Дар остонаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар чаҳор дарвоза ё даромадгоҳи шаҳри Душанбе тадбирҳои амниятӣ сахттар шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки аз чор даромадгоҳи пойтахт боздид кард, мегӯяд, роҳҳои асосии вуруд ба Душанбе ниманбанд шуда, худравҳо аз зери назорати шадиди пулис мегузаранд.
Ба қавли хабарнигори мо, маъмурони пулис баъзе мошинҳоро нигоҳ дошта, асноди ронанда ва дохили мошинҳоро низ тафтиш мекунанд. Дар гузашта даромадгоҳҳои Душанбе боз ва нерӯҳои пулис дар он камтар мушоҳида мешуд.
Мақомот мегӯянд, ин тадобири амниятӣ дар робита ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, ҳадаф на монеагузорӣ, балки таъмини амнияти сокинон дар ҷараёни ин маъракаи сиёсист.
Тоҷикистон рӯзи як март интихоботи парлумонӣ ва ҳамзамон интихоботи маҷлисҳои маҳаллиро баргузор мекунад. Интихоботи парлумонӣ дар кишвар дар панҷ сол як бор баргузор шуда, дар ҷараёни он 63 вакил интихоб мегарданд.
То замони баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ соатҳои башумор боқӣ мондааст ва имрӯз “рӯзи хомӯшӣ” эълон шудааст. Дар ин рӯз тамоми таблиғу тарғиби қаблазинтихоботӣ поён ёфта, шиору плакатҳо ва аксу барномаи номзадҳо аз кӯчаҳо барчида хоҳанд шуд.
Абдуманнон Додозода, раиси дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маъракаи таблиғоти ҳизбҳо ба поён расидааст. "Мувофиқи қонун имрӯз рӯзи хомӯшӣ аст ва он риоя мешавад. Чунки мо то ба ҳол аз ҷониби ягон ҳизб дар мавриди вайрон шудани ин қоида шикоят нагирифтаем. Аз кӯчаву роҳравҳо ҳамаи маводи таблиғотӣ барчида шудааст",-таъкид дошт Додозода.
Ин масъули КМИРТ афзуд, барчида шудани маводи таблиғотии марбут ба ҳизбҳо масъулияти кумисюни ҳавзаҳои интихоботист. Вай гуфт, кумсиюни ҳавзаҳои интихоботӣ бо худ дастёр (волонтёр) доранд ва онҳо дар ҳудуди ҳамон ҳавзаи интихоботӣ бояд ҳамаи маводи таблиғотиро барчинанд. Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз маконҳои пойтахт то ба ҳол лавҳаҳои таблиғотии марбут ба ҳизби ҳокими халқӣ−демокартӣ овезон аст ва хабарнигори Радиои Озодӣ баъзеи онҳоро аксбардорӣ намудааст.