Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати молия: Маблағгузории "Роғун" идома меёбад


Мақомоти вазорати молияи Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро барои рафъи камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон муҳим арзёбӣ карданд ва гуфтаанд, ки сохтмони он идома меёбад.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аваали вазири молияи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 25 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" барои аз байн будани танқисие, ки мардуми Тоҷикистон дар фасли зимистон вуҷуд дорад, хеле муҳим аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Нуралилев, маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аз ҳисоби ду сарчашма -- яке маблағҳои будҷа ва дигаре аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ таъмин карда мешавад.

Ин аст, ки ба таъкиди ҷаноби Нуралиев, маблағи саҳмияҳои фурӯхташуда 839 миллион сомониро ташкил дод, ки аз зиёда аз 397 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизот истифода шудааст. Аммо ба иттилои муовини аввали вазири молия, аз маблағи як миллирду 340 миллион сомонии будҷа, 397 миллион сомонӣ истифода шудааст.

Ба таъкиди Ҷамолиддин Нуралиев, тибқи ҷадвале, ки бо Бонки Ҷаҳонӣ таҳия шудааст, маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома меёбад.

Ҷамолиддин Нуралиев дар иртибот ба нишасти Алма-Ато дар бораи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ роҷеъ ба нерӯгоҳи "Роғун" гуфт, ки ин машварат хеле хуб гузашт ва намояндагони кишварҳои ҳамсоя ва минтақа фахолона ширкат карданд. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Нуралиев, машварат дар ин робита идома мекунад ва қарор аст, натиҷаҳои ниҳоӣ миёнаҳои моҳи август аз ҷониб Бонки Ҷаҳонӣ эълон шавад. Ба ин далел муовини аввали вазири молия мегӯяд, "ҳанӯз зуд аст, ки дар робита ба тасмими ин машваратҳо чизе бигуем, беҳтар аст то мунтазир бошем."

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун, дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе, бо иқтидори 3600 мегаватт ва тавони тавлиди 13,1 миллиард киловат/соат нирӯи барқ дар як сол ҳанӯз дар поёни солҳои 70 оғоз ёфта, сарбанди 335-метриаш мебоист баландтарин сарбанди дунё мешуд. Вале бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин сохтмон нотамом монда, дар як сели шадиди баҳори соли 1992 нақбҳои обпартои алакай сохташудааш зери лой монда, тақрибан 70 метр сарбанди бунёдшудаашро ҳам сел шуста бурд.

Ҳоло барои сохтани танҳо навбати аввали ин нирӯгоҳ 590 миллион доллар ва барои бунёди пурраш 2,2 миллиард доллар лозим аст, ки худи давлати Тоҷикистон чунин сармояро надорад. Покистон дар соли 1992 бо ҳукумати вақти Тоҷикистон қарордод баста, барои Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд. Вале ин қарордод дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷро нашуд.

Русия ҳам дар соли 1994 бо имзои як созишномаи байнидавлатӣ сохтани Роғунро бар дӯш гирифт, вале ин тавофуқ низ дар рӯи қоғаз монд. Маскав бори дигар дар соли 2004 ба Роғун чашм дӯхт ва ширкати ба Кремл наздики РусАл бо ваъдаи 600 миллион доллар сармоягузорӣ дар Роғун як муддат дастбакор шуд. Вале баҳси РусАл бо мақомоти тоҷик бар сари баландии сарбанд (РусАл тарафдори 280 метр буду Душанбе ба ҳамон 335 метри қаблӣ пойфишорӣ мекард) ва таркиби маҳсулоте ки барои сохтанаш истифода шавад, боис шуд, ки РусАл аз сохтани Роғун даст кашид.

Ҳукумати Тоҷикистон баъди ин ҳама талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи хориҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилонаи ин сохтмони барояш ҳаётан муҳим ибтикор кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаҳову ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале баъди ҳамагӣ се моҳ маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ саҳмияфурӯширо қатъ кунад.

Ба дунбол анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супурданд, ки билохира, баъди 4 сол натоиҷи муқаддамотии ин ташхисҳоро дар маърази муҳокима гузошт.

XS
SM
MD
LG