IFES ё Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ аз ҳукумати Тоҷикистон интиқод кардааст, ки назорат болои матбуот ва фаъолияти мухолифони сиёсиро дар як соли гузашта шиддат бахшидааст. Дар ҳоле ки ба иддаои ин созмон, “онҳо дар муқоиса ба интихоботи парлумонии 2010 дар дохили кишвар камтар шудаанд”.
Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ мегӯяд, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон, ки Ҳизби халқӣ-демократӣ ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар он нақши ҳалкунанда дорад, равандҳои сиёсиро муайян мекунад. Иддаое, ки мақомоти Тоҷикистон онро қабул надоранд ва мегӯянд, дар ҳаёти сиёсии кишвар аҳзоб ва сокинон нақши калидӣ ва ҳалкунанда доранд.
Ба навиштаи созмони IFES, дар давоми соли 2014 баъзе тадбирҳо ба рушди сиёсии Тоҷикистон соя афкандааст. “Тоҷикистон ба унвони як
кишвари Шӯравии пешин ва мисли ҳамсоягонаш ба ҳимояти берунӣ барои рушди равандҳои демократӣ ва кумакҳои мустақим ба созмонҳои ғайридавлатӣ бо назари шубҳа нигарист. Дар моҳи майи 2014 ҳукумат пешнависи қонунеро муаррифӣ кард, ки ба таври ҷиддӣ фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро танзим мекунад,” -таъкид шудааст дар гузориш.
Бар асоси ин тағйирот дар қонун роҷеъ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳо танҳо замоне метавонанд барномаҳои сармоягузоришудаи ҳукуматҳои хориҷиро иҷро кунанд, ки агар ин кумакҳои молӣ дар Вазорати адлия сабти ном шаванд.
Озодиҳои интернетӣ
Ба таъкиди IFES, озодиҳои интернетӣ низ дар соли 2014 ҳамин гуна маҳдуд шудааст. “Як силсила сомонаҳо, аз ҷумла, шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва YouTube дар аввали моҳи октябр баста шуданд”,-навиштааст Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ.
Ҳарчанд Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз 9 то 11 октябри соли гузашта ирсоли паёмак ва ё СМС-ро қатъ кард, вале ҳукумат ҳамаи инро бар дӯш нагирифт ва бори камбудҳои фаннӣ намуд. “Дар ин муддат дар
шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи баргузории раҳпаймоии эътирозии “Гурӯҳи 24” дар шаҳри Душанбе даъватҳо пахш мешуд. 9 октябр Додгоҳи олӣ “Гурӯҳи 24”-ро созмони ифротӣ эълон кард ва фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ эълон шуд”,-навиштааст Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ.
Боздошти Маҳмудов
IFES мегӯяд, ба ин маҳдудиятҳо боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов – узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви кумисюни марказии интихобот илова шуд “ва давлат бо чунин кор нишон дод, ки фазои сиёсиро дар кишвар дар остонаи интихобот холӣ нагузоштааст ва ҳукумат ба он назорат мекунад. Ҳукумат ҳамчунин барои интихоботи парлумонии соли 2015 муқаррароти наверо муаррифӣ кард, ки бар асоси он баргузории раҳпаймоиҳо мамнуъ аст ва акнун анҷоми маъракаҳои интихоботӣ аслан бо матбуот маҳдуд шудааст.”
Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, дорои 63 курсист. Дар интихоботҳои гузашта аксари ин курсиҳо дар ихтиёри намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ қарор гирифтанд.
Дар гузориши Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ ё IFES омадааст, бояд дар сатҳи давлатӣ ислоҳоти сохторӣ сурат бигирад ва ҳукумати амалгаро ё воқеъгаро рӯи кор ояд: “Дар он сурат, бисёре аз мушкилиҳои мавҷуда ҳал хоҳанд шуд, чун ин мушкилиҳо ба якдигар иртибот доранд.”
Бекории ҷавонон
Ин созмон аз бекории ҷавонон ҳам ёдоварӣ карда, гуфтааст, онҳо беш аз пеш ба қишри осебпазири ҷомеа табдил меёбанд. “Ба ин сабаб, ҷавонон зери таблиғи гурӯҳҳои бунёдгаро, аз ҷумла гурӯҳи “Давлати Исломӣ” қарор мегиранд”,-таъкид кардааст IFES.
Дар гузориш гуфта мешавад, Тоҷикистон бояд заминаи идеологӣ низ фароҳам орад ва аз ин роҳ ватандӯстиву ифтихори миллӣ, фарҳанг ва мероси миллиро таблиғ кунад.
Дар ин гузориш IFES аз қавли мақомоти интихоботии Тоҷикистон гуфтааст, бар ҷараёни интихобот ва раъйдиҳии 1 март бештар аз 500 нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонӣ дар давоми даҳ рӯз эълон хоҳанд шуд.
IFES созмонест, ки аз ҳаққи шаҳрвандон барои ширкат дар интихоботи озоду одилона ҳимоя мекунад. Коршиносони ин созмон барои таҳкими равандҳои интихоботӣ дар ҳар кишвар кумакҳои заруриро дар ихтиёри мақомоти интихоботӣ мегузоранд.