Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Издивоҷи сафед” – ҳамзистӣ, ҳамхобагӣ ё зино?


Бархе аз духтарону писарони эронӣ ба “издивоҷи сафед” – ҳамзистӣ зери як бом то маросими никоҳ тарҷеҳ медиҳанд. Ҳамзистие ба ин гуна миёни гурӯҳе дар Тоҷикистон ҳам маъмулӣ шудааст.

“Хонаводаи пойдор” – тарҳе бо ин унвон аз сӯи ҳукумати вилояти Теҳрон ниҳоӣ шуд. Масъули умури иҷтимоӣ ва фарҳангии ин вилоят ба хабаргузории ИСНА гуфтааст, ҳадаф аз тарҳ таҳкиму арҷгузорӣ ба урфу одатҳои суннатии ташкили хонаводаи эронӣ ва муқобила бо афзоиши “издивоҷҳои сафед” дар Эрон аст. Муртазо Мирбоқирӣ, муовини вазири умури дохилаи Эрон дар масоили иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳам ахиран аз тағйири сабки зиндагӣ ва урфӣ шудани “издивоҷи сафед” дар кишвар изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ”робитаи сабтнашуда ва бидуни қоийдаи зану мард дар Эрон аз ин пеш ҳам вуҷуд дошт ва аммо дар ҳоли ҳозир он ба худ шакли урфӣ гирифтааст” ва бояд вокуниши ҷиддиро ба думбол дошта бошад.

"ИМТИҲОНИ ИШҚУ ЭҲСОС"

“Издивоҷи сафед” - ҳамзистии духтару ҷавонписар бидуни никоҳ зери як бом, ки аз ин пеш хоси кишварҳои ғарбӣ маҳсуб мешуд, миёни ҷавонону духтарони эронӣ ҳам ҳарчӣ бештар маъмулӣ мешавад. Ҳоло иддае аз онҳо тарҷеҳ медиҳанд, ки қабл аз издивоҷи расмӣ то шаш моҳ зиндагии муштарак дошта бошанд ва фақат баъд аз он дар бораи ақди расмӣ тасмим бигиранд. Онҳо мегӯянд, ки ин фурсат ба хотири бештар омӯхтани хулқу атвори ҳамдигар ва санҷиши омодагӣ барои ҳамроҳ дар шоҳроҳи зиндагӣ қадам гузоштан аст. Меҳрдоди Дарвешпур, ҷомеъашиноси эронии муқими Шветсия, мегӯяд, агар “ситора”-и духтари ҷавонписар мувофиқ омад, сӯри арӯсӣ баргузор мекунанд, дар акси ҳол ҳар кадом аз пайи зиндагии худ мераванд.

“Издивоҷи сафед” ҷомеъаи Эронро пушти ду сангар қарор додааст. Ба гуфтаи ҷомеъашиносон, пуштибонҳои ин раванди нав дар сабки зиндагӣ бар инанд, ки он аз як сӯ имтиҳони ишқу алоқа ва эҳсос миёни духтару писар аст ва аз сӯи дигар, садди роҳи харҷи нозарур барои ақду сӯри арусӣ мешавад, яъне, агар “издивоҷи сафед”-и зану мард ноком шуд ва

Сӯри арӯсии туркманҳои Эрон
Сӯри арӯсии туркманҳои Эрон

эҳсос карданд, ки зиндагии муштараки минбаъда иштибоҳ хоҳад буд, зарурате барои харҷи ақду тӯй ваё ҷое барои сарфи маблағу асабонияту ҳатто душманӣ ҳангоми талоқ боқӣ нахоҳад монд. Зимнан, маҳз талоқ аз мушкили умда дар ҷомеъаи Эрон боқӣ мемонад. Мустафо Пурмуҳаммадӣ, вазири додгустарии Эрон, ахиран ба расонаҳои эронӣ гуфт, ки дар додгоҳҳои кишвар айни ҳол 14 миллион парвандаи талоқ мавҷуд аст.

Меҳрдоди Дарвешпур мегӯяд, ки сабаби аслии рӯ ба “издивоҷи сафед” овардан маҳрияи ҳангуфт ва ҳазинаи бузурги издивоҷ аст. Ҳангоми “издивоҷи сафед” на баҳси маҳрия дар миён аст ва на такопӯ барои пайдо кардани маблағи маросими ақди никоҳу маҳфили арӯсӣ.

Аммо мухолифини издивоҷи сафед онро “пайравӣ ба фарҳанги аврупоӣ” мехонанд ва чун “ҳамхобагӣ” тафсир мекунанд, амале, ки дини ислом онро маҳкум мекунад. Меҳрдоди Дарвешпур ҳам тайид мекунад, ки “издивоҷи сафед” дар воқеъ аз фарҳанги аврупоӣ сарчашма мегирад. Ба гуфтаи ӯ, “дар кишваре назири Шветсия беш аз нисфи ҷамъияти кишвар аз синни 23-солагӣ боло дар “издивоҷи сафед” ба сар мебаранд. Дар Амрикову Канада ва бархе аз кишварҳои дигар “издивоҷи сафед” падидаи дар ҳоли рушд аст. Башари имрӯз вақте мебинад, ки ишқу алоқа пойи робита аст, ниёзе барои қонунӣ кардани онро эҳсос намекунанд”.

"ИЗДИВОҶИ САФЕД" -АҚДИ МУОТТОТӢ АСТ

Дар ҳамин ҳол Ҳасан Юсуфи Ашкиварӣ, пажуҳишгари масоили мазҳабии муқими Олмон мегӯяд, то ҳол нафаре аз уламои шинохта ва рӯҳониёни мӯътабари эронӣ алайҳи “издивоҷи сафед” садо баланд накардааст. Шояд сабаб ин аст, ки меафзояд мусоҳиби мо, “ин уламо ва рӯҳониён бештар ба суннатҳо, афкору ақоид ва рафторҳое ҳассосият нишон медиҳанд, ки ба мавқеъияти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодияшон таҳдид мекунад”. Ба гуфти ӯ, равобити озоди ҷинсӣ аз рӯи шариати ислом ҷоиз нест, робитаи зану мард бояд ҳатман бар пояи ақди шаръӣ анҷом шавад.

Зубайдуллоҳи Розиқ
Зубайдуллоҳи Розиқ

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи исломшинос, дар мазҳаби шиъа “ақди муоттотӣ” мавҷуд аст, ки ба маънои “тарозуи тарафайн дар муомила” аст. Ҳасан Юсуфи Ашкиварӣ меафзояд, “бар пояи фиқҳи исломӣ, мо бояд барои ҳар муомила бояд хутбаи ақд бихонем... Аммо аз рӯи “ақди мутоотӣ”, агар ду нафар ба ин ё он амал розӣ бошанд, ниёзе ба хондани хутбаи ақд нест. Ин аз сӯи рӯҳониён ба хотири осон кардани рӯзгори мардум роҳандозӣ шудааст. Яъне, корҳое, ки ҳама мусалмонҳо – уламо, рӯҳониён ё фуқаро дар сартосари ҷаҳон анҷом медиҳанд, бигирем, мошин мехаранд, хутбаи ақд намехонанд ё мева мехаранд ва онро ба хона мебаранд, касе намегӯяд, ки ин ишколи шаръӣ дорад... Ҳамин тавр, марду зан ҳам, агар манъи шаръӣ надошта бошанд, яъне агар ҳарду озоданд, метавонанд “ақди мутооти”-ро анҷом диҳанд – манзур, ризояти ду нафар кофист, мисли ҳама гуна муомилот ва ҳама ақдҳое, ки мо дар зиндагии рӯзмарра анҷом медиҳем”.

“ИЗДИВОҶИ САФЕД” ЗИНО АСТ!

Аммо Зубайдуллои Розиқ, рӯҳонии шинохтаи тоҷик, “ақди муоттоти”-ро як вижагии мазҳаби шиа мехонад ва мегӯяд, мазҳаби суннӣ онро дар баробари издивоҷи муваққат - "мутъа" ё "мунқатеъ" ва ё "сиға" қабул надорад. “Аз рӯи фиқҳи Ҳанафӣ ва умуман фиқҳи аҳли суннат ҳамзистӣ то никоҳ ва издивоҷ муваққат иҷоза нест ва он ҳаром аст. Ҳатто як соат бе никоҳ дар хилват нишастани зану мард номаҳрам ҳаром аст. Дар фиқҳи аҳли суннат фақат иҷоза аст, ки писару духтар ё зану мард ҳамдигарро бубинанд ва дар ҳузури афроди маҳрамашон – волидайн, хоҳару бародар ва ё хеши наздики духтар бо ҳам сӯҳбат кунанд”, мегӯяд Зубайдуллоҳи Розиқ. Ӯ меафзояд, ки “ҳама гуна робитаи ҷинсӣ то никоҳ зино маҳсуб мешавад, ҳатто агар писару духтар нияти издивоҷро ҳам дошта бошанд. Шариат иҷоза намедиҳад, ки онҳо ҳатто даст болои дасти ҳамдигар гузоранд”.

Рӯҳонии тоҷик мегӯяд, ки шояд “издивоҷи сафед” аз харҷи беҳуда барои сӯри арӯсӣ ва ё ҳангоми талоқ ҷилавгирӣ кунад, аммо обрӯи писару духтар мерезад ва онҳо бадном мешаванд, зеро дар шариати ислом покӣ аз ҳама волотар аст. Ба гуфтаи Зубайдуллоҳи Розиқ, фиқҳи суннат мӯтъа ё издивоҷи сиғаро ҳам қабул надорад. Ин издивоҷ аз он сабаб мутъа ногузорӣ шудааст, ки "мард аз зан дар он муддате, ки қарор бастаанд, нафъу лаззат ва таматтӯъ мебардорад.” Никоҳи сиғаро рӯҳониёни шиа "бофазилат" ва дар баробари никоҳи шаръӣ дуруст мешуморанд.

Соли гузашта раиси Маркази Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз афзоиши никоҳҳои сиға дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, ба имомхатибҳо дастур дода буд, ки мафҳуму шароити онро дар мавъизаҳои худ шарҳ диҳанд, то ин ки занону духтарон фирефтаи он нашаванд. Ин даъват баъд аз он садо дод, ки гурӯҳе аз занони тоҷик бо пушаймонӣ аз никоҳи сиға бо шаҳрвандони Эрон ба Маркази Шӯрои уламои Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Бонувони тоҷик ба масъулини Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфтаанд, аз аксар ҷузъиёти ин шакли издивоҷ бехабар будаанд ва хеле дер огоҳ шудаанд, ки никоҳи сиға ё мутъа талоқ ва издивоҷи такрорӣ надорад. Худи маросими ин никоҳ бе ширкати шоҳид ҷараён мегирад ва мард ҳеҷ гуна ӯҳдадории молӣ ё нафақаро бар дӯш намегирад.

Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, ки ҳамхобагӣ қабл аз издивоҷ ҳам аксар вақт духтарро сархаму шарманда месозад, зеро баъзе аз ҷавонҳо ризояти духтар барои ҳамхобагиро ба таври худ ва баъзан чун “сабукпоӣ” маънидод ва аз никоҳ бо ӯ худдорӣ мекунанд.

“МО АЗ ЭРОНИҲО КАМ НЕСТЕМ”?

Фаридун Ҳодизода, раиси Академияи муколамаи байни мазҳабҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳамзистии қабл аз никоҳ, он чӣ ки дар Эрон “издивоҷи сафед” номгузорӣ шудааст, дар Тоҷикистон ҳам фаровон ба чашм мерасад ва худи ӯ шоҳиди чанд ҳамзистие ба ин навъ шудааст. Ӯ меафзояд, ки яке аз шиносҳояш ҳатто ба духтари аз худаш бузургтар ошиқ шуд ва онҳо, бо вуҷуди мухолифати модари писар, бидуни никоҳ ба зиндагии муштарак шурӯъ карданд ва баъд аз як-ду сол расман издивоҷ карданд ва фарзанддор ҳам шуданд.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Аз нигоҳи мусоҳиби мо, ин гуна ҳамзистӣ хоси шаҳр, аз ҷумла, пойтахт аст ва дар деҳот тақрибан ба чашм намерасад. Ҳамзистӣ то никоҳ дар Тоҷикистон баъд аз он бештар маъмулӣ шуд, ки ҷавонони зиёде як муддат дар Амрикову кишварҳои аврупоӣ зиста, ба ватан баргаштанд. Аммо дар шаҳр ҳам, ба гуфтаи Фаридун Ҳодизода, писарону ҷавондухтарон ҳамзистии бидуни никоҳашонро пинҳон кунанд, зеро ҷомеъа ҳарчӣ бештар мазҳабӣ мешавад ва ошкор шудани ин гуна робита, ки, аз нигоҳи рӯҳониён, фосиқиву зино аст, накӯҳишу бадномиро ба думбол хоҳад дошт. Ҳатто дар сурате, ки баъд аз чанд муддат ин ҷуфтҳо расман издивоҷ ҳам кунанд. Аз сӯи дигар, меафзояд Фаридун Ҳодизода, ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар Русия бо занҳои маҳаллӣ бидуни издивоҷ зиндагӣ мекунанд ва ҳатто баъзан зани қонунии худро талоқ дода, ба зиндагӣ бо хонуми рус идома медиҳанд.

