Аз аввали Соли Нави милодии 2015 аз рӯзе, ки қонуни нави Русия дар бораи ҷорӣ шудани патент барои муҳоҷирони кории хориҷӣ ва иҷозаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бо шиносномаҳои хориҷӣ эътибор пайдо кард, бисёре аз муҳоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Русия ба Радиои Озодӣ муроҷиат ва дар бораи душвориҳои пешомада суол мекунанд. Онҳо аз Радиои Озодӣ хостаанд, ки барои гирифтани ҷавоб ба суолҳояшон ба онҳо кӯмак расонем.
Масалан, гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик 6 январ телефонӣ муроҷиат карданд ва пурсиданд, ки онҳо соли 2014 иҷозаи кор гирифтаанд, вале патент надоранд, шиноснома ё паспорташон ҳам хориҷӣ нест, балки паспорти дохилии Тоҷикистон доранд. Онҳо чӣ кор бояд кунанд?
Чунин суолҳо хеле зиёданд ва ҳатто муҳоҷирон мепурсанд, ки онҳо ба ҷуз аз шаҳри Маскав дар кадом шаҳрҳои Русия метавонанд паспорт (шиноснома)-и хориҷии Тоҷикистонро гиранд? Нархи аслии ин шиносномаҳо чанд пул аст, барои гирифтани шиноснома кадом ҳуҷҷатҳо заруранд ё барои гирифтани патент кадом ҳуҷҷатҳо заруранд ва онро дар куҷо мегиранд?
Радиои Озодӣ барои гирифтани ҷавоб ба ин суолҳо ва суолҳои дигари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кард. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар ҷавоб ба дархости Радиои Озодӣ ризоят дод, ки якҷо бо намояндагии вазорати шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ба ин суолҳо посух диҳанд. Ба ин суолҳо Муҳаммади Эгамзод - сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Иброҳими Аҳмад - сухангӯи намояндагии вазорати шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав посух медиҳанд.
Озодӣ: Ба ҷуз аз консулгарии Тоҷикистон дар Маскав дар кадом шаҳрҳои дигари Русия шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд шиносномаи хориҷии (биометрии) кишвари худро бигиранд?
Ҷавоби Муҳаммади Эгамзод: Ононе ки нияти сафар ба Федератсияи Русияро доранд, аз 1 январи соли 2015 вуруд, иқомат ва гузашти транзитӣ аз қаламрави Федератсияи Русия танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ сурат мегирад. Инчунин шахсони ноболиғ, ки ҳамроҳи волидайн ва намояндагони қонунии хеш ба Русия сафар доранд, бояд шиносномаҳои хориҷӣ дошта бошанд.
Тибқи ёддошти расмии вазорати корҳои хориҷии Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то 1 январи соли 2015 ба қаламрави Федератсияи Русия бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (шиносномаи дохилӣ) ворид шудаанд, ҳуқуқҳояшон барои муроҷиат ба мақомоти минтақавии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ё тамдид намудани будубоши қонуниашон маҳдуд карда намешаванд. Барои чунин категорияи шаҳрвандон тарк кардани қаламрави Русия ба сабаби надоштани шиносномаи хориҷӣ пешбинӣ нашудааст.
Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Русия бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон (шиносномаи миллӣ) қарор доранд, метавонанд барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоянд:
1) Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия, шаҳри Москва, паскӯчаи Скатертный 19;
2) Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа, кӯчаи Цюрупы 149;
3) Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, кӯчаи Гражданская д. 2 литер “А”;
4) Нуқтаи маълумотҷамкунӣ дар шаҳри Санкт-Петербург, гузаргоҳи Фонарный, хонаи 3;
5) Нуқтаи маълумотҷамъкунӣ дар шаҳри Краснодар, кӯчаи 40-лет Победы 94.
Озодӣ: Шиносномаи биометрии Тоҷикистон чанд пул аст?
Ҷавоби Муҳаммади Эгамзод: Ба таври расмӣ дар ҳар кишвари хориҷӣ, аз ҷумла дар Русия 100 доллар нарх дорад ва дар Русия 800 рубли дигари русӣ низ барои хидмат дар нуқтаҳои номбурдашуда мегиранд.
Суоли Ҷамшед аз Маскав:
03.01.2015 07:24
Салом аллейкум ба кормандони Радио Озодӣ, ба шумо як савол дорам. Ман мохи майи соли 2014 бо шиносномаи сурх, яъне точикӣ ба Маскав омадам, патент харидам, ҳуҷҷчатҳоям ҳамааш хуб, лекин загранпаспорт надорам, хуҷҷчатҳоям моҳи май тамом мешавад, маро депортация намекунанд?
Ҷавоби Иброҳими Аҳмад: Хуҷҷчатҳои вобаста ба фаъолияти корӣ, аз чумла ичозатномаи кор ва патент, ки дар соли 2014 ба расмият дароварда шудаанд, то анчоми мӯҳлаташон дар соли 2015 эътибори қонунӣ доранд. Масалан, агар шаҳрванди хориҷӣ, бигирем Шумо, моҳи майи соли 2014 патент гирифта бошад, он то мӯҳлати анҷомаш, яъне то майи соли 2015 эътибор дорад ва маблағи андози ҳармоҳааш низ мисли пештара 1216 рубли русӣ боқӣи мемонад.
Ҳамчунин, ичозатномаи корӣ (разрешение на работу), ки дар соли 2014 ба мӯҳлати 1, 2 ё 3 сол ба расмият дароварда шуда бошад, он то мӯҳлати анҷомаш, яъне дар солхои оянда низ эътибор дорад.
Дар ин ҳолатҳо шиносномаи дохилии умумишаҳрвандӣ низ то мӯҳлати анҷоми ҳуҷҷатхои барои кор гирифта шуда (патент ва ё ичозатномаи кор) истифода бурда мешавад. Аммо, агар дар ин ҳолат шаҳрвандон бо шиносномаи дохилии умумишахрвандии худ Русияро тарк намоянд, дар он сурат лозим меояд, ки дубора ба Русия бо шиносномаи хориҷӣ ворид гарданд ва дар асоси тартиботи нав фаъолияти кориашонро ҳуҷҷатгузорӣ намояд.
Суоли муҳоҷир:
02.01.2015 19:39
Оё рост аст, шахсоне ки дорои маълумоти олиянд аз супоридани имтихони забон озоданд?
Ҷавоби Иброҳими Аҳмад: Не. Танхо ду категория шахрвандони хориҷӣи аз супоридани имтихони забони русӣ, таърихи Русия ва асосхои хукукии Федератсяи Русия озоданд: 1. Шахсоне, ки мактаби миёна ва ё муассисаи олии та ълимиро дар худуди собик Иттиходи Шуравӣ (СССР) то соли 1991 хатм кардаанд; 2. Шахсоне, ки мактаби миёна ва ё ки муассисаи олии таълимиро (донишгоҳу донишкадаҳоро) аз соли 1991 то ин чониб дар ҳудуди Русия хатм намудаанд.
Суоли муҳоҷир:
03.01.2015 16:16
Салом ба кормандони радиои Озоди Худо нигахбонатон бошад илтимос фахмонед ман документҳоям то моҳи майи 2015 мебошанд. Зарур аст, ки сман дубора ба гранитсаи Қазоқистон рафта ояму аз нав документ кунам?
Ҷавоби Иброҳими Аҳмад: Ин шахс метавонад ба Казокистон ва ё хар кишвари дигари сеюм сафар намуда, дубора вориди Русия шавад, ба шарте шиносномаи хоричии мӯҳлати эътибораш ногузашта дар даст дошта бошад.
Суоли Анвар:
03.01.2015 01:26
Патентам то мохи май срок дорад, ман патентро иваз кунам ё то охири срокаш метавонам кор кунам?
Ҷавоб аз Иброҳими Аҳмад: Метавонед кор кунед. Ҳоҷат ба нав кардани патенти Шумо то моҳи май, яъне то ба охир расидани мӯҳлати эътибораш, мавҷуд нест.
Суоли мухочир аз Маскав:
Ман моҳи ноябари соли 2014 ба Русия омада, патент гирифтам, ҳар моҳ 1216 рубл маблағи патент месупорам. Акнун конунхои нав чори шуд оё ин конунхо ба ман дахл доранд ё не? Ман бо шиносномаи хориҷӣ 10 сола вориди Русия шудам. Аммо хабарҳои навро шунида ғамгин мешавам. Боз як чизи дигар, ман дар шиносномаи точиким ному насабам чунин буд: Ғуломова Таманно Ҳакимовна. Аммо дар шиносномаи нав, ки аз нохяи Фирдавси шахри Душанбе гирифтам, танҳо ному насабам аст, яне Ғуломова Таманно. Намедонам ин аз руи конун аст ё хатоги техникӣ.
Ҷавоби Муҳаммади Эгамзод: Ба кисмати аввали саволи Таманно дар мисоли посух ба Ҷамшед, дар боло ҷавоби муфассал дода шуд. Дар мавриди саволи дуюми Шумо посух ин аст, ки дар шиносномаҳои биометрии хориҷӣ тарзи навишти ному насаби шумо дуруст омадааст. Метавонед кори худро дар Русия идома диҳед.
Суоли муҳоҷир аз Русия:
02.01.2015 11:54
Онхое, ки оилаашон ва фарзандҳяшонро бо худ овардаанд, чӣ мешавад? Занҳо қисми зиёдашон хонанишинанд, агар барои як сол патент гирӣ, ( барои завҷаат) бисёр гарон аст, 4 000рубл дар як мох, (ва боз страховкаву , имтиҳону ким чиҳои дигар) , агар баьди се моҳ хона равон кунӣ, бояд боз се моҳи дигар дар Точикистон бимонанд! Масьала бисёр баҳсталаб ат.
Ҷавоби Иброҳими Аҳмад: Мутаасифона, қонуну тартиботи нави Русия ин нуктаро ба назар нагирифтааст. Бинобар ин, ҳамсаратон низ бояд ё патент бигирад ё ин ки баъди 90 рӯзи омаданаш ба Русия тарки он намояд. Вай фақат баъди 90 рӯзи дигар метавонад дубора ба Русия биёяд. Вале барои фарзандонашон аз ҷои таҳсил ҳуҷҷат мегиранд ва онро дар намояндагиҳои муҳоҷират сабти ном мекунанд.
Суоли муҳоҷир аз Санкт Петербург:
Чаро паспортҳоро бо нархи 20-хазор рублӣ мефурушанд? Мо аз куҷо ин мабалағро пайдо кунем? Порахӯрон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ҷавоби Муҳаммади Эгамзод: Нархи шиноснома дар Москва, Консулгариҳои генералии ҶТ дар Екатеринбург ва Уфа, дафтарҳои Консулҳои фахрӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Краснодар 100 доллари ИМА ва 800 рубли русӣ мукарар гардидааст. Дар ҳолати аз ин нархнома зиёд гирифтани маблағ ва ё суистифода аз мансаб намудани кормандони расмӣ метавонед расман бо ариза дар доираи қонун ба сафорат муроҷиат намоед.
Суоли Радиои Озодӣ: Русия кишвари паҳновар аст. Фақат дар ҳамон 5 нуқта ё шаҳре, ки гуфта шуд, ба муҳоҷирон шиносномаи биометрӣ медиҳанд? Масалан, дар Сибир мардум чӣ кор мекунанд?
Ҷавоби Муҳаммад Эгамзод: Сафорат барои минтақаҳои дурдаст низ чораҳо андешидааст. Ба ин минтақаҳову шаҳрҳо гурӯҳҳои корӣ фиристода мешаванд ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои ба маҳалли иқоматашон наздиктарини шиноснома мегиранд. Ин кор оғоз шудаааст ва давом хоҳад кард. Барои гирифтани шиносномаи биометрӣ онҳо танҳо шиносномаи коршоями дохилии Тоҷикистонро пешниҳод мекунанд. Ҳуҷҷати дигар даркор нест.
