Наздикони Ҳумайро Мирова, сухангӯи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки аз ӯ ҳамсари дувуми фармондеҳи пешини ОМОН Гулмурод Ҳалимов ном бурда мешавад ва бинобар иттилои дарёфтӣ бо чаҳор фарзандаш ба Сурия рафтааст, аз мақомоти тоҷик дархост доранд, ки ҳар куҷо бошад, ӯро пайдо намоянд ва ба Тоҷикистон баргардонанд.
Рисолат Ашӯрова, модари Ҳумайро Мирова рӯзи 28-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки духтарашро бори ахир дар авоили моҳи ҷорӣ дида буд. Ҳумайро, ки дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ мекардааст, он замон ба аёдати наздиконаш ба деҳаи Муллоёни ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод рафта ва бо онҳо худоҳофизӣ намудааст. Вай ба наздиконаш гуфтаааст, ки барои истироҳат ба як осоишгоҳ меравад ва то он даме, ки худаш тамос нагирад, касе ба ӯ занг назанад.
Ба гуфтаи Рисолат Ашӯрова, як ҳафта баъд аз ин, кормандони вазорати умури дохилӣ барои бозпурсӣ ба манзили онҳо рафтанд ва хонаводаашон танҳо ҳамон замон иттилоъ ёфтанд, ки Ҳумайро бо чаҳор фарзандаш марзи Тоҷикистонро убур кардааст.
Рисолат Ашӯрова бовар надорад, ки духтараш ба Сурия рафтааст, аммо мегӯяд, ки агар чунин иттифоқе ҳам сурат гирифта бошад, ӯ зери фишор ба ин роҳ рафтааст. Зеро ба гуфтаи вай, пас аз пайвастани шавҳараш Гулмурод Ҳалимов ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”, Ҳумайро аз сӯи атрофиён зери фишори зиёди равонӣ қарор дошт.
Ба гуфтаи Рисолат Ашӯрова, ба дунбол писараш Шоҳназарро мақомот барои бозпурсӣ бурданд ва як ҳафта нигоҳ доштанд ва дар ҳоли ҳозир ҳам ду нафар аз хоҳар ва бародарзодаҳои Ҳумайро, ки яке корманди ОМОН будааст ва Ҳумайроро то марз ҳамроҳӣ кардаанд, дар боздошт қарор доранд.
Шоҳназар Миров, бародари Ҳумайро Мирова, ки рӯзе қабл пас аз як ҳафтаи бозпурсии мақомот озод шудааст, мегӯяд, кормандони ВКД фикр доштанд, ман аз ин қазия огоҳам ё шояд чизеро медонам. Аммо вақте санҷиданд ва диданд, ки рабте ба ин ҳодиса надорам, ҷавобам доданд. “Ҳам муфаттишони амният ва ҳам аз вазорати дохилаву Додситонии кулл пурсуҷӯ карданд. Мегуфтанд, Ҳумайро куҷо рафтааст? Чӣ кор мекунаду чӣ мақсад дорад? Чаро ӯро нигоҳ ё назорат накардем? Охир ӯ як зани мустақил аст. 40 сол дорад, чӣ гуна ман ӯро бояд назорат кунам? Аз ҷониби дигар, ӯ корманди мақомот буд. Ҳамеша дар сафарҳо буд. Мо наметавонем аз ӯ пурсем, ки куҷо ва барои чӣ меравӣ?”
Ба гуфтаи Шоҳназар Миров, ду ҷиянаш дар ҳоли ҳозир дар боздошт қарор доранд ва ба бовари мақомот, Ҳумайроро ҳангоми хориҷ шуданаш аз Тоҷикистон, то марз ҳамроҳӣ кардаанд: “Мегуфтанд, ки ҷиянҳоямро ба СИЗО мебаранд. Аммо намедонем бурда бошанд ё на. Маро иҷоза надоданд, ки як бор ҳамроҳашон рӯ ба рӯ шаваму асли қазияро пурсам. Фаҳмам, ки Ҳумайроро куҷо бурданд ва ӯ чӣ гуфтааст?”
Ҳумайро Мирова ҳудуди даҳ сол қабл ба Гулмурод Ҳалимов издивоҷ намуда ва ҳосили ин заношӯӣ чаҳор фарзанд -- ду духтар ва ду писар будааст, ки фарзанди аз ҳама бузурги онҳо дар синфи дувум таҳсил мекунад ва аз ҳама хурдӣ 6-7 моҳа будааст.
Хонум Мирова то як соли пеш сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон буда, рутбаи ҳарбии капитан дошт. Ҳатто пас аз фирори Гулмурод Ҳалимов низ ӯ дар Хадамоти гумрук кор мекард ва ба гуфтаи ҳамкоронаш, касе ба ӯ кор надошт. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 26 феврал ба мо гуфтанд, ки наздики ҳашт моҳи пеш Мирова барои таваллуди фарзанд ба рухсатӣ баромада буд ва то ҳол ҳеч иттилоъ аз ӯ дар даст надоранд.
Мақомот мегӯянд, санаи пайвастани Ҳумайро Мирова ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” маълум нест, вале санҷишҳо нишон додааст, ки ҳоло ӯ дар Сурия қарор дорад. Гулмурод Ҳалимов, бино ба хабарҳои дарёфтӣ, гӯё дар Ироқ қарор дорад ва маълум нест, ки бо кадом ҳадаф хонум Мирова ба Сурия рафтааст.
Ҳумайро Мирова ба ҳайси корманди Хадамоти матуботии Вазорати корҳои дохилӣ аз соли 2008 корро шурӯъ кардааст. Ӯ замони кор дар ВКД бо Гулмурод Ҳалимов, ки он замон дар дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН кор мекард, шинос шуда, бо ӯ ҳамчун ҳамсари дувум издивоҷ мекунад.
Гулмурод Ҳалимов, ки 23 апрели соли 2015 нопадид шуда, пас аз як моҳ бо нашри як навори видиоӣ пайвастани худ ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро тасдиқ кард, аз ду ҳамсар 8 фарзанд дорад. Ӯ баъди пайвастанаш ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар пайи ду ҳамлаи ҷудогона маъюб шуда, тибқи итттилои мақомоти вазорати корҳои дохилӣ, ба “Давлати исломӣ” "нодаркор" шудааст ва ҳар моҳ 100 доллар нафақа мегирад.