Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев: Тақдири 345 000 муҳоҷири тоҷик дар Русия “номаълум аст”. САДО


Маҳмадсаид Убайдуллоев
Маҳмадсаид Убайдуллоев

Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон гуфт, ки тақдири 345 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия "номаълум аст". Ӯ рӯзи 25-уми декабр дар нишасти аъзои Маҷлиси Миллӣ дар Душанбе гуфт, ин гуруҳи муҳоҷирон на ҳузури худро дар Русия қонунӣ кардаанд, на афв ва на ихроҷ шудаанд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, Русия ба гунаи панҷ соли қабл нест. Зеро, баъд аз ҳодисаҳои ғасби Қрим ва ҷанг дар Украина, иқтисоди Русия низ бо мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯ аст.

Раиси Маҷлиси Миллӣ, инчунин, хабар дод, ки то моҳи сентябри имсол 226 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карда шудаанд ва "талошҳо барои афви ин нафарон аз сӯи Думаи давлатӣ идома дорад".

Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси тоҷик дар умури муҳоҷират, гуфт, бовар дорад, бахши аъзами шаҳрвандони, ба истилоҳ, "бенишоншудаи" Тоҷикистон дар Русия ба гурӯҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ пайвастаанд. Вай бовар дорад, ки ин миқдор шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонистанд дар як муддати кӯтоҳ шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд.

Раҳмон Ӯлмасов
Раҳмон Ӯлмасов

Русия макони кори беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад. Баланд будани мизони бекорӣ ва зиёд фаъол набудани корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон бисёре аз мардони хонавода ва ҷавонону занонро водор кардааст, ки ба муҳоҷират ба Русия раванд.

"Миллиардҳо доллари муҳоҷирон кам шуд"

То соли 2014 муҳоҷирони тоҷик дар як сол аз Русия беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристоданд, ки бештар аз маблағи буҷети Тоҷикистон буд.

Вале ин рақам дар соли 2017 ба дуним миллиард доллар коҳиш ёфт ва натанҳо ба буҷети хонаводаҳо, балки буҷети кишвару кори бонкҳо ҳам зарба зад. Ин рақам дар солҳои 2015 ва 2016 ҳатто ба таври рекордӣ то марзи як миллиарду дусад ҳазор ва як миллиарду нуҳсад ҳазор поин омада буд.

Бо вуҷуди таҷрибаи ду даҳсолаи ҳамзистии Русия бо муҳоҷирони корӣ, ба низом омадани санади муҳоҷирон ва риояи дастурҳои муҳоҷиратии ин кишвар, бархӯрди мақомоти Русия ва шаҳрвандонаш ба корҷӯёни Осиёи Марказӣ ҳанӯз дигар нашудааст. Махсусан акнун, ки худи русҳо ҷойи кор надоранд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон низ Русия ба гунаи панҷ соли қабл нест. Зеро, баъд аз ҳодисаҳои ғасби Қрим ва ҷанг дар Украина, иқтисоди Русия низ бо мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯ аст.

"Ҳар сол 150 000 нафар ба бозори кор ворид мешавад"

Ба иттилои Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон афзоиши ҳамасолаи аҳолии кишвар беш аз 2 дар садро ташкил дода, ҳар сол ҳудуди 150 ҳазор афроди қобили кор ба бозори меҳнат ворид мегарданд.

Убайдуллоев: Тақдири 345 000 муҳоҷири тоҷик дар Русия “номаълум аст”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Ин вазорат иттилоъ медиҳад, ки дар нуҳ моҳи имсол аз кишвар тақрибан 360 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Раванди муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дар сад камтар шудааст. Сабаби аслии коҳиши теъдоди муҳоҷирони кориро ба сангин шудани шароити кор дар Русия рабт медиҳанд.

Дархости "афв"-и муҳоҷирони тоҷик

Аз тарафи дигар, бо дарназардошти вазъи душвори иқтисодӣ дар Тоҷикистон, мақомоти кишвар барои содда кардани шароити будубоши муҳоҷирони корӣ дар Русия талош доранд. Дар тобистони имсол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Чин дар дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, хуб мешавад, агар "афви" муҳоҷирони кории тоҷик идома ёбад.

Мақомоти Русия моҳи апрели соли гузашта ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар кор мекунанд, иҷоза доданд, дар муддати як моҳ санадҳояшонро қонунӣ кунанд. Ба гуфтаи мақомот дар ин муддат беш аз 100 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик имкон ёфтанд, ки фаъолияти худро дар Русия қонунӣ гардонанд.

Ҳоло ба гуфтаи Маҳмадсаид Убайдуллоев сарнавишти 345 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки эҳтимол дорад, фаъолияти ғайрирасмӣ мекунанд, норӯшан боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG