳои қудратӣ ва расонаҳои давлатӣ алайҳи ҲНИТ ҷараён дошт. Ҳизби наҳзати исломӣ ифротӣ эълон шуд ва дар баробари 13 нафар аъзои баландпояи ин ҳизб, вакили дифои онҳо ҳам боздошт ва алайҳи ӯ айб эълон шуд.

Дар чунин вазъ ба гуфтаи таҳлилгарон, аз пурсидашудаҳо посухи дигареро шудан ғайри имкон буд. Афроде ҳам, ки ҳамақидаи Ҳизби наҳзати исломӣ буданд, дар чунин ҳолат наметавонистанд, аз ҳизбе, ки террористӣ эълон шудааст, ҷонибдорӣ кунанд.

Аммо Сайфулло Сафаров гуфт, ки ин ягона пажӯҳиш дар мавриди ҳаводиси ахири Тоҷикистон нест ва эҳтимол дорад, ниҳодҳои дигари кишвар ҳам дар робита ба ин мавзӯъ назарсанҷиҳо анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG