Дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон аз озмуни "Хандаи ҳусн"-ро натиҷагирӣ карданд, ки дар миёни бонувони 25 шаҳру навоҳии вилоят эълон шуда буд. Дар озмуни мазкур, духтарони вилоят, либосҳои суннатии тоҷикиро ба намоиш гузоштанд, ки ба гуфтаи мақомот, аз ҳар гуна либосҳои “бегона” беҳтар аст.
Санавбар Самиева, сардори идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилоят гуфт, ин озмун бахшида ба Соли оила баргузор шуд ва ҳадафаш эҳёи либосҳои миллӣ ва ташвиқи занон барои ба бар кардани пироҳанҳои тоҷикӣ будааст. Мақомоти Тоҷикистон моҳҳои ахир бонувони кишварро ташвиқ доранд, аз пушидани "либосҳои бегона" ба мисли сатру ҳиҷоб парҳез кунанд, ки сабаби норозигии теъдоде аз мардуми мазҳабӣ шудааст.
Доварони озмуни "Хандаи ҳусн" аз миёни ширкатдорони озмун аз гӯшаҳои гуногуни вилоят, ҷойи аввалро ба бонувони шаҳри Қурғонтеппа, ҷойи дуввумро ба занони ноҳияи Хуросон ва ҷои саввум ба бонувони шаҳри Сарбанд сазовор донист. Видеои бидуни шарҳ аз ин озмунро инҷо бубинед.
Акси дигар аз ин озмун инҷост: