Баъд аз нашри матлаби Радиои Озодӣ дар бораи зиндагии мушкил ва тоқатфарсои як хонаводаи рустабор дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон мақомот дар маҷмӯъ ба маблағи 1200 сомонӣ ба онҳо ёрӣ расондаанд. Раҳматулло Сафарзода, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Хуросон, 21 январ бо Радиои Озодӣ занг зада, гуфт, ин кумаки аввалияи онҳо буда, баъдан низ дасти мадади худро ба хонаводаи Елена Чиркайкина дароз хоҳанд кард.
Оқои Сафарзода афзуд, мақомот ба хонаводаи Чиркайкина, ки аз даҳ нафар иборат аст, бо дастури Давлатшо Гулаҳмадзода – раиси вилояти Хатлон 2 халта орд, 20 кило биринҷ, сабзиву равған ва шакар харида, ба дасташон чорсад сомонии дигар низ додаанд. Иҷрокунандаи раиси ноҳияи Хуросон гуфт, шахсан ба хонаи ин афроди дармонда рафта, бо шароити зиндагияшон аз наздик ошно шудааст. Вай барои нашри ин матлаб аз Радиои Озодӣ ҳам ташаккур кард.
Торнамои Радиои Озодӣ рӯзи 20 январ матлаберо бо аксу видео дар бораи зиндагии мушкили хонаводаи Елена Чиркайкина нашр кард, ки дар пайи омадани сели баҳори соли гузашта дар Хуросон зиён дидаанд. Ин хонавода аз даҳ нафар иборат буда, ҳоло ҷои коре надоранд ва мегӯянд, намедонад аз кадом ҳисоб зиндагиияшонро пеш бубаранд. Падари ин хонавода 19 соли қабл фавтида ва фарзандон ба далели маъмулоти олӣ надоштан ҳанӯз барои худ кори муносибе пайдо накардаанд.
Онҳо мегӯянд, қаблан барои ҷамъоварии сангу сангкафонӣ машғул буданд, вале дигар ин тиҷорати хурд аз дасташон рафтааст.
Елена Чиркайкина фарзанди хонаводаест, ки дар оғози асри гузашта барои бунёди нерӯгоҳи Норак ба Тоҷикистон даъват шуданд. Онҳо дар Норак муқимӣ шуданд. Елена баъди издивоҷ бо ҳамсараш ба вилояти Қӯрғонтеппа кӯч баст. “Ман як умр дар Тоҷикистон зиндагӣ кардам, дар санг кор мекардем, вале ҳоло бекор ҳастем ва зиндагиямон вазнин аст. Мо зиндагӣ надорем, танҳо арзи ҳастӣ дорем, чун шароитамон вазнин аст,”-мегӯяд ӯ.
Ивани 23-сола, писари калонии ин хонаводаи рустабор, мисли садҳо ҷавони тоҷик мушкили муҳоҷиратро дар шаҳри Магнитогорски Русия дида, баъди 8 моҳ ба Меҳнатобод баргаштааст. Ӯ мегӯяд, “кор мекардам, барои хонаводаам пул равон мекардам, вале ҳуҷҷатҳоро тайёр карда натавонистам. Баъд ба хона баргаштам. Охир, шаҳри худам нест он ҷо. Ҳозир мехоҳам, ба муҳоҷират равам, вале пул надорам.”
Деҳаи Меҳнатободи ҷамоати “Обикиик”-и ноҳияи Хуросон аз маркази ноҳия 20 километр ва аз шаҳри Қӯрғонтеппа 12 километр дур ҷойгир шудааст, ки 130 хонавода зиндагӣ мекунад. Дар он ҷо 5 хонаводаи рус, ки ҳудудан аз 25 нафар иборат аст, низ ба сар мебаранд.