Дар яке аз меҳмонсароҳои шаҳри Маскав ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ба онҳо дастур додаанд, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистонро қабул накунанд ва ҷойи хоб надиҳанд.
Дар меҳмонсарои хурд бо номи “2hostel2” дар пойтахти Русия ба хабарнигорон гуфтаанд, ки мақомоти милисаи Маскав аз онҳо чунин дархости шифоҳӣ кардааст ва онҳо ночор ин дастурро иҷро мекунанд.
Хабарнигори бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми декабр ба телефони меҳмонсаро занг сабабҳои роҳ надодани шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистонро пурсид ва аз меҳмондор чунин посух гирифт:
“Меҳмонсарои мо ҳол шаҳрвандони Узбекистону Тоҷикистонро қабул намекунад”.
Ин нозири милиса эҳтимолан узбеку тоҷикҳоро дӯст намедорад
Меҳмондор ба хабарнигори Радиои Озодӣ тавсия дод, ки дар меҳмонхонаҳои дигар ҷой пайдо кунад. Раиси меҳмонхона, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “ин қоидаро онҳо худашон насохтаанд”.
Пештар аз муроҷиати хабарнигори Радиои Озодӣ, яке аз расонаҳои интернетии Русия бо номи “Ридус” навишт, ки роҳ надодани муҳоҷирони тоҷику узбек ба меҳмонхона бо амри шифоҳии нозири маҳалии милиса сурат гирифтааст.
Нашрияи интернетӣ менависад, дар меҳмонсарои “2hostel2” ба онҳо гуфтаанд, ки сабаб печидагии сабти номи шаҳрвандони ду кишвар аст. Мудири меҳмонхона гуфтааст, “Сабаб сабти номи меҳмон аст. Агар онҳоро барои як рӯз ҳам ҷойгир кунем, бояд сабти расмӣ шаванд, вале барои ин кор се рӯз лозим аст. Ҳатто агар чаҳор рӯз зиндагӣ кунанд ва раванд, сабти иқоматашон ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад.”
Намояндаи меҳмонхона гуфтааст, ки агар “тоҷикону узбекҳоро қабул кунем, моро нозири минтақавии милиса безор мекунад.”
"Муҳоҷирон беморӣ ва ҳашарот паҳн мекунанд"
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, амалкарди меҳмонхонаи “2hostel2” мухолифи қонунҳои Русия аст ва табъизи қавмӣ ба ҳисоб меравад. Неъматҷон Мамадҷонов, яке аз ин ҳомиёни ҳуқуқ аз Узбекистон ба Радиои Озодӣ гуфт, агар дар воқеъ чунин ҳолат пеш омада бошад, онҳо метавонанд, ба додситонӣ муроҷиат кунанд.
“Ин як нақзи дағали ҳуқуқи шаҳрвандон аст ва набояд ҷой дошта бошад. Ҳатто нозири минтақавии милиса ҳам чунин амре дода наметавонад, зеро пагонҳояшро мекананд” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Валентина Чупик, ҳуқуқдон ва яке дигар аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, табъизу миллатгароӣ дар ниҳодҳои гуногун аз ҷумла давлатии Русия ҷой дорад. Ба қавли ӯ, мумкин аст, ки маъмурияти меҳмонхона дастури нозири минтақавии милисаро иҷро карда бошад .
“Эҳтимолан амалкарди “2hostel2” ба сабаби ташаббуси худи нозир, ки нажодпараст ва фашист аст, сурат гирифта бошад. Масалан нозирони ноҳияи Таганский фақат қирғизҳоро дастгир мекунанд. Сабабаш ҳам маълум нест. Ин нозири милиса эҳтимолан узбеку тоҷикҳоро дӯст намедорад ” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Ба қавли Валентина Чупик, баъзан чунин суҳбатҳоро мешунаванд, ки “муҳоҷирони узбеку тоҷик, беморӣ ва ҳашарот паҳн мекунанд”. Ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, барои аз байн бурдани ин қонуншиканӣ ба додситонӣ бояд муроҷиат кунанд, вагарна чунин таҷриба дар дигар меҳмонхонаҳои Русия ҳам роиҷ мешавад.
Дар Русия бештар аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик ва тақрибан 5 миллион нафар аз муҳоҷирони узбекистонӣ кору иқомат мекунанд. Азбаски муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳам зиёд аст, бисёре аз онҳо маҷбуранд ба бадратфории маъмурони милиса ва нақзи ҳуқуқи худро таҳаммул кунанд.
Агар муҳоҷир ҳастед ва дар Русия бо шумо ҳам чунин ҳодиса рух дод, лутфан дар зери ин мақола ва ё ба телефони мо бинависед. Тавассути Вайбер, Вотсапп, ИМО ва ё Телеграм.
Шумораи мо ин аст + 420 724 053 959