Дар Тоҷикистон мурофиаи додгоҳие нест, ки бидуни қасам хӯрдан ва ё қасам додани ҷонибҳо ба поён бирасад. «Қасам ба Худо», «Занталоқ» ва «Ба сари фарзандон» аз савгандҳоеянд, ки қариб дар ҳар мурофеаи додгоҳӣ садо медиҳанд, вале ҳеҷ муфаттиш ва ё додгустар ин ҳарфҳоро ҳамчунин далел ба парванда ворид намекунад.
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ мегӯяд, додрас метавонад, савганд хӯрдан ё савганд додан ба яке аз ҷонибҳои баҳсро ҳамчун «эътимоди ботинӣ»-и худ қабул кунад ва онро ҳангоми гирифтани тасмими ниҳоӣ ба назар бигирад. Ин вакили дифоъ мегӯяд, ҳафтае пеш дар баҳси иқтисодӣ дар додгоҳ ҷониби ҷавобгар, ки ҳимояи ҳуқуқҳояшро ба ӯҳда дошт, ба даъвогар пешниҳод кард, ки агар бо «занталоқ» қасам хӯрад, ки моликият аз ӯст, ҳама моликиятро мебахшад ва дигар даъвое нахоҳад дошт. Аммо даъвогар аз қасам хӯрдан худдорӣ кард, ки ин далели соҳибмулк набудани ӯро нишон медод. Ба гуфтаи Ёров, ҳарчанд дар қонунгузорӣ савганд далел ҳисоб намешавад, аммо метавонад эътимоди додрасро ба яке аз тарафҳо қувват дода, ба ҳалли дурусти қазия кӯмак расонад.
«Савганд хӯрдан мухолифи қонунгузорӣ нест. Қонун аз қоидаҳову ахлоқу одоби ҷомеа пайдо шудааст. Қасам хӯрдан ҳам як урфу одат аст ва урфу одат яке аз сарчашмаҳои ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Аз рӯи қасам ҳалнома бароварда намешавад, аммо инро метавонад, додрас ба назар бигирад. Бо қасам хӯрдан ягон қонунгузорӣ вайрон намешавад,» -- мегӯяд ҷаноби Ёров.
Ваде додрасҳо ва муфаттишон ин ҳарфи вакили дифоъро комилан қабул надоранд ва ба назар гирифтани савганд дар мурофиаҳои додгоҳиро хилофи қонунҳои кишвар медонад.
Юсуфҷон Юсуфзода, корманди собиқадори додситонӣ мегӯяд, гумонбарон дар ҷиноят ба воситаи савганд хӯрдан самимият ва бегуноҳ будани худро исбот кардан мехоҳанд. Ба гуфтаи ӯ, савганд додан ва ё савганд хӯрдан хосияти равонии мардуми тоҷик аст, ки барои раҳоӣ аз вазъи душвор дафъатан сари забон оварда мешавад. Гоҳи дигар қасам додану қасам хӯрдан ба василаи фишор табдил меёбад: «Аммо мо бояд ба далелҳо такя кунем. Зиёд мушоҳида кардаем, ки як нафар нафари дигарро бо Қуръон қасам медиҳад ва ё ба хонаву дари ҳалол. Лекин бояд судя аз ин ҷилавгирӣ кунад. Ин як навъ фишор аст, ки иштирокчиёни мурофиа мехоҳанд, таваҷҷӯҳи атрофиёнро ба худ ҷалб кунанд, ки бубинед, савганд медиҳам, савганд намехӯрад ва ӯ бегуноҳ ҳаст. Дар асл дар мурофиа касе ҳуқуқи савганд доданро надоранд. Танҳо бояд ҷонибҳо савол диҳанд, на савганд.»
Ин додситони собиқадор мегӯяд, бархе аз ҷинояткорон барои раҳо ёфтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ омодаанд, ба тамоми муқаддасоти дунё қасам хӯранд, дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, далелҳо ва шоҳидон акси ҳолро бозгӯ мекунанд.
Дурандеш Иброҳимов, додраси додгоҳи Қурғонтеппа мегӯяд, дар мурофиа далелу ҳуҷҷати ҷонибҳо барои собит кардани бегуноҳии худ ба инобат гирифта мешавад, на савганди онҳо. Ба назари ӯ, савганд бештар ҷанбаи динӣ дорад, аммо сарқонуни Тоҷикистон расман динро аз давлат ҷудо кардааст: «Қасам додану қасам хӯрдан дар маҷлиси судӣ умуман протокол намешавад ва ба назар ҳам гирифта намешавад.»
Бо тағйири арзишҳо дар ду даҳаи охир, ҳоло савгандхӯрӣ дар кишвар қатъи назар аз тааҳуди инсон дар иҷрои амал ба як одати ҳамарӯза табдил ёфтааст. Зарторбӣ Табарова, як равоншиноси тоҷик мегӯяд, вақте инсон ҳеҷ далеле барои исботи худ надорад қасам мехӯрад ва ё қасам медиҳад. Ба гуфтаи ӯ бештар онҳое қасам мехӯранд, ки аз боварии атрофиён берун шудаанд. Онҳо «бо қасам хӯрдан мехоҳанд, бовари ҳамсӯҳбати худро ба даст оранд. Шири модар, Худову Қуръон, модару зану фарзанд, ки барои инсон хеле муҳиманд, мояи савганд шудаанд. Дар аксар маврид инсонҳо метарсанд, ки дар сурати қасам хӯрдан бо ҷони фарзанд ба ӯ зиён мерасад ва ба ҳамин хотир ё қасам намехӯранд ва ё дурӯғ намегӯянд. Аммо бештари мардум қасамро ҷиддӣ намегиранд.»
Вале бисёриҳо бар инанд, ки қасами «зан талоқ», аз ҷумлаи он савгандҳоест, ки сокинон онро хеле ҷиддӣ мегиранд. Саидҷаббори Раҳмон, як рӯҳонии ҷавон мегӯяд, дар сурати дурӯғ бо занталоқ қасам хӯрдани нафаре воқеан зани ӯ талоқ мешавад. Ӯ мегӯяд, дар зиндагиаш чандин нафарро дидааст, ки барои ҳақ будани худ ба Худо қасам хӯрдааанд, вале баъдан маълум шудааст, ки онҳо дурӯғ мегӯянд: «Қасам ба Худо хӯрдан кори ҳазл нест. Мо дидем, ки Худованд дар ҳамин дунё ҳақиқатро ошкор кардааст ва ҷазои дуруғгӯро додааст. Ё вақте қасам мехӯрад, ки занам талоқ, ман ин корро накардам, вале дар асл кардааст, зани ӯ тибқи шариати ислом талоқ ҳисоб мешавад. Агар як талоқ бошад, аз сар никоҳ кардан мумкин аст ва агар се талоқ гӯяд, никоҳ дигар номумкин мегардад.»
Аммо додгоҳҳои Тоҷикистон касеро барои қасам хӯрдан ба ҷавобагарии ҷиноятӣ намекашанд ва ё аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳам раҳо намекунанд. Ба гуфтаи равоншинос Зарторбӣ Табарова бояд ба ҷаҳони ботинӣ ва маънавиёти савгандхӯранда нигоҳ кард, ки агар барои баъзеҳо суханбозӣ бошад, барои бархеи дигар қасам азоби сахти виждон ва ҳатто беморию маргро ба дунбол дошта метавонад.