Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ба Русия бармегардам, чун чораи дигар надорам” (ВИДЕО)


“Боз ба Русия меравем,”-мегӯянд сокинон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Посухи баъзе аз муҳоҷирони собиқ дар кӯчаҳои Душанбе ба ин суол ки оё имсол ҳам ба Русия мераванд?

Бисёре аз иштирокдорони назарпурсии торнамои Озодӣ гуфтаанд, барои ҷустуҷӯи кор дубора ба Русия хоҳанд рафт, чун илоҷи дигар надоранд. Танҳо 17 дарсади онҳо тасмим доранд, ки ба Русия нараванд.

Аксар иштирокдорони як назарсанҷӣ дар торнамои Радиои Озодӣ гуфтаанд, барои ҷустуҷӯи кор ва дарёфти рисқу рӯзии худу фарзандон дубора роҳи Русияро пеш хоҳанд гирифт, чун илоҷу алтернативаи дигар надоранд. Дар ин назарсанҷӣ, ки тӯли як ҳафта идома дошт, беш аз 1 500 нафар иштирок карда, ҳудуди 31 дарсадашон бозгашт ба Русияро ногузир хондаанд.

Агар ҳудуди 30 дарсад гуфтаанд, аслан ба Русия нарафтаву дар ин бора ҳарф задан намехоҳанд, 17 дарсади дигар тасмим гирифтаанд, имсол ба Русия нараванд, чун, ба гуфтаи онҳо, дар он ҷо шароити кору зиндагӣ сахттар шудааст. Тақрибан 12 дарсад аз 1 500 назардиҳанда пеши худ мақсад гузоштаанд, аслан ба Русия нахоҳанд рафт ва тақрибан даҳ дарсад ҳанӯз тасмиме нагирифтаанд.

14 посух ба 14 суоли муҳоҷирон дар бораи қонунҳои нави Русия

Рӯзи 10 январи соли ҷорӣ дар Русия қонуни нави муҳоҷирати ин кишвар эътибор пайдо кард, ки бар асоси он ба ҷуз аз шаҳрвандони Қазоқистону Беларус ва Арманистон сокинони ҳар кишвари дигар баъд аз вуруд ба қаламрави Русия бояд дар давоми як моҳ ҳуҷҷатҳояшонро барои дарёфти патент супоранд. Агар дар ин муддат натавонад патент бигиранд, таҳияи ҳуҷҷатҳояшонро давом медиҳанд, вале бояд барои ин таъхир аз 10 то 15 ҳазор рубли дигар ҷарима пардохт кунанд.

Ба ҷуз ин, танҳо шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд бо шиносномаҳои дохилии худ вориди Русия шаванд. Шаҳрвандони ҳар кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистон низ бояд бо шиносномаҳои хориҷӣ дохили Русия шаванд ва ҳам барои оғози кор бояд патент бигиранд.

Ин қонуни нави муҳоҷирати Русия шароити кору зиндагӣ барои тоҷикон дар он кишварро сахттар кардааст. Аз як тарафи дигар қурби рубли русӣ дар баробари доллар хеле ночиз шуда, ба ҷайби муҳоҷирон, ки таъминкунандагони аслии хонаводаашон дар Тоҷикистон буд, низ зарба задааст. Расонаҳои русӣ мегӯянд, ҳоло бозгашти муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон афзуда, баъзе аз бахшҳои хоҷагидории ин кишварро ба мушкил рӯбарӯ кардааст.

Бар асоси иттилои расмӣ ҳоло наздик ба як миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ки бархеи онҳо шаҳрвандии Русияро ҳам дарёфт кардаанд, дар ин кишвар машғули кору зиндагиянд. Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ҳафтаи гузашта эълон кард, ки ҳоло дар қаламрави ин кишвар 999 ҳазору 132 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доранд. Ба иттилои масъулони ин ниҳод, аз ин теъдод 182 ҳазору 262 нафарашон зан будаанд. Онҳо мегӯянд, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар дар муқоиса ба моҳи июни соли гузашта 15 дарсад камтар шудааст.

XS
SM
MD
LG