Озодӣ: Барои гирифтани патент дар соли 2015 барои як шаҳрванди Тоҷикистон кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?
Ҷавоб аз Иброҳими Аҳмад:
- Корти муҳоҷират, ки дар саҳад дода мешавад.
- Шиносномаи хориҷии Тоҷикистон ва тарҷумаи он, ки нотариус онро тасдиқ кардааст.
- Сертификати имтиҳони забони русӣ, таърих ва қонунҳои Русия.
- Маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемориҳои хавфноки иҷтимоӣ.
Озодӣ: Шаҳрванди Тоҷикистон баъд аз омадан ба Русия бидуни сабти ном ё регистратсия чанд рӯз ҳақи иқомат дорад ва то рӯзи гирифтани патент чанд рӯзи дигар вақт муқаррар шудааст?
Ҷавоби Иброҳими Аҳмад: Аз рӯзи вуруд метавонад бе регистратсия 15 рӯз иқомат кунад. Мӯҳлати гирифтани патент аз рӯзи супурдани ҳуҷҷатҳои номбурдашуда як моҳро дар бар мегирад. Яъне бояд дар ҳамон 15 рӯзи аввал ҳуҷҷатҳоро дуруст кунад ва барои гирифтани патент супорад. Патентро Хадамоти муҳоҷиратии Русия ва намояндагиҳои он дар маҳалҳо медиҳанд.
Суоли Аъзам аз Маскав:
03.01.2015 01:40
Мохи сентябр барои ивази шаходатномаи ронандаги ба ГИБДД и ш. Подолск мурочиат кардам-гуфтанд,ки шаходатномаат кӯҳна аст бояд нав кунӣи! Ба Точикистон рафта шаходатномаи нави пластикй гирифтам.Ин дафъа гуфтанд ки шаҳодатномаи Точикистон кадом як коди компутерӣ надорад бинобар ин Ковенсияи байналмилали онро кабул накардааст. Яъне бояд аз нав таҳсил кунеду шаҳоданомаи Русияро гиред. Хамин масъаларо рушанӣ меандохтед. Ташаккур!
Ҷавоби Иброҳими Аҳмад: Тибки конуни федералии аз 9 майи соли 2014 дар худуди Русия бояд эътибори шаходатномахои ронандагии миллии кишвархои хоричӣ манъ мешуд. Аммо бо пешниходи Президенти Русия қабули қонуни мазкур то 1 июни соли 2015 мавқуф гузошта шуд. Хамин тарик, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, ки то 01 июни соли 2015 бо шаҳодатномаҳои ронандагии миллии кишвари хеш дар Русия фаъолият намоянд. Баъд аз он бояд шаҳодатномаи ронандагии Русия ё байналмиллалӣ бигиранд.
Озодӣ: 2-юми январи соли 2015 раиси ҷумҳури Русия фармоне содир кард, ки бар асоси он хидмати хориҷиён дар артиши Русияро муайян мекунад. Дар ин фармон омадааст: “ҳарбиёне, ки шаҳрвандони хориҷианд, имкон доранд дар вазъияти ҷангӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ, мутобиқ ба тартиби муқарраркардаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунҳои Русия ба хидмат дар артиш ҷалб шаванд.”
Чун шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зиёданд, оё ин фармон ба шаҳрвандони Тоҷикистон низ дахл дорад? Онҳо таҳти чӣ шароите хидмат мекунанд? Оё ба онҳо маош ё дастмузд таин мекунанд ва он тақрибан чӣ қадр хоҳад буд?
Ҷавоби Муҳаммади Эгамзод: Қонуни хидмати хориҷиён ё легиони хориҷӣ дар артиши Русия қонуни нав аст. Барои ҳамин ин қонун бояд мавриди омӯзиши ҷониби Тоҷикистон низ қарор бигирад. Мавқеи кишвари мо дар бораи паҳлӯҳои ҳуқуқии хидмати шаҳрвандони Тоҷикистон дар артиши Русия баъд аз омӯзиш ироа хоҳад шуд.