Мушкили муҳоҷирони корӣ дар Русия чизи нав нест. Аммо як гузориши таҳқиқотии телевизиони “Настоящее время” аз шаҳри Маскав нишон медиҳад, ки натанҳо муҳоҷирон, балки фарзандони онҳо низ дар мактабҳои Русия худро бегона эҳсос мекунанд.
- Ба пиндори Маскавиҳои бумӣ, фарзандони муҳоҷирон забони русиро хуб намедонанд ва аз ин рӯ онҳо намехоҳанд кӯдаконаш якҷо дарс хонанд. Решаи мушкил аз куҷост?
Ӯро бо Ҳайдар ном писаре дар як миз шинонданд. Вай умуман русиро намедонад ва гапи духтарамро намефаҳмад. Духтари ман ҳам забони ӯро намедонад, чӣ тавр онҳо якҷо мешинанд?
"Тоҷики Маскавӣ"
Рустам Ҳалимов, шаҳрванди Тоҷикистон, нуҳ сол пеш ҳамроҳи хонаводааш ба Русия кӯчид. Он замон писараш – Қосим – думоҳа буд. Ҳоло ӯ дар синфи севум мехонад. Соли гузашта аз фанни математика ғолиби озмун шуд ва моҳе пеш ба эҷоди шеър бо забони русӣ оғоз кард.
Ҳалимов писарашро бо номи "Тоҷики Маскавӣ" садо мекунад. "Ӯ тоҷикиро мефаҳмад, вале хуб суҳбат карда наметавонад. Кӯшиш мекунам, ки дар хона бо забони модарӣ гап занем", - нақл кард ӯ дар суҳбат бо телевизиони "Настоящее время".
Қосим Ҳалимов дар як мактаби одии Маскав таҳсил мекунад. Дар синфи ӯ кӯдакони дигаре ҳам ҳастанд, ки ҳамроҳи волидони муҳоҷирашон ба Маскав рафтаанд. Падари Қосим мегӯяд, ӯ дар дарсҳо фаъол аст, вале кӯдакони муҳоҷирони дигар аз дарс ақиб мемондаанд.
"Нисфи фарзандони муҳоҷирон русиро намедонанд"
"Дар синфи онҳо чаҳор хонандаи дигар аз хонаводаи муҳоҷирон аст. Ду нафар аз Тоҷикистон ва ду нафар аз Узбекистон. Таҳсили чаҳор нафар чандон хуб нест. Ба волидони онҳо машварат доданд, ки барои фарзандонашон муаллими иловагӣ бигиранд. Вале ман аз писари худам ифтихор мекунам, чун таҳсили ӯ хуб аст", - афзуд ӯ.
Қосим дар шаҳри Маскав ба воя расидааст ва мушкиле надорад, вале ҳоли кӯдакони муҳоҷире, ки тоза ба Маскав омадаанд, аз ӯ фарқ мекунад.
Оксана Пашина, сокини Маскав, имсол духтарашро ба синфи якум бурд. Ба қавли ӯ, аз се як ҳиссаи ҳамсинфони духтараш фарзандони муҳоҷиронанд. Нисфи онҳо ҳам, ба гуфтаи ӯ, бо забони русӣ суҳбат намекунанд.
Аз кишварҳои гуногун, дар гуруҳҳои гуногун
Пашина мегӯяд, "дар рӯзи аввали дарс маълум шуд, ки духтари ман суҳбатро зиёд дӯст медорад. Ӯро бо Ҳайдар ном писаре дар як миз шинонданд. Вай умуман русиро намедонад ва гапи духтарамро намефаҳмад. Духтари ман ҳам забони ӯро намедонад, чӣ тавр онҳо якҷо мешинанд?”
Ба гуфтаи Оксана Пашина, ҳамоиши фарзандони муҳоҷирон, ки маҳз ба ҳамин хотир синфҳои омехта таъсис дода шуд, дар асл таҷрибаи номуваффақ аст. Зеро омӯзгорон маҷбуранд, вақти бештари худро ба таълими кӯдакони муҳоҷир сарф кунанд. Барои хонандаҳои дигар вақти онҳо хеле кам мемонад.
Аз сӯйи дигар Оксана Пашина мегӯяд, кӯдакони маҳаллӣ ва муҳоҷир байни ҳам муошират намекунанд.
"Онҳо фақат байни худ суҳбат мекунанд. Масалан, агар кӯдакон аз як миллатанд, бо ҳам муошират мекунанд. Дар инҷо кӯдакон аз кишварҳои мухталиф зиёданд ва дар ниҳоят онҳо ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд ва ба далели забони муштарак бо ҳам дӯстӣ мекунанд", - мегӯяд ӯ.
"Се хонандаро аз матаб гирифтанд"
Дар мактабе, ки духтари Оксана – Яна таҳсил мекунад, ба хонандагон дарси иловагии забони русӣ дода намешавад. Духтари ӯ мегӯяд, кӯшиш мекунад ба кӯдакон дар омӯзиши ин забон ёрӣ кунад.
"Ман мегуям, ки манту не, “манты” гуфтан даркор. Миллион бор такрор мекунам. Вале ин корро на ман, балки бояд ягон муаллим иҷро кунад. Онҳоро бояд аз ҳамин хурдсолӣ омӯзонад”, - афзуд ӯ.
Бархе аз волидони кӯдакони рус, бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил, яъне таҳсили фарзандони муҳоҷирон, бачаҳои худро ба мактабҳои дигар мебаранд. Ба гуфтаи Оксана Пашина, аз мактаби духтари ӯ якбора се хонандаро гирифтанд.
Писари Рустам Ҳалимов – Қосим, баръакс фақат бо маскавиҳо суҳбат мекунад. Вақте падараш ӯро дар таътил ба Тоҷикистон фиристод, ӯ инҷо зиёд намонд. Пас аз 10 рӯз Қосим аз волидонаш хост, ӯро ба хонаашон Маскав баргардонанд.