Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Эрон дар пайи ислоҳи робитаҳо шудаанд? ВИДЕО


Сафари Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар 5 соли пеш.
Сафари Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар 5 соли пеш.

Раиси собиқи яке аз марказҳои муҳими сиёсатгузорӣ дар Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ аломате намебинад, ки раҳбарони Эрон барои беҳбуд дар равобити тира байни ду кишвар қадаме бардоранд.

Худойбердӣ Холиқназар, ки то чанд рӯз пеш раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон буд, дар ин бора рӯзи 8-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат кард.

“Тоҷикистон барои беҳбуди робитаҳо тамоми талошҳоро кард, аммо аз он тараф мо қадами ҷиддиеро намебинем. То ҳол онҳо дархости сафар ба Тоҷикистон ё дархости баргузории музокиротро накардаанд.

Мо зидди беҳбуди робитаҳо нестем. Бигзор акнун эрониҳо тасмим бигиранд” - гуфт ӯ.

Дар нишасти хабарӣ, ки раҳбарони нави марказ низ дар нишаст ҳузур доштанд, Худойбердӣ Холиқназар, Эронро ба бад шудани робитаҳои як замон наздики дуҷониба муттаҳам кард. Ӯ гуфт, баъди онки мақомоти Эрон Муҳиддин Кабирӣ, соли 2016 раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро ба Теҳрон даъват карда ва бо ӯ мулоқот анҷом доданд, “дигар эътимод ба онҳо аз байн рафт.”

Дӯстии деринае, ки якбора ба хусумат табдил шуд

Робитаҳои Тоҷикистону Эрон соли 2015 баъди он сард шуд, ки мақомоти Эрон гуфтанд, Бобаки Занҷонӣ, миллиардери зиндонии эронӣ қисме аз пулҳои худро ба Тоҷикистон бурдааст. Ӯ, ки ба дуздии маблағҳои бузурге гунаҳкор дониста мешавад, дар Тоҷикистон чандин тарҳи бузурги иқтисодӣ амалӣ кардааст. Аз ҷумла истгоҳи муосири автобусҳо дар Душанбе бо пули ширкатҳои ин тоҷири эронӣ сохта шудааст.

Тоҷикистону Эрон дар пайи ислоҳи робитаҳо шудаанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Аммо ин робитаҳо баъди ҳузури раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар як конфронсе дар Эрон комилан ба сардӣ гароид. Тоҷикистон ҳизбро созмони ифротӣ эълон кардааст. Раҳбарони ҳизб мегуянд, ҳеҷ гоҳ ақидаҳои ифротӣ надоштаанд ва ҳадафи манъи фаъолияти онҳо дар соли 2016 фақат аз саҳнаи сиёсӣ канор задани як ҳизби исломӣ ва мухолифи давлат буд.

Баъд аз соли 2017 робитаҳо бо Эрон ба ҳадде тира шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ин кишварро ошкоро ба талош барои барангехтани низоъ ва ҳимоят аз терорризм муттаҳам кард.

Бо вуҷуди ин ҳама ба гуфтаи Худойбердӣ Холиқназар, Тоҷикистону Эрон азм доранд, ки мушкилот дар робитаҳояшонро бартараф кунанд. Ӯ гуфт, ки бовар дорад, имсол тағйире дар равобит пеш биёяд, вале бояд Ҷумҳурии Исломӣ ташаббускор бошад.

“Ду кишвар тасмими ҷиддӣ гирифтаанд, ки куллияи мушкилот дар робитаҳои байни худро бартараф созанд. Ман сад дар сад боварӣ дорам, ки имсол мушкилоте, ки дар муносиботи мо пайдо шуданд, ҳалли худро меёбанд” – гуфт, ӯ.

Айни замон ба гуфтаи ӯ дипломатҳои эронӣ ҳоло талош доранд, ки беҳбуди робитаҳоро нишон бидиҳанд, “аммо ин талошҳо бояд воқеӣ бошанд”.

Парвиз Муҳаммадзода, ки қаблан дар вазорати умури хориҷӣ кор кардааст ва ҳоло муовини раиси Маркази таҳқиқоти стротегӣ аст, изҳори умедворӣ кард, робитаҳо беҳтар шаванд.

"Имсол сафирону ду кишвар иваз карда мешаванд ва робитаҳо марҳила ба марҳила беҳбуд меёбанд. Вазорати хориҷии Тоҷикистон низ ба чунин назар аст", гуфт, Парвиз Муҳаммадзода.

Панҷуми феврал раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Неъматулло Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эронро ба сабаби ба расидан ба синни бознишастагӣ аз мақомаш сабукдӯш кард. Бо гузашти се рӯз фармони таъйини сафири нав эълон нашудааст.

Тағйир осону зуд намешавад

Таҳлилгарон мегӯянд, тағйири робитаҳо ба осониву зуд муяссар намешавад, ҳарчанд баёнияҳои сиёсатгузорони тоҷик “аз пеши худ нест.”

“Аз ивази сафирон сиёсати мақомоти баландпоя тағйир намеёбад. Вале, мутмаинам, ки Худойбердӣ Холиқназар ба унвони роҳбари пешини Маркази таҳқиқоти стратегӣ аз иттилои бештаре бархурдор аст ва ба ин далел барояш имкон доданд, ки дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе сухан кунад”- гуфт Парвиз Муллоҷонов.

Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, дар як соли ахир тавсеаи муносиботи миёни Русия ва Эрон мушоҳида мешавад ва “бо эҳтимоли зиёд чунин тасмими Маскав Душанберо ҳам водор кардааст, бо пайравӣ ба яке аз шарикони асосиаш дар минтақа робитаҳо бо Теҳрон ислоҳ кунад”.

Эрон нахустин кишварест, ки соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафоратхонаи худро дар Душанбе ифтитоҳ кард. Тӯли солҳои истиқлолият Эрон дар Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда” ва нақби “Истиқлол” дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷандро сармоягузорӣ кард.

Соли 2013 ду кишвар ба маблағи 292 миллион доллари амрикоӣ додугирифт карданд. Аммо дар соли 2018 табодули маҳсулот миёни ду кишвар наздики 70 миллион доллар шудааст, ки нисбат ба як соли пеш ҳудуди 35 дарсад камтар будааст. Қаблан ҳафтае ду маротиба ҳавопаймоҳо ба Эрон парвоз мекарданд, ҳоло ҳеҷ хати сайр вуҷуд надорад.

Ҳоло Тоҷикистон бештар бо Арабистони Саудӣ наздик аст, кишваре, ки даҳсолаҳо боз бо Эрон душманӣ дорад ва онро ба ноамн кардани Ховари Миёна муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG