Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саргардониҳои Майсара баъди издивоҷаш бо марди 65-сола


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Издивоҷи бармаҳал ва маҷбурӣ бо марди пир ва дур мондан аз таҳсил як духтари тоҷикро ба саргардониҳо дучор кардааст. Ӯ аз он таассуф мехӯрад, ки саводи кофӣ надорад ва ба танҳоӣ наметавонад аробаи зиндагияшро кашад.

Майсара, ки падараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошту модараш фавтида буд, шаш сол пеш зери фишори модарандар (модари ӯгай)-аш мактабро ба поён нарасонда, бо марди 65-солае издивоҷ кардааст. Ӯ мегӯяд, бо ин марди аз худаш 49 сол бузургтар ҳамагӣ се сол зиндагӣ кард ва баъдаш ҳам талоқ гирифт.

“Моиндарам ба падарам занг зада гуфт, маро ба шавҳар доданист, аммо нагуфт, ба як марди пир. Падарам гумон кард, маро ба кадом ҷавоне ба шавҳар доданиянд”,-нақл кард мусоҳиби мо.

Акнун Майсара дар байни замину осмон мондааст ва барои зистан хидматгорӣ ҳам мекунаду дегу табақшӯӣ ҳам. Ҳатто маҷбур шудааст, гоҳо танфурушӣ ҳам кунад. Ӯ ҳоло 22 сол дорад ва дар ин муддати зиндагияш рӯзҳои сахтеро паси сар карда ва маълум нест, ин вазъ то кай идома хоҳад дошт. “Боиси бадбахтиҳои ман асосан падарам аст. Аз ҳама бештар. Агар падар бо фарзандонаш муносибати хуб дошта бошад, модарандар ҷуръат намекунад, нисбат ба фарзандони ӯ чунин муносибат кунад. Пас аз падарам моиндар ва ҷомеа гунаҳкор аст. Ба ҳар куҷое наравам, ҳамеша ба кори бад маро тела медиҳанд”,-мегӯяд қаҳрамони мо.

Майсара бо гиря суҳбатро идома дод ва гуфт, баъди он ки талоқ гирифт, дигар падару моиндараш ӯро ба хонаашон роҳ надодаанд. Ба ӯ гуфтаанд, метавонад муваққатан дар он ҷо зиндагӣ кунад, аммо барои зиндагии доимӣ ҷои дигаре пайдо намояд. Мусоҳиби мо ҳоло бо духтарчаи шашмоҳааш дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе иҷоранишин аст ва хонаи хурдакаки онҳо ба ҷуз як палосу кӯрпачаи кӯҳнае чизи дигаре надорад, ҳатто тиреза ҳам.

Майсара зани хурдҷусса буда, хеле ҷавон ба назар мерасад. Бинанда гумон намекунад, ӯ 22 сол дорад. Ин аст, ки мегӯяд, “ба ҳар куҷое барои кор мерафтам, мегуфтанд, хеле ҷавон ҳастӣ, ё шарт мегузоштанд, ки бояд маъшуқаи корфармо шавам”. Ӯ нақл мекунад, рӯзҳои аввале, ки ба кор ниёз дошт, дар маҳаллаи “Садбарг”и Душанбе ба чанд зани калонсол муроҷиат кард. Ҳатто ба хонаҳои одамон сар зада мепурсидааст, ки омодааст ҳар коре бошад, дар хона анҷом медиҳад. Ба ин далел ӯ дар дасти занҳое гирифтор шуда, ки ба хонаашон бурдаву шарт мегузоштаанд, танфурӯшӣ кунад: “Занҳо “клиент” меоварданд ва мегуфтанд, бояд кор кунам. Агар бо он мардҳо ҳамхоба нашавам, маро дар ними шаб аз хона пеш мекунанд. Чун ҷойе барои рафтан надоштам, ночор розӣ мешудам. Аммо пулро худи занҳо мегирифтанд, на ман. Ба ман ягон нафари аз онҳо пул намедоданд. Пешниҳод мекардам, биёед хонаатонро пурра рӯбучин мекунам. Ҳар кори дигаре бошад, анҷом медиҳам, аммо ба ин кор маҷбурам накунед, гӯш намекарданд.”

Чун Майсара дар мактаб таҳсил накардааст кам-кам хонда метавонаду дуруст навишта – не. Ба ин далел коре, ки ин зан меҷуст танҳо косашӯӣ ва ё пешхизматӣ буд. Ин ҷавонзан мегӯяд, бо мардҳои зиёде вохӯрдааст, аммо аз миёни онҳо ду соли пеш Акрам ном марде ба ӯ пешниҳод мекунад, то ба таври ҳамешагӣ маъшуқааш бошад, ҳатто ҳамсараш шаваду дигар танфурӯшӣ накунад. Акрам ба вай гуфтааст, мехоҳад издивоҷ кунад, чун ҳамсарашро дӯст намедорад. Аммо бо гузашти бештар аз як сол боре ҳам нагуфтааст, бо якдигар никоҳ кунанд. Ҳарчанд Майсара аз Акрам 5 бор ҳомила шудааст, аммо ҳар дафъа барояш пул дода гуфтааст, кӯдакро нест кунад: “5 дафъа исқоти ҳамл кардам. Маротибаи 6-ум ҳомила шудам. Боз пул дода, гуфт, инашро ҳам нест кунам. Аммо он вақт дар Колхози Россия дар хонаи як зан будем, ки вай нагузошт ин корро кунам. Ваъда дод, кӯдакро бо ҳам калон мекунем. Пулеро, ки бояд кӯдакро аборт мекардам, аз дастам гирифт.”

Ҳоло Майсара, ки бо духтари шашмоҳааш Сумая танҳо зиндагӣ мекунад, мегӯяд, зиндагӣ барояш сахту сангин аст. Чун на падари кӯдакаш онҳоро дуруст нигоҳубин мекунад ва на худаш бо духтарачи хурдсолаш тавони кор карданро дорад. Бар иловаи ин, атрофиён ҳамеша ба ӯ таъна мезананд, ки фарзанди беникоҳ ба дунё овардааст.

Ҳангоме, ки мо бо Майсара дар хонаи иҷораи ӯ сӯҳбат мекардем, ҳамеша аз як чиз афсӯс мехурд, ки савод надорад ва барояш кори дурусте пайдо карда наметавонад. Ӯ мегӯяд, ҳадди ақал мактаби миёнаро ба пуррагӣ мехонд, имрӯз шояд чунин рӯзгори талхе ба сараш намеомад. Чизи дигаре, ки боиси афсӯс хурдани Майсара буд, агар бо ягон марди ҷавонтар издивоҷ мекард, шояд зиндагияш ин гуна талх намегузашт. Дар ҳоли ҳозир ягона умеди ин зан духтарчаи хурсолаш аст. Майсара мехоҳад, ба хотири ӯ зиндагӣ кунад ва ҳама корро анҷом диҳад, ки Сумая сарнавишти комилан дигаре дошта бошад.

XS
SM
MD
LG