ХАНҶАР БА ҶОЙИ ...ДОМОД

Пажуҳишгарони масоили мазҳабӣ мегӯянд, ки ягон дини олам робитаҳои маҳрамона то никоҳро қабул надорад. Дини насронӣ афродеро, ки бо никоҳ бо ҳам робитаи ҷинсӣ доранд, фосиқ мехонад. Рӯҳониёни калисои ортодокси рус “никоҳи шаҳрвандӣ” (“гражданский брак”-ро маҳкум мекунанд ва онро чун “ҳамзистии фосиқона” арзёбӣ мекунанд. Афроде, ки бо “никоҳи шаҳрвандӣ” ба сар мебаранд, ба калисо ва ниёиш роҳ дода намешаванд.

Меир Ҷовидонфар, ҷомеъашиноси муқими шаҳри Тел-Авив, мегӯяд, ки дини яҳудӣ ҳам қатъан мухолифи ҳамзистии қабл аз издивоҷ аст. Ба

гуфтаи ӯ, ин гуна ҳамзистӣ фисқ маҳсуб мешавад ва дар Таврот ҳам гуфта шудааст, “Бигузор миёни духтарони Исроил фосиқу шаҳватпарастҳо набошанд”. Дар Исроил, меафзояд мусоҳиби мо, фақат духтару писари ҳамдин ҳаққи издивоҷро доранд, аз ин рӯ, ҷавонону духтароне, ки пайрави динҳои гуногунанд, барои издивоҷ ба дигар кишварҳо мераванд”.

Аммо дар манотиқи кӯҳии Непал, ки аксари мардум аз динҳои ҳиндуӣ ва буддоӣ пайравӣ мекунанд, ҳар қабила аз рӯи урфу одати бостонии худ зиндагӣ мекунад ва робитаҳои байни занҳову мардҳо низ озодтаранд. Дар қабилаи тамангҳо ҷавонписарону духтарон ҳаққи бидуни издивоҷ зери як сақф ба сар бурданро доранд. Агар духтар ҳомиладор шавад, ҷавон ду интихоб дорад – метавонад бо духтар оила бунёд кунад ё баъд аз таваллуд тифлро бигираду ба духтар ҷубронпулӣ пардохт намояд. Зимнан, таваллуди “ғайришаръӣ” ба сарнавашти духтар ва оила бунёд карданаш таъсире надорад. Агар зани шавҳардор хоҳиши бо марди дигар зиндагӣ карданро дошта бошад, пас марди интихобкардааш бояд ба шавҳари зан маблағи муқарраршударо пардозад. Дар қавми сатарҳо низ робитаи ҷинсии то никоҳ роиҷ аст. Дар сурати ҳомиладор шудани духтар ҷавонписар бояд ё бо ӯ хонавода бунёд кунад ё барояш номзад ба шавҳарӣ пайдо кунад. Дар миёни қавми шерпҳо на фақат робитаи қабл аз издивоҷ, балки бисёршавҳарӣ низ як амри маъмулист. Аммо ҳама шавҳарҳо бояд аз як хонавода, яъне, бародар бошанд. Ҳар яке аз бародарҳо камарбанди махсус дорад ва агар шабро бо занаш гузарониданӣ бошад, онро дар сутун меовезад. Зимнан, бисёршавҳарӣ бештар хоси хонаводаҳои сарватманд аст. Аммо дар қавми тхару, ки дар минтақаи Читвон ба сар мебарад, домод бояд қабл аз издивоҷ се сол дар манзили волидайни арӯс кор кунад. Агар домод бо сабабе имкони дар маросими ақди никоҳ ширкат карданро надошта бошад, пас метавонад ба ҷойи худ ...кордашро бифиристад.

XS
SM
MD
LG