Сафорати Эрон дар Душанбе мегӯяд, ки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамлаи хунин ба як паради низомӣ дар Аҳвозро маҳкум кардааст. Дар ҳамлаи рӯзи шанбеи гузашта дар Аҳвози Эрон 25 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин бора расман иттилоъ надодааст. Аммо сафорат дар вебсайташ навишт, ин ҳарфҳоро Рамазон Раҳимзода рӯзи 24-уми сентябр дар мулоқот бо сафири Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ баён кардааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот "вазъияти феълӣ ва роҳҳои густариши равобити дуҷониба, бахусус миёни вазоратҳои дохилӣ дар бахши мубориза бо терорризм ва ифротгароӣ табодули назар шуд".
Ба навиштаи сомонаи сафорати Эрон, Раҳимзода ҳодисаи террористии шаҳри Аҳвозро даҳшатнок номида, "ба зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ дар мубориза бо терорризм ва ифротгароӣ таъкид намудааст".
Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан се сол боз марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъ дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва ҳузури раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.
Тоҷикистон ҳамчунин Эронро дар қатли афроди саршинос дар солҳои навадум, таблиғи мазҳаби шиаи дувоздаҳимома ва сармоягузории ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ муттаҳам кардааст. Теҳрон ин иддаоро рад мекунад.