Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалби ВКД ба маъракаи зидди либосҳои "бегона"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Зоҳиран вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ба маъракаи зидди либосҳои “ғайримиллӣ”, ки дар ҳоли авҷ гирифтан аст, ҳамроҳ мешавад.

Рӯзи 28 март дар як ҷаласаи фавриву хидматӣ бо ширкати раҳбарони ниҳодҳои вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба зарурати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ» дар робита ба «иҷрои дастуру супоришҳои президент Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллӣ» таъкид шудааст.

Бино ба гузориши дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ, муовини аввали вазир генерал-майор Абдураҳмон Аламшозода дар ин ҷаласа аз ҷумла гуфтааст: «Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон ба мушоҳида мерасад.»

Ҷаласаи ВКД
Ҷаласаи ВКД

Дар ин гузориш иқдомоте, ки вазорати корҳои дохилӣ дар робита ба маъракаи зидди либосҳои «бегона» рӯи даст мегирад, оварда нашудаанд, вале гуфта мешавад, ки «дар рафти ҷаласа як қатор сардорони раёсат ва шӯъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ оиди иҷрои дастуру супоришҳо вобаста ба пешгирии урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллӣ ва бурдани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ҳисобот доданд.»

Даъвати Э.Раҳмон зидди "сиёҳпӯшӣ"

Дар Тоҷикистон зоҳиран як маъракаи наве алайҳи «бегонапарастӣ» дар ҳоли авҷ гирифтан аст, ки як самти асосиаш, тавре ба назар мерасад, мубориза бо пӯшидани ҳиҷобу дигар анвои либосҳои сатри мусалмонист. Ин маърака баъди суханронии рӯзи 6 марти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасти бахшида ба Рӯзи Модар оғоз ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш афзоиши таваҷҷӯҳи занону духтарони тоҷик ба пӯшидани либосҳои, ба гуфтаи ӯ, «сиёҳу бегона», бахусус ба сатру бурқаъро “як раванди ташвишовар”, “ташвиқи либосҳои бегона” ва “тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарон” номид ва гуфт, ин “ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.”

Ӯ “сиёҳпӯшӣ”-ро мухолиф ба фарҳанги таърихӣ ва суннатҳои анъанавии мардуми тоҷик хонд ва гуфт, бархе мехоҳанд бо таблиғи “сиёҳпӯшӣ” як ҷараёни нави ифротиро дар Тоҷикистон ҷорӣ кунанд: “Мувофиқи маълумот вақтҳои охир баъзе занону духтарони сиёҳпӯш ба ҷанозаи одамони тамоман бегона ҳозир шуда, дар байни заноне, ки дар ҷаноза иштирок доранд, ба ҳар гуна тарғиботи дур аз таъриху фарҳанги деринаи халқи мо даст мезананд.” Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз мақомот ва рӯҳониён хост, то “пеши роҳи паҳншавии фарҳанг ва либоспӯшии бегонаро гиранд.”

"Ба мо гап мерасад"

Дар пайи он ҷаласа дар Тоҷикистон, тибқи маъмул, мақомот дар тараддуди «иҷрои амру супоришҳои президент» шуданд ва аллакай шикоятҳое ба даст мерасанд, ки раҳбарони идораҳову бонкҳо аз кормандони зан талаб мекунанд, то бидуни ҳиҷоб ба кор бароянд, вагарна «ба мо гап мерасад.»

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ба дунбол қарореро имзо гузошт, ки ниҳодҳои давлатӣ дар пойтахтро муваззаф мекунад, то барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ миёни занону духтарон “корҳои фаҳмондадиҳӣ” бубаранд.

Раҷаббой Аҳмадзода
Раҷаббой Аҳмадзода

, раиси шаҳри Хуҷанд дар ин амр боз ҳам фаротар рафт ва баъди Наврӯз аз мақомоти маркази вилояти Суғд хост, то баргузории рейду санҷишҳо либосҳои, ба гуфтаи ӯ, бегона, аз ҷумла "эронӣ" ва "афғонӣ"-ро барои фурӯш дар бозорҳои минтақа роҳ надиҳанд. Раҷаббой Аҳмадзода машварат додааст, занон либоси миллии тоҷикӣ ба бар кунанд.

Мири шаҳри Хуҷанд рӯзи 27 март дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин пешниҳодҳоро кардам ва гуфтам, оянда пурра ба либоси миллӣ гузарем. Ҳар як зани тоҷик бояд либоси миллии тоҷикӣ пӯшад. Либосҳои ҳаргуна давлатҳои бегона хоси мо нест. Зарур нест, фарҳанги тоҷикро паст занем." Вай афзуд, барои ҷилавгирӣ аз пайвастани занон ба гурӯҳҳои ифротӣ низ дастур додааст.

Ҳамин тавр, вазорати умури дохила ду ҳафта пеш бо пахши гузориши телевизионӣ эълон кард, ки маъмурони пулис дар як рейд бештар аз даҳ зани танфурӯши ҳиҷобдорро боздошт кардааст.

Вале бисёре аз сокинони Тоҷикистон, ки 97 дарсади аҳолиашро мусалмонон ташкил медиҳанд., чунин бархӯрд бо либосҳои мазҳабиро як навъи дигар маҳдуд кардани ҳаққи озодии эътиқод мешуморанд ва мегӯянд, ҳадаф аз ин маъракаи нав бештар на таблиғи либоси миллӣ, балки маҳз мубориза бо ҳиҷобу сатри исломист. Вагарна, мегӯянд онҳо, “чаро дар мавриди либосҳои аврупоӣ, барои мисол, мини-юбка, ки низ либоси миллӣ ва хоси мардумитоҷик нест, ягон мақом ҳарфе намезанад?”

Маъракаи нав алайҳи либосҳои исломӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан мақомоти ин кишвар пӯшидани ҳиҷобро дар муассисаҳои давлатӣ ва ҳатто барои толибилмон дар мактабҳои миёнаву олӣ манъ карда буданд.

XS
SM
MD
LG