Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар робита ба баргузории интихоботи парлумонӣ натиҷагириҳои аввалияи худро изҳор доштанд, ки ба назари бархе аз онҳо, интихобот шаффоф ва бо ширкати фаъоли мардум сурат гирифт ва ба бовари бархеи дигар, он ғайримунсифона ва бо фишору таъқиби нозирони онҳо, идома кардааст.
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки интихоботи Маҷлиси намояндагон бо як созмондиҳии беҳтар ва фаъолтар сурат гирифт. Вай афзуд, аммо ҷараёни раъйдиҳӣ бо фишору маҳдудсозиҳо ва таъқиби нозирони ин
ҳизб дар навоҳӣ, ба хусус дар ноҳияи Рашт ба шакли дағалона сурат гирифт. Раиси ҲСДТ гуфт, нозирони номзад Фарҳод Худоёровро кормандони ш=ъбаи корҳои дохилии ин ноҳия боздошт карданд ва танҳо бо мусоидати онҳо, раҳо намуданд.
Вай афзуд, дар участкаи интихоботии Навобод низ нозирони ин ҳизб мавриди таъқиб қарор гирифтанд ва дар ин масъала Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳиро ба таври шифоҳӣ дар ҷараён гузоштаанд. Ҷаноби Зоиров афзуд, ки фардо ба вазорати корҳои дохилӣ ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ин робита муроҷиат хоҳад кард. Ҷаноби Зоиров изҳор дошт, ки ба сурати умум ин интихобот аз интихоботи Маҷлиси намояндагон дар соли 2010 ба куллӣ фарқ мекард ва беҳтар ба назар мерасид
Усмон Солеҳ, намояндаи Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки интихоботи имрӯз "бисёр шаффоф ва мунсифона баргузор шуд" ва ба нозирони ҳамаи ҳизбҳо имкон дода шуд, ки ҷараёни раъйдиҳиро мушоҳида кунанд. Усмон Солеҳ гуфт, худ шоҳид буд, ки мардум дар участкаҳои раъйдиҳӣ ниҳоят фаъол буданд, ки ин баёнгари огоҳии мардум аз ҳаёти сиёсии кишвар буд ва барои ба сари кор омадани як парлумони ҷиддӣ ва фаъол, масъулият нишон медоданд.
Усмон Солеҳ афзуд, ҷараёни овоздиҳӣ бидуни кадом тақаллубкорӣ сурат гирифтааст ва ҳатто дар участкаҳои интихоботӣ афроди махсус аз тарафи ҳавзаҳои интихоботӣ муваззаф шуд буданд, то мардумро барои дуруст раъй додан, роҳнамоӣ кунанд.
Вале Муҳаммадалии Ҳайит, намояндаи Ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ мегӯяд, интихоботи имрӯз шаффоф набуд, зеро дар участкаҳои интихоботӣ нозирони ин ҳизбро таъқиб карданд ва зери фишор қарор доданд. Вай мегӯяд, ҳамин ҳоло шумориши варақаҳои овоздиҳӣ дар участкаҳо шурӯъ шуда ва идома дорад, вале нозирони ин ҳизб ширкат надоранд ва ҷараёни шумориш дар паси дарҳои баста мегузарад.
Аммо демократҳо мегӯянд, ки интихобот бо ширкати фаъоли мардум ва демократӣ сурат гирифт. Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, нозирони ҳизбҳо ва умуман намояндагони аҳзоби сиёсӣ узви участкаҳои интихоботӣ нестанд ва аз ин рӯ, дар ҷараёни шумориши варақаҳои раъй ҳузур надоранд.
Ба назари ӯ, интихобот шаффоф сурат гирифт ва ба қавли ӯ, дар баъзе участкаҳои интихоботӣ кӯшишиҳои овоз додани як нафар ба ҷои чанд кас ба мушоҳида расид, вале аз он ҷилавгирӣ шуд. Вай гуфт, дар ноҳияи Фархор як нафар мехост ба ҷои фарзандаш, ки дар Русия мардикор аст, овоз диҳад, вале масъулини участкаи интихоботӣ монеи ин кор шуданд. Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд, ки интихоботи имрӯз аз интихоботи гузаштаи Маҷлиси намояндагон бо ширкати фаъоли мардум, фарқ мекард.