Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди Рӯҳонӣ барои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Эрон


Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, изҳори умед кардааст, ки муносибатҳои Теҳрону Душанбе "рушд ва тақвият хоҳанд ёфт". Ӯ дар як нома ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин бора ишора кардааст.

Нома зоҳиран дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон навишта шудааст. Нусхаи номаро сафорати Эрон дар Душанбе нашр кард.

Бино ба он, Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтааст, "итминон дорам, дар партави талошҳои муштарак, муносиботи дуҷониба дар ҷиҳати таъмини манфиатҳои ду кишвар ва таҳкими амният ва суботи минтақавӣ тавсеа ва тақвият хоҳад ёфт". Ӯ дар охири нома барои раиси ҷумҳури Тоҷикистон саломатӣ ва муваффақият ва барои мардум некӯаҳволиву беҳрӯзӣ орзу кардааст.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан се сол боз марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъ дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва ҳузури раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Тоҷикистон ҳамчунин Эронро дар қатли афроди саршинос дар солҳои навадум, таблиғи мазҳаби шиаи дувоздаҳимома ва сармоягузории ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ муттаҳам кардааст. Теҳрон ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG